Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Наздикони наврасе, ки рӯзи 25-уми апрел худро ба дор овехт, афсус мехӯранд, ки натавонистанд ӯро наҷот диҳанд. Ҷасади дар банди дор овезони Тангем Баракаеваи 14-сола дар анборхонае дар деҳаи Кӯчабоғи Ҳисор пайдо шуд.
Таъми шоколаде аз Олмон дар хурдсолӣ, роҳи ояндаи Нодираро муайян кард. Нодира, имрӯз дар Русия як роҳи ғайриоддиву ҷолиби даромади худро дорад. Вай аз шоколад армуғонҳои зебо омода ва пешниҳоди харидорон мекунад. Мегӯяд, ҳамааш аз як ҳадяи дӯстони падараш, шурӯъ шуд.
Мақомоти тоҷик барои танзими одобу либоси намозгузорон дар масҷид дастурамали махсусе омода кардаанд. Пӯшидани либоси мувофиқ барои намоз яке аз бахшҳои аслии, дастурамали "Одобномаи намозгузорӣ дар масҷид" аст.
Самеъ рӯзҳои наздик бояд ба Русия биравад. То омода шудани шиносномаи хориҷиаш чанд рӯзи дигар мондааст. Ӯ ба зудӣ ба сели муҳоҷирони мавсимӣ хоҳад пайваст.
Як пажӯҳиш муайян кардааст, ки дар панҷ соли ахир беш аз 1800 нафар ё 7 дарсади духтарони наврас тифл ба дунё оварданд. Тадқиқотро соли 2017 анҷом додаанд ва натиҷаҳои аввалияи онро чанде пеш нашр карданд.
Суман Султоноваи обистан дар ҳоле ҷарроҳӣ шуд, ки хатари аз даст додани ӯ ё тифли батнаш зиёд буд. Суман чаҳор рӯз пеш бо дарди шадиди талхадон ба бемористон интиқол ёфт.
Баъд аз шаш соли таваққуф воридоти гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон азсар гирифта шудааст. Мақомоти ширкати "Тоҷиктрансгаз" мегӯянд, феълан гази табиӣ танҳо барои бароварда сохтани ширкати тавлиди алюминийи "Талко" ворид мешавад.
Мақомоти ширкати "Тоҷиктрансгаз" мегӯянд, ки сар аз авохири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ Узбекистон ба Тоҷикистон оғоз шудааст.
Соли гузашта дар Тоҷикистон 60 кӯдак бо вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) ба дунё омадааст. Ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир 700 кӯдаки то 18-сола дар саросари кишвар гирифтори ин беморӣ мебошанд.
Аз якуним миллион сокини шаҳри Душанбе танҳо беш аз 800 ҳазор нафарашон дар қайди расмӣ қарор доранд ва боқимондаҳо, ки қариб ҳамин қадар ҳастанд, муҳоҷирони дохилӣ ё сокинони дигар манотиқи кишвар ҳастанд, ки барои рӯзии беҳтар ба ин ҷо меоянд.
Аз якуним миллион сокини шаҳри Душанбе танҳо беш аз 800 ҳазор нафар сабти расмӣ дорад, боқимонда муҳоҷирони дохилӣ ё сокинони манотиқи кишвар ҳастанд, ки барои рӯзгори беҳтар ба пойтахт кӯч мебанданд.
Додситонии шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи марги Абдурасул Назаровро аз додситонии ноҳиявии Сино-2-и пойтахт ба ихтиёри худ гирифт.
Додситонии шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи марги Абдурасул Назаровро аз додситонии ноҳиявии Сино-2-и пойтахт ба ихтиёри худ гирифт, вале ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. Хешовандони Назаров бовар доранд, ки ӯ дар паи шиканҷаи полис даргузашт.
Ихтилофи назар, шикояти пайвастаи волидони муҳофизакор аз амалу гуфтор ва зоҳиру нақшаҳои Сурайё боис шудааст, ки дар фикри зиндагии алоҳида ва ҷудо аз падару модар шавад.
Фотима Машрабоваро серкории падар ба саҳна овард. Артур Машрабов, яке аз коргарондонҳои машҳури савт дар Тоҷикистон ба шавқи духтараш ки мехост, овозхон шавад, мухолифат накард.
Ширкати “Asian Express” эълон кард, ки аз моҳи апрели имсол ҳаракати мусофирбарҳоро ба шаш шаҳри Узбекистон оғоз хоҳад кард.
Хайём Хайёлбеков, овозхони ҷавони бадахшонӣ дархости муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ба инобат гирифт ва дар Маскав консерт баргузор мекунад. Хайём овозхониро дар хориҷ шурӯъ кард ва фикр намекард, ки рӯзе дар пойтахти Русия консерт баргузор мекунад.
Ёфтҳои бештар