Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Мақомоти расмӣ эътироф мекунанд, ки дар сурати бо ҳиҷоб ва ё либоси исломӣ ба идораи ақди никоҳ омадани арӯс ва ё меҳмонон, ба ҷуфти ҷавонро ақди никоҳ намедиҳанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ худашон ин масъаларо таҳқиқ карданд ва натиҷаи таҳқиқро дар ин видео бубинед.
Ташвиши ташкили тӯйи арӯсӣ дар Тоҷикистон барои соҳибмаърака бештар шуд. Соҳибони тӯй акнун дар баробари теъдоди ширкатдорони тӯйи худ, бояд фикри сару либоси арӯс ва намуди зоҳирии меҳмонони ҷашнашонро ҳам бикунанд.
Додситонии ноҳияи Файзобод таҳқиқи ҳодисаи худкушии як зани ҷавон ва кӯдаки навзодашро, ки соли гузашта иттифоқ афтод, муваққатан қатъ кард.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе пурсиданд, ки оё ҳама дар назди қонун баробаранд. Додрасҳо ба ҳама бо як чашм менигаранд, ё пул ҳам дар расидан ба адолат нақш дорад.
Дар Тоҷикистон 60-солагии фаъолияти Ҳошим Гадоев, ҳунарпешаи маъруф таҷлил шуд. Ҳунарпешае, ки дар замони Шӯравӣ яке аз унвонҳои баландтарин, яъне ҳунарпешаи хидматнишондодаи СССР-ро ба даст овардааст. Ӯ ҳоло кам нақш иҷро мекунад ва аз сӯҳбат бо хабарнигорон ҳам парҳез менамояд.
Се духтари тоҷик аз Озмуни “Маликаи зебои ҷаҳон” бо тоҷ баргаштанд. Дар ин озмуни бонуфуз, ки сар аз якуми сентябр дар шаҳри Остона шурӯъ шуд, зебосанамҳо аз тамоми кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил ширкат намуданд.
Баъд аз 90 соли сафари нахустин мутахассисони рус ба Тоҷикистон бо ҳадафи кумак дар бахши таълиму тиб дар Тоҷикистони Шӯравӣ, Душанбе дубора дарашро барои омӯзгорони рус боз кард. Ин навбат гурӯҳи 29-нафарии омӯзгорони фанҳои мухталиф, аз ҷумла забони русӣ барои боло бурдани сатҳи забондонии кӯдакони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ин кишвар омаданд.
Дар Тоҷикистон мавридҳои исқоти ҳамл, ё аборт кам шудааст. Мақомот мегӯянд, ним соли гузашта бештар аз 14 ҳазор зан ба сабабҳои гуногун аз кӯдаки оянда даст кашидаанд.
Аминҷони Абдураҳмонро эълони Маркази тестӣ, ки ба 20 ҳазор нафар имкони дубораи донишҷӯ шуданро дод, барои расидан ба орзуҳояш умедвор кардааст. Пас аз ду соли нокомӣ даримтиҳоноти қабул ӯ дубора сари миз нишаста, барои донишҷӯ шудан омодагӣ мебинад.
Корхонаҳои истеҳсоли консерва дар Тоҷикистон мехоҳанд дар соли ҷорӣ ҳудуди 16 миллион қуттии анвои мухталифи маҳсулоти консервашударо тавлид кунанд.
То оғози соли нави таҳсил дар Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондааст. Хонаводаҳои дорову нодор дар Тоҷикистон талош мекунанд, ки фарзандони онҳо соли нави хонишро бо либос ва кафшу ҷувздони нав оғоз кунанд.
Масъулони "Тоҷикфилм" мегӯянд, ки дар ояндаи наздик барои осори филмҳои "Шоҳнома", хона-музей таъсис хоҳанд дод.
Мусъад ва Сафия аз як модар ва дар як рӯз ба дунё омаданд. Аммо Сафия дар хона ва Мусъад дар ҳоҷатхона таваллуд шуд.
Мусъад ва Сафия ним сол пеш дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз як модар ва дар як рӯз ба дунё омаданд. Аммо Сафия дар хона ва Мусъад дар ҳоҷатхона таваллуд шуд.
Дар Тоҷикистон бо дастгирии молии Институти “Ҷамъияти кушода”-и Бунёди Мадад дар кишвар тарҳи нави "Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО)" роҳандозӣ шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати энержӣ ва захираҳои об ва ширкати “Барқи тоҷик” дастур додааст, ки то охири сол шеваи пардохти нирӯи барқро барои аҳолӣ бо усули “биллингӣ” ва ё пешпардохт гузаронад.
Бо вуҷуди дарёфти СМС ё паёмак аз Маркази милии тестӣ ва огоҳ шудан аз эълони натиҷаи имтиҳонот, субҳи рӯзи 3-юми август даҳҳо довталаб ва волидон дар саҳни бинои Маркази Милии тестӣ ҷамъ омаданд.
Бо гузашти се рӯз аз садамаи маргбор дар маҳаллаи “Водонасос”-и шаҳри Душанбе, ки боис ба ҳалокати ду нафар, аз ҷумла як корманди Вазорати дифоъ шуд, мақомот номи ронанда ва ҷузъиёти садамаро ошкор накарданд.
Ёфтҳои бештар