Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Идомаи ҷанги Исроил ва "Ҳамос" дар ҷануби Ғазза

Артиши Исроил, ки як шаҳри муҳимро дар ҷануби Ғазза муҳосира кардааст, бо ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Ҳамос" дар ҳоли даргирист.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи фаластинии "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Ин яке аз шадидтарин набардҳои Исроил аз оғози ҷанги тақрибан думоҳа аст.

Пештар Исроил дар шимоли Ғазза амалиёти густардаеро анҷом дод, ки дар пайи он қисматҳои зиёди ин минтақа ба вайрона табдил шуда, садҳо ҳазор кас ночор хонаҳои худро тарк карданд.

"Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри имсол ба Исроил ҳамла карда, 1200 нафарро, ки аксари онҳо ғайринизомиён буданд, кушт ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт.

Баъд аз ин, Исроил ҳамлаҳои ҷавобии ҳавоӣ ва заминиро дар навори Ғазза оғоз кард. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 16 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар садамаи маргборе дар Турсунзода 4 нафар ҷон бохтаанд

Дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон рӯзона аз 1 то 2 нафар куштаву маҷруҳ мешаванд.
Дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон рӯзона аз 1 то 2 нафар куштаву маҷруҳ мешаванд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи нақлиётии маргбори дигар хабар додааст, ки дар натиҷаи он чаҳор нафар кушта шудаанд ва панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.  

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи нақлиётии маргбори дигар хабар додааст, ки дар натиҷаи он чаҳор нафар кушта шудаанд ва панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар баёнияи расмии вазорат аз рӯзи 1-уми сентябр омадааст, ки фоҷиа рӯзи 31-уми август дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода рух додааст. Ба қавли вазорат, дар ин рӯз Акмал Сарбаров ронандаи мошини Хундай-Соната ҳангоми ронандагӣ аз ӯҳдаи идораи мошин барнаомадааст, ки ба ду мошини “Опел-Астра” бархӯрдааст. Дар натиҷа чаҳор мусофири як мошин ва сокинони Файзобод, ки се нафарашон як насаб доранду зоҳиран аҳли як хонавода ҳастанд, дар роҳ ба сӯи шифохона ҷон додаанд. Панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва дар шифохона бистарӣ шудаанд. Синну соли онҳое, ки дар садама осеб дидаанд ва ё ҷон додаанд, аз 18 то ба 76 мерасад.

Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад. Танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон 552 нафар ва ё рӯзона аз як то ду кас дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ, ё дар ҷойи ҳодиса ва ё дар шифохона ҷон додаанд.

Муҳаммадазизи 17-сола дар Амрико даргузашт

Акси Муҳаммадазиз Раҳматзода аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Акси Муҳаммадазиз Раҳматзода аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Як навҷавони 17-солаи тоҷик, ки дар занозание дар аёлати Пенсилванияи Амрико сахт маҷрӯҳ шуда буд, даргузаштааст. Дар ин бора сокинони аёлат ва блогерони тоҷики муқими Амрико хабар додаанд.

Як навҷавони 17-солаи тоҷик, ки дар занозание дар аёлати Пенсилванияи Амрико сахт маҷрӯҳ шуда буд, даргузаштааст. Дар ин бора сокинони аёлат ва блогерони тоҷики муқими Амрико хабар додаанд.

Сайҳуна Ортиқова, яке аз фаъолони тоҷики муқими Амрико рӯзи 1-уми сентябр дар саҳифаи “Gofundme” навиштааст, “қалби ҷавони Муҳаммадазиз, ки фақат 17 сол дошт, имрӯз аз тапидан монд. Ҷавони пур аз нерӯ ва умед ҷаҳонро тарк гуфт.”

Барои маросими ҷаноза ва дафни ӯ дар вебсайти хайрияи “Gofundme” саҳифае боз карда ва аз мардуми муқими Амрико хостаанд, ки ба қадри тавонашон ба волидайни Муҳаммадазиз Раҳматзода кӯмак кунанд. Навҷавони тоҷик шаби 14-уми август дар як занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Монтгомерии аёлати Пенсилвания аз сараш сахт осеб дид.

Набиҷон Раҳматзода, падари Муҳаммадазиз, рӯзи 20-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, фарзандаш дар бахши эҳёгарист ва табибон мегӯянд, ки “Бояд майнаи сарро санҷанд, ки то чӣ ҳад зинда аст ва умеде барои монданаш ҳаст ё не.”

Дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани занозанӣ маълумоте нест ва таҳқиқи қазия идома доштааст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд.

Набиҷон Раҳматзода ва аъзои оилааш аз ҷумлаи онҳо ҳастанд, ки тақрибан ду сол пеш ба Амрико рафта, дар канори шаҳри Филаделфия зиндагӣ доранд.

Назорати сафари муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Латвия сахттар шуд

Яке аз гузаргоҳҳои марзии Литва. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз гузаргоҳҳои марзии Литва. Акс аз бойгонӣ.

Сар аз 1-уми сентябр дар Ҷумҳурии Латвия қоидаҳои нави вуруди шаҳрвандони баъзе кишварҳо, ки узви Иттиҳоди Аврупо нестанд, эътибор пайдо кард.

Бар асоси тарҳи пешниҳодии сохторҳои амниятии Латвия, бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Молдова ва Узбекистон дар марз маълумот дар бораи мақсади сафар, мӯҳлату макони будубош, суроғаи зиндагӣ, самтҳои сафар ва шумораи телефону дигар маълумот барои тамосро пешниҳод кунанд.

Шахс инчунин бояд дар бораи ҷойи кори худ ва наздиконаш маълумот диҳад. Агар маълумоти пешниҳодкардаи ин шахс ғайривоқеӣ ё дурӯғ баромад, ӯро то 2 ҳазор евро ҷарима таҳдид мекунад.

Латвия як узви Иттиҳоди Аврупо ва созишномаи Шенген аст, ки сафари бидуни назорати сарҳадӣ дар қаламрави кишварҳои узвро иҷоза медиҳад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки солҳои охир бо мақсади муҳоҷирати корӣ ва зиндагӣ ба Латвия мераванд, танҳо бар асоси виза ба ин кишвар ва давлатҳои аврупоӣ ҳаққи ворид шуданро доранд.

Булғористон аз "рафтори ошуфтакунанда"-и Русия шикоят кардааст

Ҳавопаймои Урсула фон дер Лейен дар Булғористон.
Ҳавопаймои Урсула фон дер Лейен дар Булғористон.

Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймои Урсула фон дер Лейен, раиси Кумиссиёни Аврупо бинобар халалдор кардани системаи GPS аз тарафи Русия ночор бо нақшаи оддӣ дар фурудгоҳи Пловдиваи Булғористон фуруд омадааст.

Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймои Урсула фон дер Лейен, раиси Кумиссиёни Аврупо бинобар халалдор кардани системаи GPS аз тарафи Русия ночор бо нақшаи оддӣ дар фурудгоҳи Пловдиваи Булғористон фуруд омадааст.

Аз ҷумла нашрияи Файненшл Таймс гузориш додааст, ки системаҳои раҳнамоии фурудгоҳ аз кор мондаанд ва халабон маҷбур шудааст, як соат дар болои фурудгоҳ давр зада, сипас ҳавопайморо бо системаи дастӣ ва бо нақшаи коғазӣ ба замин нишонад.

Хати ҳаракати ҳавопайморо тағйир надодаанд. Ҳукумати Булғористон низ тасдиқ кардааст, ки ҳангоми фуруди ҳавопаймои раиси Кумиссиёни Аврупо, системаи GPS аз кор афтодааст ва София аз эҳтимоли “дахолати ошуфтакунандаи” Русия ба Иттиҳоди Аврупо хабар додааст.

Идораи ҳавопаймоии Булғористон дар сӯҳбат бо бахши булғории Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки аз замони оғози ҷанги Русия дар Украина дар соли 2022 дахолат ба системи раҳнамоии GPS ва аз кор андохтани он зиёд шудааст.

Фон дер Лейен рӯзи 31-уми август дар Булғористон қарор дошт, ки бахше аз барномаи сафараш ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла Финландия, Лаҳистон, Руминия буд.

Дар Тоҷикистон як маркази муҳими Созмони Ҳамкориҳои Шанхай боз мешавад

Акси муштараки раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай.
Акси муштараки раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай.

Рӯзи 1-уми сентябр дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Тяндзини Чин созишномаҳо оид ба таъсиси Маркази зидди маводи мухаддир ва Маркази мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амнияти кишварҳои аъзои созмон  имзо шуд.

Рӯзи 1-уми сентябр дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Тяндзини Чин созишномаҳо оид ба таъсиси Маркази зидди маводи мухаддир ва Маркази мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амнияти кишварҳои аъзои созмон имзо шуд.

Қарор аст, маркази зидди маводи мухаддири ин созмон дар Душанбе таъсис ёбад. Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа суханронӣ кард, таъсиси ин марказро барои мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ муҳим номид.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ дар як баёнияи расмӣ навиштааст Эмомалӣ Раҳмон ба “ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла нақлиёт ва транзит, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инноватсия ва рақамисозӣ” таъкид намуд.

Дар ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо иштироки Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин, Владимир Путин - президенти Русия, Нарендра Моди – нахуствазири Ҳинд, раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Ховари Миёна ширкат доштанд.

Ду шаҳрванди Қирғизистонро дар марзи Узбекистон куштаанд

Марзбонони Узбекистон дар сарҳади ин кишвар бо Қирғизистон. Акс аз бойгонист.
Марзбонони Узбекистон дар сарҳади ин кишвар бо Қирғизистон. Акс аз бойгонист.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, марзбонони узбек ду шаҳрванди он кишварро дар яке аз гӯшаҳои марзи байни ду кишвар куштаанд.

Дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 1-уми сентябр бо нашри ин хабар гуфт, сарҳадбонони Узбекистон ҷасади кушташудагонро рӯзи 1-уми сентябр аз тариқи гузаргоҳи “Баймақ” ба мақомоти Қирғизистон супурдаанд ва ҳардуро барои ташхиси тиббӣ ба яке сардхонаҳои шаҳри Кербен бурдаанд.

Сарҳадбонони Узбекистон ҳангоми мулоқот ба ҳамтоёни қирғизи худ гуфтаанд, ки ин ду нафар рӯзи 15-уми август ҳангоми убури ғайриқонунӣ аз як қисмати марз, ки Қирғизистону Узбекистон ва Қазоқистонро ба ҳам мепайвандад, ба фармони марзбонони узбек итоат накардаанд ва ба ҳамин сабаб онҳо маҷбур шуданд, ки ба самти фирориён тир андозанд. Дар натиҷа ба гуфтаи марзбонони Узбекистон ҳарду кушта шудаанд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, хешовандони афроди кушташуда баъди бедарак шудани онҳо ба мақомот муроҷиат кардаанд ва сарнавишти онҳо баъди мулоқот бо марзбонони узбек рӯшан шудааст. Маълум нест, ки шаҳрвандони Қирғизистон дар он гӯшаи марз чӣ кор мекардаанд, вале ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллии кишвар марзбонони узбек гуфтаанд, ки омодаанд се асп ва хаймаи кушташудагонро ба хешовандонашон баргардонанд.

Мақомоти амниятии Қирғизистон гуфтаанд, ки баъди таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодиса, ҷомеаро аз натиҷаи он огоҳ мекунанд. Дар чанд соли ахир чунин ҳодисаҳо дар марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки робитаҳояшонро беҳтар кардаанд, ба мушоҳида нарасида буд.

Ҳукумат мунтазири 500 миллион доллари дигар барои Роғун аст

Акс аз нерӯгоҳи Роғун дар рӯзи 28-уми август.
Акс аз нерӯгоҳи Роғун дар рӯзи 28-уми август.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, Бонки Осиёии Сармоягузори Зербунёдҳо азм дорад, барои идомаи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун 500 миллион доллар ихтисос бидиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, Бонки Осиёии Сармоягузори Зербунёдҳо азм дорад, барои идомаи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун 500 миллион доллар ихтисос бидиҳад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 1-уми сентябр дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки тавофуқ дар ин бора зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ҷин Литсюн, раиси бонки мазкур ҳосил шудааст.

Дар баёнияи расмӣ омадааст: “Бонк тасмим гирифтааст, ки маблағгузории худро ба неругоҳи Роғун ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонад.” Ҳафтае пеш Эмомалӣ аз мақомот хост, ки талошҳоро барои ҷалби сармоя ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" суръат бахшанд, чун ақиб мондани кор дар як бахш метавонад иҷрои тамоми тарҳро ба таъхир андозад.

Аз он пештар, "Независимая Газета", яке аз нашрияҳои Русия, навишт, ки ояндаи нерӯгоҳи азими "Роғун" таҳти суол қарор гирифтааст. Ба навиштаи муаллифи мақола баъзе аз сармоягузорони асосии нерӯгоҳ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ба сабаби иҷро нашудани бархе талабот ҷудо кардани пулро ба таъхир андохтанд.

Дар мақола ҳеч шарҳу назаре аз Бонки Ҷаҳонӣ наоварда, фақат гуфтаанд, сабаб шикояти баъзе аз созмонҳои зистмуҳитӣ аст, ки ба иддаои онҳо сохтмони "Роғун" барои кишварҳои поёноб дар Осиёи Марказӣ хатарҳои ҷиддӣ дорад.

Дар умум барои сохтмони "Роғун", ки баландтарин сад дар ҷаҳонро хоҳад дошт, тақрибан 6 миллиарду 300 миллион доллар зарур мешавад ва ҳукумат чунин пуле надорад. Нерӯгоҳи "Роғун" бояд то соли соли 2032 мавриди баҳбардории комил қарор гирад ва Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад, ки ҳоло мардумаш ҳамасола аз камбуди нерӯи барқ азоб мекашанд.

Патент боз қимат мешавад. Русия барои муҳоҷирон боҷҳои нав ҷорӣ кард

Сар аз 1-уми сентябр дар Русия барои муҳоҷирони корӣ боҷҳои нави давлатӣ ҷорӣ карда мешавад. Бар асоси тағйирот ба Кодеки андози Русия, минбаъд барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷойи будубоши онҳо 500 рубл ситонида мешавад. Гуфта мешавад, то ба имрӯз ин хизматрасонӣ ройгон буд.

Инчунин муҳоҷирони корӣ барои гирифтани патент ва ё тамдиди он, 4 ҳазору 200 рубли иловагӣ месупоранд. Дар сурати дароз кардани муҳлати иҷозанома барои кор, айни пулро бояд пардозанд ва агар мехоҳанд нусхаи патент ва ё иҷоза барои кор бигиранд, 2 ҳазору 100 рубли дигар боҷи давлатӣ месупоранд. Барои тамдиди муҳлати иқомат дар Русия акнун ҳазор рубл пардохтан лозим аст.

Қарор барои ситонидани боҷҳои нав аз муҳоҷирон, аввали моҳи июл аз сӯи Думаи давлатии Русия қабул шуда буд.

Ҳамчунин, шурӯъ аз 1 сентябр муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик дар Русия бояд дар Маскав худро дар як барномаи дигари мобилӣ бо номи "Амина" сабти ном кунанд. Замимаи мобилӣ дар бораи мавзеи будубоши ҷуғрофӣ ё геолокатсия ба Вазорати корҳои дохилии Русия маълумот медиҳад.

Дар ним соли охир дар Русия зиёда аз 30 қонуни нав қабул шуда, маҳдудияти зиёдеро барои муҳоҷирони корӣ ҷорӣ намудаанд.

Русия макони кору зиндагии ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон аст.

Тасмими USAGM барои ихроҷи аксари хабарнигорони "Садои Амрико"

Оҷонси байналмилалии расонаҳои Амрико (USAGM) эълон кард, ки беш аз 500 нафар аз кормандони "Садои Амрико" ва дигар расонаҳо аз кор барканор мешаванд. Шуморе аз хабаргузориҳо, аз ҷумла рӯзномаи "Guardian" дар ин бора хабар доданд.

Кари Лейк, мушовири Оҷонси расонаҳои байналмилалии Амрико гуфтааст, ки ин тасмим ба коҳиши бюрокрасӣ, беҳбуди хадамоти оҷонсӣ ва сарфаҷӯии бештар, кӯмак хоҳад кард.

Ин масъули USAGM гуфтааст, ки 532 ҷойи корӣ ихтисор хоҳад шуд, ки 486 мавриди он танҳо ба "Садои Амрико" рост меояд.

Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки як додгоҳ барканории Майкл Абрамовитз, раиси "Садои Амрико"-ро ғайриқонунӣ эълон кард.

Додрас ҳамчунин ба хонум Лейк дастур додааст, то барои шаҳодат додан, ба додгоҳ ҳозир шавад. Дар додгоҳ ӯ аз сӯи вакилони дифоъ мавриди пурсиш қарор хоҳад гирифт.

Ин шикоят аз сӯи гурӯҳе аз кормандони "Садои Амрико" ба додгоҳ пешниҳод шуд ва ҳадафи он, пешгирӣ аз бастани ин расона аст.

Иттиҳоди коргарони Амрико ин тасмими USAGM-ро маҳкум карда ва гуфтааст, ки ин иқдом ба нуфузи расонаии Амрико дар ҷаҳон таъсир мегузорад.

Ҳукумати Амрико рӯзи 28 вгуст дар як санади додгоҳӣ гуфт, ки 158 корманди USAGM ва 108 корманди "Садои Амрико"-ро нигоҳ медорад.

Доналд Трамп, президенти Амрико рӯзи 14 марти соли ҷорӣ дастури коҳиши будҷаи ҳафт ниҳоди федеролӣ, аз ҷумла, Оҷонси байналмилалии расонаҳои Амрико (USAGM)-ро дод.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳам зери чатри USAGM фаъолият мекунад.

Қонуни нави Толибон. Сурудани шеърҳои ошиқона манъ шуд

Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон дар чанд маврид асбобҳои мусиқиро ҷамъ овард ва онҳоро ба оташ кашид. Акс аз бойгонӣ.
Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон дар чанд маврид асбобҳои мусиқиро ҷамъ овард ва онҳоро ба оташ кашид. Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Толибон қонуни наве қабул кард, ки тибқи он сурудани шеърҳои ошиқона ва шеър гуфтан дар бораи духтарон ва писарон, манъ шудааст.

Ин қонун зери номи "Танзими мушоира" дар ҷаридаи расмии ҳукумати Толибон низ нашр шудааст.

Дар бахше аз ин қонун омадааст, ки "шеър бояд холӣ аз ишқи маҷозӣ, хоҳишҳои нораво ва эҳсосоти беҷо бошад".

Ҳамчунон ин қонун ҳукм мекунад, ки шоирон дар васфи демократия, коммунизм, феминизм, илҳод ва ғайра", шеър насароянд.

Қонуни нав ба Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон салоҳият додааст, то "қонуншиканҳоро мутобиқи аҳкоми шариат" ҷазо диҳад.

Толибон пас аз бозгашт ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, маҳдудиятҳои зиёдеро бар расонаҳо, нависандаҳо ва ҳунармандон вазъ карданд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин барои ширкат дар нишасти сарони СҲШ

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 31 август барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ба Чин сафар кард. Ин нишаст рӯзҳои 31 август ва 1 сентябр дар шаҳри Тянҷин бо мизбонии Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ва бо ҳузури беш аз 20 раҳбари ҷаҳон доир мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, инчунин вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар афроди расмӣ, ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар хабарномаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барномаи муфассали мулоқоту гуфтугӯҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Тянҷин, ҷузъиёт дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои расонаҳо, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 31 август вориди шаҳри Тянҷин шуд. Путин дар ҳошияи нишаст бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Масъуд Пизишкиён, президентҳои Туркия ва Эрон дар бораи ҷанги Украина ва барномаи ҳастаии Теҳрон, гуфтугӯ хоҳад кард.

Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамасола як бор доир мешавад.

Ин нишаст дар ҳоле оғоз мешавад, ки рӯзи чаҳоршанбе Пекин шоҳиди баргузории як паради бузурги низомӣ ба муносибати ҳаштодумин солгарди поёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки Чин ва Русия онро ҷойгузине барои НАТО муаррифӣ мекунанд, акнун ба яке аз муҳимтарин бистарҳои ҳамкории кишварҳои ғайри ғарбӣ табдил шудааст.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як созмони минтақавӣ аст, ки дар соли 2001 таъсис шуд. Русия, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон, Эрон, Узбекистон ва Белорус аъзои аслии ин созмон ҳастанд.

Афғонистон ва Муғулистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мақоми нозирро дорад.

Ҳусиҳои Яман мегӯянд, ки нахуствазири ин гурӯҳ дар ҳамлаи Исроил кушта шуд

Гурӯҳи ҳусиҳои Яман эълон кард, ки Аҳмад Ғолиб Ар-Раҳавӣ, нахуствазири ҳукумати ин гурӯҳ ва шуморе аз вазирони ӯ дар ҳамлаи Исроил ба Санъо дар рӯзи 28 август, кушта шудаанд.

Дар баёнияи ин гурӯҳ, ки рӯзи шанбе нашр шуд, гуфта мешавад, ки шуморе аз вазирон ва ҳамроҳони онҳо дар ин ҳамла захмӣ шуданд, ки вазъи саломатии бархе аз онҳо вазнин аст.

Баёнияи ҳусиҳо дар бораи шахсияти вазироне, ки дар ҳамлаи Исроил кушта ва захмӣ шуданд, маълумоти бешта ироа накардааст.

Гурӯҳи ҳусиҳои Яман аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад. Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад.

Артиши Исроил рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки нерӯҳои ҳавоияш ба як мавзеи низомии ҳусиҳо дар Санъо ҳамла анҷом дод.

Шабакаи 12-и телевизиони Исроил ба нақл аз як манбаи амниятии Исроил гуфт, шахсиятҳои сиёсии баландпояи ҳусиҳо ҳадафи ин ҳамлаҳо буданд.

Эмомалӣ Раҳмон фармони даъват ба артишро имзо кард

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Президент Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳро имзо кардааст.

Бар пояи ин фармон, ки рӯзи 29 август имзо шуд, мақомот вазифадоранд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 ҷавонписарони аз 18 то 27-соларо, ки то рӯзи даъват ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ, ҷалб кунанд.

Даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола бо сару садо дар бораи сарпечии ҷавонон аз хидмат ва ҷалби маҷбурӣ, ё ба истилоҳи русӣ "облава" олуда мешавад.

Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳ ҳатмист ва барои саркашӣ аз он ҷазо пешбинӣ шудааст. Бар асоси қонун, агар ҷавони солим ва мутобиқ ба талаботи артиш аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон саркашӣ кунад, додгоҳ метавонад, ӯро ё ҷаримаи бузург банданд ва ё то 2 сол ба зиндон маҳкум кунад.

Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо дар бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон меноманд, ки гоҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.

Мақомот мегӯянд, ки вазъ дар қисмҳои ҳарбӣ назар ба солҳои пеш беҳтар шудааст.

Иҷрои фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи оғози мавсими нави даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳ ва ба рухсат фиристодани онҳое, ки 2 соли расо хидмат кардаанд, то охири моҳи ноябр идома мекунад.

Нишасти машваратии СҲШ дар бораи Афғонистон дар Душанбе мегузарад

Нишасти машваратии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар бораи вазъияти феълии Афғонистон ва таъсири он ба минтақа, рӯзҳои 11-12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мешавад.

Хабаргузории русии РИА Новости ба нақл аз Нурлан Ермекбаев, дабири кулли ин созмон навишт, ки мавзӯъҳои калидии ин нишаст масоиле чун чолишҳои амният ва мубориза бо терроризм, замонатҳои амниятӣ, рушди пойдор ва муносибат бо мақомоти Афғонистон, хоҳанд буд.

Ба гуфтаи Нурлан Ермекбаев, ҳамчунин масоили дигар чун чолишҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқи занон, баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамкории кишварҳои узви СҲШ бо идораи Толибон дар бахши амният, аз дигар масъалаҳое аст, ки ба гуфтаи Нурлан Ермекбаев, дар нишасти оянда мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.

Кишварҳои минтақа ҳамвора аз ҳузури гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардаанд.

Изҳори назари дабири кулли СҲШ дар бораи нишасти Душанбе дар бораи Афғонистон дар ҳоле садо дод, ки қарор аст бузургтарин нишасти ин созмон аз 31 август то 1 сентябр дар шаҳри Тянсзини Чин баргузор шавад.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як созмони минтақавӣ аст, ки дар соли 2001 таъсис шуд. Русия, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон, Эрон, Узбекистон ва Белорус аъзои аслии ин созмон ҳастанд.

Афғонистон ва Муғулистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мақоми нозирро дорад.

Туркия робитаҳои тиҷории худро бо Исроил қатъ кард

Вазири корҳои хориҷии Туркия мегӯяд, ки ин кишвар дар эътироз ба ҷанги Ғазза, ҳарими ҳавоии худро ба рӯи ҳавопаймоҳои Исроил бастааст.

Ҳоқон Фидон рӯзи 29 август дар як нишасти фавқулодаи порлумони Туркия гуфт, "мо робитаҳои тиҷории худро бо Исроил ба таври комил қатъ кардем. Иҷоза намедиҳем, ки киштиҳои Туркия ба бандарҳои Исроил бираванд ва иҷозаи вуруди ҳавопаймоҳои исроилӣ ба ҳарими ҳавоии худро намедиҳем".

Исроил ҳанӯз ба ин тасмими Туркия вокунише нишон надодааст.

Туркия дар моҳи майи соли гузашта робитаҳои мустақими тиҷорӣ бо Исроилро қатъ карда буд ва хостори оташбаси доимӣ ва вуруди фаврии кӯмакҳои башардӯстона дар Ғазза шуд.

Ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар дар соли 2023 ба ҳафт миллиард доллар расида буд.

Расонаҳои Туркия ҳафтаи гузашта гузориш доданд, ки манъи рафту омади баҳрӣ миёни ду кишвар ба ҳолати иҷро даромадааст, ҳарчанд баёнияи расмие дар ин бора нашр нашудааст.

Тибқи ин гузоришҳо, киштиҳои исроилӣ аз таваққуф дар бандарҳои Туркия манъ шудаанд ва киштиҳои таҳти парчами Туркия низ иҷозаи вуруд ба бандарҳои исроилиро надоранд.

Ҳоқон Фидон дар суханронии худ Исроилро ба иртикоби "ҷиноят" дар Ғазза муттаҳам кард ва онро "яке аз ториктарин фаслҳои таърихи башарият" хонд.

Ӯ гуфт, "Исроил давоми ду соли гузашта дар Ғазза муртакиби наслкушӣ шуда, "арзишҳои асосии инсониро дар баробари чашми ҷаҳониён нодида гирифтааст".

Анқара яке аз мунтақидони ҷиддии ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза аст. Раҷаб Таййид Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, борҳо амалкарди Исроилро "наслкушӣ" хонда ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроилро бо Гитлер муқоиса кардааст.

Мақомоти Анқара ҳамчунин дар тирамоҳи гузашта ба ҳавопаймои раисҷумҳури Исроил иҷозаи вуруд ба ҳарими ҳавоии Туркияро барои сафар ба Конфронси СММ оид тағйири иқлим, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд, надоданд.

Аз сӯи дигар, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи 26 август дар мусоҳибае гуфт, ки "наслкушӣ"-и арманиҳо ва ошӯриҳо дар замони императории усмониҳоро ба расмият мешиносад.

Туркия як рӯз баъд ин изҳороти Нетаняҳуро маҳкум кард.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG