Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То 45-50 кас дар як синф. Каммактабӣ, мушкили бузурги Тоҷикистон


Дар як синф дар Тоҷикистон бар асоси муқаррарот набояд аз 25 нафар донишомӯз таҳсил кунад.
Дар як синф дар Тоҷикистон бар асоси муқаррарот набояд аз 25 нафар донишомӯз таҳсил кунад.

Бо оғози соли нави таҳсил, мушкили кам будани мактабҳо ва норасоии ҷой, ҳамоно ҳалношуда боқӣ мондааст. Хусусан ин мушкил дар шаҳри Душанбе нисбат ба ҳама манотиқи кишвар ҷиддитар аст.

Ҳатто дар литсейу гимназияҳои давлативу хусусӣ, ки “мактабҳои типи нав” дониста мешаванду бояд шумораи донишомӯзон меъёрӣ бошад, аммо ин меъёр риоят намешавад. Литсейи №4 дар шаҳри Душанбе, яке аз мактабҳои маъруфе аст, ки ҳанӯз нақшаи қабули хонандагонро дар оғози моҳи август комил кардааст, аммо бо оғози дарсҳо ҳанӯз муроҷиати волидону мактабхонҳо кам нашудааст.

“Литсей мо хонандагонро бо имтиҳон қабул мекунад. Литсей барои хонандагони болаёқат аст, яъне хонандагонеро, ки қудрати азхуд кардани барномаҳоро доранд, қабул мекунем. Аммо талабот беҳад бисёр аст”, мегӯяд Шаҳноза Сангинова омӯзгори литсей.

Норасоии ҷойи нишаст ва зиёд будани хонандагон дар синфхонаҳо дар мактабҳои шаҳри Душанбе яке аз мушкилоти ҷиддии бахши маориф дониста мешавад. Низомномаи мактабҳои миёна шумораи ниҳоии хонандагонро дар як синф барои шаҳрҳо 25 донишомӯз муқаррар кардааст. Аммо дар аксари мактабҳои Душанбе ин теъдод аз 30 боло буда ба 40-45 ва бештар аз он низ мерасад. Аз ин мушкилии соҳаи маориф ҳатто раиси ҷумҳур дар суханрониаш бахшида бо оғози соли таҳсил изҳори нигаронӣ кард.

“Мо ҳисобу китоб карда, таҳлил карда баромадем ва ман дар паёмам баён доштам, ба ҳисоби миёна ҳар сол бояд зиёда аз 380 муассисаи таълимӣ бунёд кунем, ки баъдан мо пурра мактаббачаҳоро ба ҷойи нишаст таъмин мекунем”,- ишора кард Эмомалӣ Раҳмон.

Барои рафъи камбуди мактаб дар Тоҷикистон ҳар сол садҳо муассисаи таълимӣ сохтан зарур будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00

Мақомоти Тоҷикистон як далели норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳоро афзоиши босуръати аҳолӣ унвон мекунанд. Аммо ба далели аз таҳсил дур намондани насли наврас иҷборан дар синфхонаҳои шумораи зиёди хонандагонро ҷой медиҳанд. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи август гуфт, ки ҳадди ақал меъёри шумораи хонандагон бояд “дар гимназияву литсейҳо риоя карда шавад”.

“Аз шумора бояд зиёд қабул нашавад. Инҳо фарқкунандаанд. Инро таъмин кунед. Дуруст мегӯянд, вақте шумора зиёд шуд, сифат намешавад”, -изҳори нигаронӣ кард вазири маориф.

Падару модарон низ мегӯянд, зиёд будани шумораи донишомӯзон дар як синф ба сатҳи дониши фарзандонашон асари манфӣ гузоштааст.

“Якумаш ин ки хонанда бисёр, бо ҳамдигар гап мезанад, муаллим вақт намеёбад, ки бо ҳар хонанда алоҳида сӯҳбат кунад, барои ба фикру хаёли кӯдак ворид шудан низ вақт намеёбад. Фикр мекунам, нағз мешуд, мисли давраи мо, ки мактабхон будему дар як синф 20-22 нафар, ҳамин хел шавад, нағз мешавад”, - Дилрабо Каримова, сокини шаҳри Хуҷанд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон омори дақиқи норасоии ҷой дар мактабҳоро расонаӣ намекунад, вале ин ниҳод мегӯяд ба танҳоӣ мушкили норасоии ҷой дар мактабҳоро ҳал карда наметавонад, зеро қонуни маориф ҳалли ин мушкилро ба дӯши ҳукуматҳои маҳаллӣ гузошта шудааст. Дар Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкил соҳибкорон ва сарватмандонро низ ба гунаи нимаиҷборӣ ҷалб мекунанд. Мувофиқи омори расмӣ, солҳои ахир ин қишр 1 435 муассисаи бахши маорифро бо 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ, муодили бештар аз 160 миллион доллар сохтаанд, ки 231 ҳазор ҷойи нишаст доштаанд.

Дар соли 2025 дар Тоҷикистон бунёди 309 мактаб, ки 94 ҳазор ҷойи нишаст доранд, оғоз шудааст, ки 200 мактаб бояд то поёни сол ба баҳрабардорӣ супурда шаванд. Аммо ин теъдод ҳамагӣ 50 дар сади мушкилро ҳал мекунаду халос. Илова бар ин, дар ҳоли ҳозир бинои 254 мактаби ҳамагонӣ дар Тоҷикистон дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба ҷуз ин бинои 351 мактаби дигар ба таъмири бунёдӣ ниёз доранд.

XS
SM
MD
LG