Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Непалро шикаст дод


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Леван Хомерики, мутахассиси 51-солаи гурҷӣ, дар нахустин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни футболбозони то 23-сола тими Непалро бо ҳисоби бузурги 4:0 мағлуб кард.

Ин бозии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “К” шаби чоршанбеи 3-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид.

Бозӣ комилан бо бартарии футболбозони ҷавони тоҷик сурат гирифт.

Муҳаммадалӣ Азизбоев ду гол, Раҳматшо Раҳматзода ва Далер Шарипов якголӣ ба самар расонданд.

Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “К” дастаи мунтахаби ҷавонони Сурия бар тими Филиппин бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, пас аз аз натиҷагирии даври якуми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “К” дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистону Сурия бо сеимтизӣ пешсафанд.

Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва Сурия дар ҷойи дуюм қарор доранд. Тимҳои Филиппину Непал бидуни имтиёз мутаносибан дар зинаҳои сеюму чаҳорум ҷойгир шудаанд.

Бозиҳои гурӯҳи “К” бо иштироки тимҳои ҷавонони Тоҷикистон, Непал, Филиппин ва Сурия дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе то рӯзи 9-уми сентябр идома хоҳанд кард.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дуюми мусобиқот 6-уми сентябр бо Филиппин ва дар даври сеюм 9-уми сентябр бо Сурия рақобат мекунанд.

Ғолибони 11 гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин чаҳор тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё (U-23), ки аз 7-ум то 25-уми январи соли 2026 дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, роҳ меёбанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "К"

ҶДАСТАҲОБҒМБТӯбҳоИ
1.Тоҷикистон11004-03
2.Сурия11002-13
3.Филиппин10011-20
4.Непал10010-40

Даври 2-юм

6-уми сентябр (шанбе)

18:00 - Непал - Сурия

21:00 - Филиппин - Тоҷикистон

Даври 3-юм

9-уми сентябр (сешанбе)

18:00 - Филиппин – Непал

21:00 - Тоҷикистон - Сурия

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG