Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Ширкати “Asian Express” эълон кард, ки аз моҳи апрели имсол ҳаракати мусофирбарҳоро ба шаш шаҳри Узбекистон оғоз хоҳад кард.
Барномаи якунимсоатаи консертии "Шоми Дӯстӣ", ки назди президентҳои Тоҷикистону Узбекистон иҷро шуд, маҳсули кори 3- моҳаи 400 ҳунармандони тоҷик ва 100 санъаткори узбек будааст.
Барномаи якуним соатаи консертии “Шоми Дӯстӣ”, ки назди президентҳои Тоҷикистону Узбакистон иҷро шуд, маҳсули кори 3 моҳаи 400 ҳунармандони тоҷик ва 100 санъаткори узбек будааст.
Холӣ кардани биноҳои истиқоматии Душанбе аз торҳои пур аз либосу палос ва курпаву курпача яке аз ҳадафҳои аслии мақомоти шаҳр аст. Ҳадафе, ки гурӯҳеро ба зебову озода шудани симои шаҳр умедвор кардаву боиси нороҳатии гурӯҳи дигари сокинон ба вижа хонаводаҳои серфарзанд шудааст.
Дар шаҳри Душанбе мақомот аз сокинон хостаанд, дигар дар айвону кӯчаҳо либос наовезанд, зеро ҷарима мешаванд. Гурӯҳҳои махсус дар пойтахт мегарданд ва назорат мекунанд, ки либос дар айвону пеши биноҳо овезон набошад.
Тоҷикистон аз Русия хостори ирсоли 30 омӯзгори дигар ба мактабҳои кишвар шудааст. Аз кору зиндагии гурӯҳи аввали омӯзгорони рус дар Тоҷикистон 8 моҳ сипарӣ мешавад ва бархе аз онҳо аз ҳоло омодаанд, муҳлати шартномаи кориашонро барои соли дигар ҳам дароз кунанд.
Нархи орд -- яке аз маводҳои асосии ғизоӣ дар Тоҷикистон беш аз 20 дарсад арзон шуд. Ҳоло як халта орд вобаста ба навъаш дар бозорҳои шаҳри Душанбе 130-135 сомонӣ нарх дорад. Чанде пеш як халта орди 50-килограмӣ 160-165 сомонӣ нарх дошт.
Нархи орд -- яке аз маводҳои асосии ғизоии пуристеъмол дар Тоҷикистон беш аз 20 дарсад арзон шудааст. Ҳоло як халта орд вобаста ба навъаш дар бозорҳои шаҳри Душанбе 130- 135 сомонӣ нарх дорад. То кунун нархи як халта орди 50-килогармӣ 160-165 сомонӣ нарх дошт.
Тоҷикистон айни замон аз хориҷа тақрибан 2,9 миллиард доллар қарздор аст. Барои пардохти фоизҳои ин қарз кишвар дар буҷети соли 2018 беш аз 1 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст, ки барои буҷети Тоҷикистон хеле зиёд аст.
Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) мегӯяд, пардохти фоиз ё баҳраи евробондҳо ба иқтисоди Тоҷикистон гарон хоҳад афтод.
Шурӯи дубораи кор дар сохтмонҳои “Манзили дастрас” дар Душанбе садҳо муштариашро барои ҳарчи зудтар соҳиби хона шудан умедвор кардааст.
Ҷалби чандин ширкатҳои сохтмонӣ барои ҳарчи зудтар бунёд шудани бинои баландошёнаи "Манзили дастрас" садҳо муштариёнашро, ки солҳо боз интизорӣ хонаи истиқоматӣ ҳастанд, дубора умедвор кард.
Як занги телефонӣ ва як хабари нохуше аз дӯст сабаб шуд, ки Диловар Сафаров дигар хомӯш намонад.
Диловар 30 сола аст ва дар миёни корбарони Ютуб бо сӯҳбатҳои кӯтоҳ, аммо тарбиявии худ маъруф аст. Муносибати зану шавҳар, аз ҳампошии хонаводаҳо, нобаробарии ҷинсӣ, муҳоҷират ва ёди модар аз мавзӯҳоест ки ин видеоблогери тоҷик дар наворҳои кӯтоҳи худ рӯ овардааст.
Салима Ҷӯраева як сол боз дар ҷустуҷӯи келини мувофиқ барои писараш аст. Ба чанд даре, ки бо ин ният рафт, посухи рад гирифт. Фарзанди 23-солаи ӯ дар хурдӣ осеб гирифтаву нуқси ҷисмонӣ дорад. Модар мехоҳад, ӯро хушбахт бубинад ва ягон духтари ҳамтақдирашро барояш хостгорӣ кунад.
Раҳбари Коллеҷи хореографии Тоҷикистон фармони худ дар бораи аз кор озод намудани Саида Рустамова -- омӯзгореро, ки барои гӯш накардани паёми президент аз кор ронда шуд, бекор кардааст.
Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба таври ғайримустақим чандҳамсариро дар кишвар тасдиқ кард.
Дар Тоҷикистон як марказе барои таҳқиқ ва эмин нигаҳ доштани пиряхҳо таъсис медиҳанд. Шаст дар сади оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад ва дар сурати аз байн рафтани онҳо миллионҳо нафар беоб мемонанд.
Сабоҳат Сангова, зани 65-сол, яке аз камтарин занҳои қавми лӯлӣ дар Тоҷикистон аст, ки рӯзашро бо набераҳо дар хона мегузаронад. Ӯ ба фарқ аз занони дигари лӯлӣ, борхалта дар пушт, дар ба дар намегардад.
Ёфтҳои бештар