Мақомоти интизомии Душанбе як ҷавонеро дастгир кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо бо пур кардани нос дар даҳони писарандари 6-солааш сабаби марги ӯ шудааст.
Ҳодисае, ки зоҳиран дигарбора масъалаи бераҳмӣ нисбат ба кӯдакон ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо дар Тоҷикистонро доғ мекунад. Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 2-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ ва видеои бозпурсии ин ҷавон гуфт, ки Бахтиёри Намоз, сокини 33-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба “содир намудани ҷинояти аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани кӯдаки хурдсол гумонбар дониста мешавад.”
Ба гуфтаи раёсат, Бахтиёри Намоз рӯзи 22-уми августи имсол фарзанди 6-солаи ҳамсараш Собирҷон Назаровро аввал чанд шаппотӣ зада ва сипас бо зӯр ба даҳонаш нос андохтааст. Дар натиҷаи ин бадрафторӣ роҳҳои нафаси тифли маъсум баста шуда ва дар роҳ ба шифохона ҷон додааст.
Дар видеое, ки Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст, Бахтиёри Намоз чунин нақл мекунад: “Аз кор омадам, фарзандам бозӣ дошт. Фарзандамро як шапалоқ задам, баъд кашондам, пеши контейнер бурдам ва даҳонашро зер кардам, даҳонаш боз шуд, баъд дар даҳонаш нос андохтам. Нос андохтам, баъд сараш додам, баъди як ду дақиқа афтид. Гирифтам, шифохона бурдам, бо дастонам гирифтам то роҳи калон рафтам, таксиро нишастам, то шифохона расидам, ки дигар ҷонаш баромад.”
Маълум нест, ки ин бозпурсӣ ва сабт таҳти чӣ шароите сабт шудааст. Дар видеое, ки дар маҳалли ҳодиса сабт шудааст, ҳамчунин ба сахтӣ дида мешавад, ки кӯдаке дар назди партобгоҳ нишастааст ва фарди калонсоле болои сари ӯ меистад. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, ҳоло Бахтиёри Намоз дар боздошт аст ва ба зидди ӯ бо иттиҳоми ба марг расондан аз беэҳтиётӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Барои чунин ҷиноят дар Тоҷикистон аз ду то ба 5 соли зиндон ҷазо таъйин шудааст. Бадрафтории гӯшношунид нисбат ба тифли 6-сола бо гузашти вақти андаке аз ҷинояти шабеҳ ва дигаре дар Тоҷикистон сурат мегирад, ки ҷомеаи кишварро такон дод. Рӯзи 26-уми июл Парвиз Одинаев, як сокини шаҳри Турсунзодаро бо иттиҳоми шиканҷа ва ба марг расондани фарзандаш боздошт кардаанд.
Ӯ ба он муттаҳам мешавад, ки писари 15-солаашро барои “дуздии 600 сомонӣ” ба ақиби мошинаш баста ва рӯи замин 100 метр кашида ва ҳамингуна “танбеҳ” додааст. Наврас, ки видеои лаҳзаҳои охири зиндагиаш дар интернет ҳанӯз ҳам чарх мезанад, баъд аз чанде ҳалок шудааст.
Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки ба зидди Парвиз Одинаев бо иттиҳоми қасдан расонидани зарар бо оқибатҳои вазнин парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, ки барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон аз 10 то ба 15 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар гузашта дар бораи бадрафторӣ бо кӯдакон ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи онҳо борҳо изҳори нигаронӣ кардааст, вале худи мақомот ҳам пайваста танқид мешаванд, ки ҳеч кори дурусте барои пешгирӣ аз зери по кардани ҳуқуқи кӯдак ва тарбияи онҳо дар муҳити солиму амни оила анҷом намедиҳанд.