Як хонавода аз ноҳияи Деваштич иддао дорад, ки фарзанди онҳо ба сабаби бепарвоӣ ва саҳлангории табибон фавтидааст.
Нозирони роҳ дар Душанбе Шокир Холдоров, як масъули собиқи бахши дин ва танзими расму ойинҳо дар ҷамоати Чоряккорон дар ноҳияи Рӯдакиро, ки рафтораш дар як масҷид чанд сол пеш сарусадои зиёдеро барангехта буд, бо иттиҳоми ронандагӣ ҳангоми мастӣ боздошт кардаанд.
Додгоҳе дар Дюсcелдорф мурофиаи то куҷо қонунӣ будани ихроҷи фаъоли мадании зиндонии тоҷик Дилмурод Эргашев аз Олмон ба Тоҷикистонро оғоз кардааст. Вакили дифои ӯ тақозо кардааст, ки Эргашев аз Тоҷикистон ба Олмон бозгардонида шавад.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мақомоти шаҳри Хуҷандро масъули хушку пажмурда шудани дарахтони гаронарзиши магнолия медонад.
“Ба Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Дастгоҳи иҷроияи президент ва назди муовини раиси шаҳр рафтам...” Мунаввар Раҳмонова, сокини шаҳри Ваҳдат, иддао дорад, ки мақомот як духтарашро ноодилона ба солҳои дарози зиндон маҳкум карда, дигареро дар боздошт нигоҳ медоранд, вале касе доди ӯро намешунавад.
Тибқи гузоришҳо, охири ҳафтаи гузашта миёни марзбонони тоҷик ва нерӯҳои “Толибон” дар сарҳади вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон тирандозӣ сурат гирифтааст. Шарҳи ҷониби Тоҷикистон дастрас нест.
"Аз сӣ парванда ҳаждаҳтояш нисбат ба кормандони шабакаҳои тақсими барқ аст. 12 парванда нисбат ба шаҳрвандон оғоз карда шуд.” Муҳаммадалӣ Пардазода, намояндаи Додситонии вилояти Суғд, дар оғози моҳи август парвандаҳои марбут ба дуздӣ ва азхудкунии пули барқро дар минтақа чунин баршумурд.
Тоҷикистон, ки аз соли 2015 барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) шитоб надошт, акнун гурӯҳи корӣ таъсис дода, эҳтимоли вуруд ба ин ниҳоди зери нуфузи Русияро арзёбӣ мекунад.
Пас аз танқидҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ иҷрои нақши Абдураҳмони Ҷомиро дар филми “Ахтарон” аз Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси идораи “Тоҷикфилм” гирифта, ба Қурбони Собир додаанд. Ин иттилоъро ду манбаи огоҳ рӯзи 26-уми август ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.
Ёфтҳои бештар