Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Нусратулло Давлатов, як масъули Хадамоти алоқа, рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо боло бурдани қимати симкорт мехоҳанд, қадри онро бардоранд, то мардум ҳар рӯз симкорти худро иваз накунанд.
Як вакили порлумони Тоҷикистон аз тасмими боло бурдани нархи симкортҳо интиқод кард ва гуфт, "ин кор ба зиёни кисаи мардум аст".
Дар ҳоле ки кадбонуҳои тоҷик дар остонаи Иди Қурбон ё Иди Азҳо барои оро додани дастархони идонаи хоксорона талош мекарданд, эҳтимол ин эҳсосро доштанд, ки чашме ноаён торти онҳоро бармекашад, дастархони онҳоро чен мекунад ва пиставу чормағзро мешуморад.
Саида исми мустаори занест, ки солҳо боз розеро дар дил пинҳон медорад -- розе, ки аз он, ба гуфтааш, фарзандону наздиконаш ҳам хабар надоранд.
Вазорати молияи Тоҷикистон ба онҳое, ки саҳмияҳои неругоҳи Роғунро дар даст доранд, итминони хотир медиҳанд, ки ҳатман фоида хоҳанд гирифт.
Набуди об дар манзили Фирӯз Акобиров зиндагии онҳоро дар гармои тоқатфарсои тобистон сахту мушкил кардааст.
Беобӣ дар гармои тобистон бисёр маҳаллаҳои Душанберо азият мекунад
Ин шабурӯз муштариён дар Душанбе ба умеди дарёфти билети арзонтар ба дари чиптафурӯшӣ сар мезананд. Вале пас аз Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия, рӯз ба рӯз нархи чиптаи ҳавопаймо боло меравад ва на ҳама имкони сафар ба Русияро доранд.
Дар Тоҷикистон то чанд ҳафтаи дигар нархи хадамоти тиббӣ боло меравад. Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, гароншавии баъзе маҳсулот онҳоро водор кард чунин тасмим бигиранд. Аммо сокинон ва ба хусус қишри ниёзманд мегӯянд, аз ҳоло хабари боло рафтани нархи табобат онҳоро нигарон кардааст.
Мақомоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки дар наздиктарин ҳафтаҳо арзиши хадамоти тиббӣ 10 то 15 дарсад афзоиш меёбад
Шаҳрдории Душанбе барои баррасии шикояти гурӯҳи занон аз афзоиши озори лафзии мардон дар кӯчаҳои пойтахт ва ҳам тадбирҷӯии мақомот гурӯҳи корӣ таъсис дод.
Зане, ки 12 соли пеш бо умеди бунёди хонаи бахт бо марди тоҷике аз Қазоқистон ба Тоҷикистон омад, ҳоло дар яке аз бозорҳои Душанбе аз роҳи аробакашӣ рӯзии худу чор фарзандашро таъмин мекунад.
Садои нолаву фиғони модари Ҳувайдои 5-сола, субҳи 25-уми уми июл фурудгоҳи Душанберо такон дод. Ин модар чанд соли пеш бо умеди дастёбӣ ба зиндагии беҳтар ва ояндаи хуби фарзандон, ҳамроҳи шавҳар ба Русия ҳиҷрат карда буд ва бо ҷасади сарди духтари 5-сола ба Душанбе баргашт.
Ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола субҳи 25-уми июл бо андаке таъхир тавассути парвози ширкати "Тоҷик Эйр" аз Маскав ба Душанбе оварда шуд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар давоми тахминан наздики ним соли ҷорӣ шудани маҳдудият дар сафарҳои хориҷии бидуни иҷозати донишҷӯёну омӯзгорон, аризаи ҳеҷ нафаре дар ин замина рад нашудааст.
Чеҳраи Маҳмадулло барои аксарият тавассути нақшҳояш дар барномаи “Шӯхиҳои Аловуддин” ошно аст.
Ёфтҳои бештар