Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
“Маош дар фарш – нархҳо дар арш” яке аз карикатураҳои рассоми тоҷик Насиба Назарзода аст, ки болоравии арзиши маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон ва, ҳамин тавр, ҷайби холии сокинонро ба тасвир кашидааст.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "бино ба санҷиши муқаддамотӣ ҳодиса бо сабабҳои техникӣ рух дода, 11 нафар ҷароҳат бардоштанд".
Садама дар яке аз “аттраксион” ё алвонҷакҳои Боғи Нишони Давлатии шаҳри Душанбе (паҳлӯи Қасри Миллат) беш аз даҳ нафарро маҷруҳ кард. Ин ҳодиса соати ёздаҳи шаби 13-уми июн ва баъд аз шикасти дастаи Тоҷикистон аз футболбозони Филиппин рух дод.
“Рамазоннома” маҳфилест, ки фақат дар шабҳои моҳи Рамазон дар деҳаҳои водии Бартанг баргузор мешавад.
Дар ду соли ахир, ки чаҳор бонки Тоҷикистон ба мушкили молӣ рӯбарӯ шуда буданд, "Тоҷиксодиротбонк" барои нахустин бор дар семоҳаи аввали соли 2017, фоида ба даст овардааст.
Дар ду соли ахир, ки бонкҳои Тоҷикистон ба мушкили молӣ рӯбарӯ шуда буданд, "Тоҷиксодиротбонк" барои нахустин бор дар семоҳаи аввали соли 2017, фоида ба даст овардааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба таври расмӣ ибрози назарҳои Абдулқаюми Кӯчӣ (Кӯчай), сафири фавқулодда ва мухтори Афғонистон дар Русия дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистонро маҳкум кард ва онро "ғайри қобили қабул" хонд.
Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хостори манъи хондани хутбаи никоҳ аз тарафи рӯҳониёни ғайрирасмӣ шуданд. Онҳо пешниҳод доранд, масъулияти бастани никоҳ пурра ба ихтиёри имом-хатибони масоҷид дода шавад. Назари сокинонро дар ин навори видео бибинед.
Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон хост, ки вазифаи раисони ҷамоатҳо интихобӣ шавад. Коршиносон низ мегӯянд, бояд ваколати баргузории интихоботи раисони ҷамоатҳо аз ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ихтиёри Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дода шавад.
Қосими Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳал рӯзи сешанбеи 10 январ дар ҷараёни нахустин нишасти хабарии ин ниҳод дар шаҳри Душанбе гуфт, ки барои иҷрои ҳадафҳои ин кумита ва ҳалли бештаре аз масоили шаҳраку деҳоти Тоҷикистон, вазифаи раиси ҷамоатҳо дар кишвар бояд интихоботӣ бошад.
Қосими Раҳбар – раиси Кумитаи рушди маҳал – даъват кард, ки вазифаи раиси ҷамоат на таъинотӣ, балки интихобӣ бошад. Ӯ рӯзи 10 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар ин сурат ҳосили кори намояндагони ҳукумат дар деҳот муассир мешавад.
Натиҷаи рейди вижа ва зоҳиран сареи мақомот ин шуд, ки нӯшидани беш аз 50 навъи машруботи спиртӣ, аз ҷумла брендҳои маъруфи “План Путина”, “Андропов”,“Кремлин”, “Лондон” ва “Наполеон”-ро ба саломатии сокинон зараровар унвон карданд.
Созмони ҷаҳонии Fight Nights, ки бо ташкили муҳорибаҳои размӣ ва омехта дар ҷаҳон маъруф аст, дар Тоҷикистон варзишгар меҷӯяд. Дар назар аст моҳи феврали соли равон дар Душанбе барои нахустин бор муҳорибаи ин созмон баргузор гардад.
Орзу ва ҳадафҳои ҷавонони тоҷик аз ҳамтоҳои онҳо дар Амрико ё Британия фарқ надорад. Таҳсил дар донишгоҳ, барои амалӣ кардани тавонмандиҳо, эҷоди як зиндагии сазовор ва имкони боло шудан ба зинаҳои баланд.
Равшани Ёрмуҳаммад – падари Бузургмеҳр Ёров – гуфт, дар тӯли як соли боздошту зиндони шудани писараш дар хонае ба танҳоӣ зиндагӣ дорад ва саҳифаҳои охирини романи "Маҳмуди Ғазнавӣ"-ро менависад.
Дар Душанбе намоишгоҳи аксҳо бо номи "Нигоҳе ба ҷаҳони муосир. Аксҳои ҷопонӣ – аз соли 1970 то кунун" баргузор шуд. Ин тасвирҳо тағйироти ҷомеаи Ҷопон аз замони рушди иқтисоди босуръат то кунунро нишон доданд.
Мақомот дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба дари 35 кошонаи ҳусн, маҳалли ороиши занон, қуфл заданд. Онҳо гуфтанд, ки ин кошонаҳои ҳусн «қоидаи санитариву гигиенӣ»-ро риоя накардаанд ва то замони рафъи камбудҳо дарҳояшон баста хоҳад монд.
Камбуди мутахасисони чашм дар навоҳии дурдасти кишвар аксари онҳоеро, ки мушкили биноӣ доранд, ба пойтахт меорад. Аммо ба гуфтаи мутахаcсиcон, ин афрод замоне ба табибон муроҷиат мекунанд, ки аллакай дер шуда ва ниёз ба ҷарроҳӣ доранд.
Ёфтҳои бештар