Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Бо гузашти се рӯз аз садамаи маргбор дар маҳаллаи “Водонасос”-и шаҳри Душанбе, ки боис ба ҳалокати ду нафар, аз ҷумла як корманди Вазорати дифоъ шуд, мақомот номи ронанда ва ҷузъиёти садамаро ошкор накарданд. Дар ин ҳодиса ду нафари дигар ҷароҳат бардошта, дар “Қарияи Боло” бистарианд.
Зебуннисо Сафароваи ҷавонро беэътимодӣ ба шавҳар маҷбур кард, то талоқ бигирад. Ин сокини 30-солаи ноҳияи Ёвон мегӯяд, сӯҳбатҳои тӯлонии шавҳар бо занҳои бегона рашки ӯро бештар кард ва дар ниҳоят бовариаш аз ӯ канда шуд.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, деҳқонони тоҷик дигар фоидаву зарари худро хуб медонанд ва маҳсулоти худро арзон намефурӯшанд.
Масъулини Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 19-уми июл гуфтанд, ки баҳси ширкати мобилии Тселл бо Кумитаи андоз ба фоидаи ахирӣ анҷом ёфтааст.
Ронандаи маршруткаи рақами 32 табъи хушу болидаро сармашқи кори худ қарор додааст. Вай мутмаин аст, ки ҳарфи неки як ронандаи маршрутка метавонад зиндагии як инсонро дигар кунад.
Масъулини "Амонатбонк" мегӯянд, ки Толиб Айёмбеков, як собиқ фармондеҳони саҳроӣ дар Бадахшон, қарзҳои бонкиашро баргардонида натавонист ва аз ин хотир, амволи ба гарав мондааш, ба фурӯш гузошта шуд.
Иброҳим Зоиров ронандаи маршруткаи рақами 32 соатҳои дароз дар рӯз мусофиркашонӣ мекунад. Гоҳо машқи шеър ҳам мекунад ва барои муштариёни ғамгину озурда пеш аз берун шудан аз мошин чанд мисраъ шеърашро ҳам бо нияти рӯзу хубу табъи хуш тақдим мекунад
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон рӯзи 13-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, дар 4 соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон аз ҳама бештар барои Комроншоҳи Устопириён маблағ харҷ кардааст.
Бархе аз аъзои гурӯҳе, ки дар таҳияи “Феҳристи номҳои миллӣ” иштирок кардаанд, гуфтанд, ҳеҷ номро намешавад ба зӯр бар дӯши хонаводаҳо бор кард.
Дӯстдорони ҷавони “паркур” дар Тоҷикистон қасд доранд, ки Федератсияи ин навъи варзишро таъсис диҳанд. Ин гурӯҳи ҷавонон барои дарёфти иҷозатнома ба Вазорати адлияи кишвар муроҷиат кардаанд ва умед доранд, “паркур” дар Тоҷикистон расман эътироф ва ҳаводоронаш бо шароити зарурӣ таъмин хоҳанд шуд.
Зарифӣ дар таҳхонаи яке аз баландошёнаҳои шаҳри Душанбе бо ду духтараш зиндагӣ мекунад. Ӯ лавҳи мазор месозад ва аз пули он шароити таҳсили фарзандонашро таҳия мекунад. Гоҳҳо ба воқеиятҳои зиндагӣ аз назари интиқод менигарад.
Шаҳрдори Душанбе барои соҳибкороне, ки дар сӯхтори бозори "Корвон" зарар диданд, сабукиҳо пешниҳод кардааст. Дар оташсӯзии шаби 2-юми июл дар бозори "Корвон"-и Душанбе, беш аз 280 дӯкон ва нуқтаҳои савдо, ба коми оташ рафтанд.
Дар пайи сӯхтор дар хона–интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Ҳисор дастикам 20 нафар аз дуди ғализ осеб дида, чаҳор нафар барои гирифтани ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол ёфтаанд.
Бошишгоҳи бознишастаҳои фаъол, ки як моҳ қабл таъсис ёфт, айни ҳол ҳамагӣ 12 нафар аъзо дорад, вале муассисонаш умед доранд теъдодашон ба зудӣ меафзояд.
Бошгоҳи бознишастаҳои фаъол дар Душанбе як моҳ қабл таъсис ёфта ва айни ҳол ҳамагӣ 12 нафар аъзо дорад. Вале муассисонаш умедворанд, ки теъдодашон ба зудӣ меафзояд. Аъзои бошгоҳ ҳафтае як маротиба ҷамъ меоянд.
Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар саҳифаи хотироти Давлатманди Хол, фалаксарои саршиноси тоҷик, чун як рӯзи муҳими зиндагиаш сабт шудааст.
Бо авҷ гирифтани тиҷорати оҳанпора дар Тоҷикистон, хосторони ба даст овардани даромад дигар марзҳои ахлоқиро ҳам убур карда, даст ба кандани панҷараҳои сари қабрҳо мезананд.
Ёфтҳои бештар