Вакилони Сенати Узбекистон ҳафтаи гузашта бо қабули як қонун, Кодекси ҷиноиро ислоҳ ва ба он тағйирот ворид карда, чунин имконеро барои зиндониён фароҳам овардаанд. Аммо хондани сарсарии китоб кофӣ нест ва зиндонӣ бояд имтиҳон ва нишон бидиҳад, ки онро дуруст хондаву дарк кардааст.
Сабукии муфид барои ҳама маҳбусон пешбинӣ нашудааст ва ин ҳақро танҳ ба зиндониёне додаанд, ки дар ҳукм шарти пеш аз муҳлат озод шуданашон пешбинӣ шудааст. Бар тибқи иттилои расмӣ, айни замон дар зиндонҳои Узбекистон бештар аз 43 ҳазор зиндонӣ нигаҳ дошта мешаванд ва аз миёни онҳо тақрибан 13,5 ҳазор нафар метавонанд аз ин имконият истифода баранду пештар аз мӯҳлати адои ҷазо аз паси панҷара берун оянд.
Бар асоси талаботи санади нав, агар зиндоние як китоби воридшуда ба рӯйхати Маркази маънавиёт ва маърифат дар Узбекистонро бихонад ва дар имтиҳон собит кунад, мӯҳлати ҷазояш 3 рӯз коҳиш дода мешавад. Вале агар сад китоб ҳам бихонад, дар як сол муҳлати ҷазояшро фақат 30 рӯз кӯтоҳтар мекунанд. Маҳбусоне, ки бояд муҳлати пурраи ҷазоро адо кунанд, ё ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд, аз ин имконият истифода бурда наметавонанд.
Вакилони Сенати Узбекистон гуфтаанд, ки ҳадафи ин ташаббуси нодир, ислоҳи ахлоқу рафтори маҳбусон аст. Яке дигар аз сабабҳо ба гуфтаи вакилон ин будааст, ки дар кишвар барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ва фасоду ришвахорӣ ҷазо сахттар шудааст ва ин метавонад дар ояндаи наздик боиси камбуди ҷой дар зиндонҳо гардад.
Тарҳи кӯтоҳ кардани мӯҳлати ҷазо барои зиндониёни китобхон моҳи январи имсол дар палатаи поёнии порлумони Узбекистон қабул шуд. Ҳуқуқшиносони узбек, ин қарори ҳукуматро ҳамчун муносибати инсонпарварона нисбат ба шаҳрвандоне арзёбӣ мекунанд, ки паси панҷара афтодаанд.
Аммо фаъолони маданӣ мегӯянд, ки мумкин аст, иҷрои ин қонун бо фасоду ришвахорӣ олуда шавад ва роҳро барои фасоди бештар дар зиндонҳо боз кунад. Дар шароите, ки дар Узбекистон ҳанӯз аз шиканҷа истифода мешавад ва дар додгоҳҳо коррупсия густариш ёфтааст, бисёриҳо нисбат ба иҷрои дурусти ин қоида шубҳа доранд.
Масъалаи дигар рӯйхати китобҳое мебошад, ки маҳбусон бояд бихонанд. То ҳол чунин рӯйхат пешниҳод нашудааст, вале ба иттилои расмӣ, ба он “адабиёте дохил мешаванд, ки ба ташаккули арзишҳои дурусти маънавӣ ва ахлоқии маҳбусон мусоидат мекунанд.”
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ки дар зиндонҳои Узбекистон будаанд, китобхонаҳои зиндонҳо бисёр фақиранд ва аз китобҳои кӯҳна ва асосан аз адабиёти сиёсие иборатанд, ки хондани онҳо дар саросари кишвар ҳатмӣ шудааст. Аз ҷумла, пештар маҷбур мекарданд, ки китобҳои раиси ҷумҳури собиқ ва марҳум Ислом Каримовро хонанд ва ба гуфтаи фаъолон, ҳоло ҳам рафҳои китобхонаҳои зиндонҳо пур аз чунин китобҳоянд.
Ҳамингуна, қонуни наве, ки ба баъзе маҳбусони китобхон имкони пеш аз муҳлат берун омадан аз зиндонро медиҳад, дар ҳарду палатаи порлумони Узбекистон тасвиб шуд ва акнун мунтазири имзои раиси ҷумҳур аст, то ҳукми иҷро бигирад.
Таҷрибаи кӯтоҳ кардани муҳлати ҷазои маҳбусони китобхон айни ҳол дар Бразилия ва Қазоқистон ҳаст. Ин таҷриба соли 2012 дар зиндонҳои Бразилия оғоз шуд ва барои хондани як китоб аз рӯйхати тасдиқшуда муҳлати ҷазои зиндониро 4 рӯз кӯтоҳ мекунанд. Дар ин ҷо маҳбус имтиҳон намедиҳад, балки танҳо як иншо менависад. Зиндонӣ метавонад бо китобхонӣ дар як сол на бештар аз 48 рӯзи ҳукмашро кӯтоҳ кунад.
Дар Қазоқистон ин таҷриба аз соли 2021 дар зиндонҳои вилояти Қарағанда ба таври озмоишӣ ҷорӣ шудааст. Дар он ҷо ҳам маҳбус бояд китобҳо аз рӯйхати махсусро хонда, мазмуни онро пеши комиссияи махсус шарҳ диҳад ва иншо ҳам нависад. Дар Қазоқистон то ҳол мушаххас накардаанд, ки барои хондани ҳар китоб чанд рӯз аз ҳукми зиндонӣ кӯтоҳ карда мешавад ва онро комиссияи махсус ба таври инфиродӣ муайян мекунад.
Истифодаи ин таҷриба дар Узбекистон дар замонест, ки теъдоди зиндониён дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон сол ба сол зиёд мешавад. Бар асоси гузориши World Prison Brief то моҳи январи соли 2022 дар кишвар 29 ҳазор маҳбус дар зиндонҳо нигаҳдорӣ мешуданд. Аммо мувофиқи омори расмӣ, ки рӯзи 4-уми сентябри имсол дар Сенат эълон карданд, айни замон «аҳолӣ»-и паси панҷара ва муассисаҳои ислоҳӣ аз 43 ҳазор нафар ҳам гузаштааст.