Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии Узбекистон бори аввал барандаи Ҷоми миллатҳои CAFA шуд


Ҷоми миллатҳои Ассостиатсияи фуболи Осиёи Марказӣ
Ҷоми миллатҳои Ассостиатсияи фуболи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби футболи Узбекистон, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими миллии Эрон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, бори нахуст дар мусобиқоти байналмилалии “Ҷоми миллатҳои Ассостиатсияи фуболи Осиёи Марказӣ” (CAFA Nations Cup) ғолиб гардид.

Бозии ниҳоӣ шаби 8-уми сентябр дар варзишгоҳи нави “Олимпик”-и шаҳри Тошканд сурат гирифт. Аллакай дар дақиқаи 5-ум Ориё Юсуфӣ, ҳимоятгари эронӣ, барои зер кардани моч ё тағояки пойи Аббосбек Файзуллоев, ки ба сӯи дарвоза медавид, корти сурх гирифт.

Сардовари бозии ниҳоӣ Нурзат Абдуқодиров аз Қирғизистон бо кӯмаки видео (VAR) пас аз таҳлили седақиқаӣ бозигари тими миллии Эронро аз майдон ронда, тими меҳмонро дар ақаллият гузошт.

Бо вуҷуди бартарии шумора, узбекҳо натавонистанд дар замони асосӣ гол зананд. Замони асосӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт ва бори панҷум аст, ки бозии миёни Узбекистону Эрон дар замони асосӣ мусовӣ хотима меёбад.

Бозӣ ба замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) гузашт. Дар дақиқаи 109-ум капитан ё сарвони мизбонон Элдор Шомуродов аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ тӯбро ба дарвозаи рақибон ворид карда натавонист. Тӯб аз болои дарвоза гузашт.

Лаҳзаи ҳалкунанда танҳо дар дақиқаи 119-ум фаро расид - ҳимоятгар Муҳаммадқодир Ҳамралиев тӯбро ба ҷаримагоҳи меҳмонон ҳаво дод ва ҳимоятгар Ҳоҷикбар Алиҷонов онро бо зарбаи сар ба дарвоза зада, ба Узбекистон пирӯзӣ овард.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Узбекистон барандаи Ҷоми CAFA Nations 2025 гардид.

Дар маросими супурдани ҷоизаҳо, ки пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Олимпик”-и Тошканд доир шуд, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, раиси FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) Ҷанни Инфантино ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд. Медалҳои тилло ва Ҷоми қаҳрамониро ба футболбозони узбек Шавкат Мирзиёев супурд.

Мусобиқа барои тимҳои миллии Узбекистону Эрон, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми навбатии ҷаҳонӣ роҳхат гирифтаанд, як марҳилаи омодагӣ маҳсуб мешуд.

Бояд гуфт, ки ғалабаи мунтахаби Узбекистон поёни 13 соли бидуни пирӯзӣ дар бозиҳо бо Эрон буд. Ёдовар мешавем, дар нахустин мусобиқоти CAFA дар соли 2023 узбекҳо дар даври ниҳоӣ аз эрониҳо бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буданд.

CAFA Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ буда, мусобиқоти он дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.

Дувумин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” («CAFA Nations Cup 2025») дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Ба гурӯҳи «А» тимҳои миллии Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Умон дохил буданд. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 30-юми август то 5-уми сентябр дар варзишгоҳҳои “Олимпик” ва “Ҷар”-и шаҳри Тошканд баргузор шуданд.

Футболбозони узбек таҳти раҳбарии сармураббӣ Темур Кападзе, мутахассиси 44-солаи маҳаллӣ, нахуст бозиро бо Умон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, дар даври дуюм Туркманистонро бо ҳисоби 2:1 ва дар даври сеюм Қирғизистонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дода буданд.

Умониҳо бошанд, зери раҳбарии сармураббӣ Карлуш Кейроши 72-солаи портуғолӣ, дар бозии дуюмашон Қирғизистон ва дар даври сеюм Туркманистонро бо ҳисоби якхелаи 2:1 мағлуб карданд.

Ба ин тартиб, дар ин гурӯҳ дастаҳои Узбекистону Умон 7-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Узбекистон мақоми аввал ва Умон ҷойи дуюмро соҳиб шуданд.

Ба гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон шомил буданд. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 29-уми август то 4-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуданд.

Тими миллии Эрон, ки дар даври сеюми “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” бозиро бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, ба финали мусобиқот роҳ пайдо кард. Ин аввалин мусовӣ дар рақобатҳо миёни тимҳои миллии Эрону Тоҷикистон ба шумор мерафт. Сар аз соли 1993 дар чаҳор бозии қаблӣ байни ин дастаҳои мунтахаб Эрон пирӯз шуда буд.

Тими миллии Эрон зери раҳбарии сармураббӣ Амир Қалъанавӣ, мутахассиси 61-солаи маҳаллӣ, қаблан дар ҳарду бозиаш Афғонистонро бо ҳисоби 3:1 ва Ҳиндустонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд. Ҳамин тавр, дар ҷадвали гурӯҳи “В” эрониҳо бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб карда, ба финал баромаданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси 54-солаи гурҷӣ, дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи «В» аз тими миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, дар даври дуюм тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда буд.

Футболбозони Ҳиндустону Тоҷикистон чаҳоримтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти он ки Ҳиндустон бар Тоҷикистон пирӯз шудааст, дар ҷадвали гурӯҳи “В” мақоми дуюмро касб намуда, ба ҳаққи ширкат дар бозӣ барои медалҳои биринҷии мусобиқот мушарраф гардид. Мунтахаби Тоҷикистон бошад, дар зинаи сеюм қарор гирифт ва аз идомаи мубориза маҳрум шуд.

Тибқи муқаррароти “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар шакли даврӣ баргузор шуданд. Ғолибони гурӯҳҳо – тимҳои миллии Узбекистону Эрон - дар финал вохӯрданд.

Дастаҳои мунтахаби Умону Ҳиндустон, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро гирифтанд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза бурданд. Бозӣ барои ҷойи сеюм шоми 8-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир шуд.

Замони асосӣ ва изофаи дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Ба голи бозигари умониҳо Ҷамил Ал-Аҳмадӣ дар дақиқаи 55-ум футболбози мунтахаби Ҳиндустон Уданта Сингх дар дақиқаи 80-ум посух дод.

Дақиқаҳои охири дидор хеле пуршиддат гузашт. Дар дақиқаи 90+6 Алӣ Сулаймон Ал-Бусайдӣ, бозигари умониҳо, аз майдон хориҷ шуд. Футболбозони Ҳиндустон ҳарчанд кӯшиш карданд, ҳисоб тағйир наёфт.

Ғолибро силсилазарбаҳои 11-метрӣ муайян кард. Дар иҷрои ин кор бозигарони тими миллии Ҳиндустон маҳорати баланд зоҳир намуда, бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд. Мунтахаби Ҳиндустон зери раҳбарии сармураббӣ Халид Аҳмад Ҷалил, мутахассиси 48-сола аз Кувайт, барандаи медалҳои биринҷии Ҷоми миллатҳои CAFA 2025 гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG