Ҳюман Райтс Вотч рӯзи 3-уми сентябр бо нашри як баёния гуфт, марги фаъолони помирӣ “нигарониҳои амиқ аз муносибати мақомоти тоҷик бо ақаллиятҳои помирӣ”-ро нишон медиҳад. Ҳамаи панҷ нафар баъди моҳи майи соли 2022 пас аз тазоҳуроти олуда ба хун дар Вилояти Бадахшон боздошт ва ба солҳои дарози зиндон маҳкум шуданд. Ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, онҳо бинобар маҳрум шудан аз муолиҷа дар зиндон фавтидаанд ва марги яке аз онҳо дар моҳи феврал танҳо моҳи август ошкор шуд.
Сийнат Султаналиева, пажӯҳишгари Осиёи Марказӣ дар Ҳюман Райтс Вотч дар ин баёния гуфтааст: “Марги панҷ зиндонии помирӣ дар чанд моҳ суолҳои ҷиддиро дар бораи муносибат бо зиндониёни сиёсӣ ва вазъи маҳбасҳо дар Тоҷикистон бармеангезад. Мақомот бояд сабабҳои даргузаштро фавран ва шаффоф таҳқиқ кунанд ва ба хонаводаҳояшон рӯшан шарҳ бидиҳанд.”
Қулмамад Паллаеви 50-сола ва фаъоли маданӣ аз Рӯшон, моҳи январ, Боғшо Имматшоеви 67-сола, яке аз тарафдорони Гурӯҳи 24, дар моҳи феврал, Аслан Гулобови 35-сола аз Хоруғ моҳи июн, Музаффар Давлатмирови 61-сола як рӯҳонии шинохта дар Хоруғ дар моҳи июн ва Эроншо Мамадраҳимови 39-сола моҳи июли имсол дар зиндонҳои кишвар фавтиданд.
Расонаҳои мустақил ва ҷомеаҳои бадахшонӣ гузориш медоданд, ки ин зиндониён ба сабаби нагирифтани муолиҷаи дуруст ҷон додаанд. Масалан, вазъи сиҳатии Боғшо Имматшоев рӯзи 26-уми январ ба сабаби боло рафтани фишори хунаш якбора бад шудааст, вале бо вуҷуди тақозои кӯмаки фаврӣ ба ӯ, ёрии таъҷилӣ чаҳор соат баъд ба кӯмакаш омадааст. Ба ҳамин сабаб ба навиштаи расонаҳо, ӯ сактаи мағзӣ гирифта, ба кома афтода, як моҳ баъд даргузаштааст.
Мақомоти Тоҷикистон ин афродро зиндониёни сиёсӣ намешуморанд ва дар нишастҳои хабарии моҳи гузашта гуфтанд, ки ба ҳамаи зиндониён кӯмаки тиббӣ саривақт расонида мешавад, агарчӣ санҷидани дурустии ҳарфҳои онҳо аз дохили зиндон сахт аст. Ба навиштаи расонаҳои мустақил ва хориҷ аз Тоҷикистон, Эроншо Мамадшоев ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи мудавом дар зиндон ҷон додааст.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳҳои май ва июни 2022 саҳнаи тазоҳурот ва саркӯби мардуми норозӣ буд. Ин ҳодиса рӯзи 16-уми майи соли 2022 ва пас аз он сар шуд, ки гурӯҳе аз ҷавонон барои додхоҳӣ аз маҳаллаи Бархоруғ ба маркази шаҳри Хоруғ равон шуданд. Онҳо аз мақомот талаб карданд, ки куштори Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа ва ду нафари дигарро дар ҷараёни эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ одилона таҳқиқ кунанд. Баъди ин даҳҳо нафар аз фаъолони маданӣ, аз ҷумлаи хабарнигорон аз Бадахшон дастгир ва бо гуноҳҳои терроризм ба зиндон маҳкум шуданд ва то кунун паси панҷара ҳастанд.
Сийнат Султоналиева, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст: “Ба саркӯби мардуми помирӣ бояд фавран поён дода шавад. Ҳукумати Тоҷикистон бояд тамоми помириҳои худсарона боздоштшударо раҳо кунад, тамоми шиканҷаро бас кунад, онҳоро аз табобат маҳрум насозад ва ҳуқуқи фарҳангиву забониашонро барқарор кунад. Ҳукуматҳо ҳам дар баробари ин нақзи бади ҳуқуқи инсон набояд сокит бимонанд.”
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати масоҳат бузургтарин вилояти Тоҷикистон аст. Тақрибан 250 ҳазор аҳолӣ дорад. Аксарият пайрави шохаи исмоилии мазҳаби шиа мебошанд. Бахше аз мардум ба забонҳои маҳаллӣ, ки бо номи "забонҳои помирӣ" шинохта шудааст, гап мезананд.