Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Мақомоти маориф низоми таътилҳои тирамоҳиву баҳориро баргардонида, санаи охирини соли хонишро эҳтимолан 14 июн муқаррар мекунанд.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз сангинии ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ нигарон аст ва умед дорад, ки гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар заминаи нармтар кардани Кодекси ҷиноятӣ дар ин замина иқдом хоҳад кард.
Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид оид ба парвандаи соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидов, назари худро баён карданд.
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар назди моликони корхонаҳои бузурге, ки дар солҳои 90-ум хусусӣ шуда, имрӯз бекор хобидаанд, шарт гузошт: корхонаҳоро ба кор андозанд, вагарна дар нисбатшон чора андешида хоҳад шуд.
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар назди моликони корхонаҳои бузурге, ки дар солҳои 90-ум хусусӣ шуда, имрӯз бекор хобидаанд шарт гузошт: корхонаҳоро ба кор андозанд, вагарна дар нисбатшон чора андешида хоҳад шуд.
Бастаи ҳуҷҷатҳо дар даст падари тоҷик як сол боз талош дорад, шаъну шарафи духтари худ ва обрӯи хонаводаашро барқарор кунад.
Аксари сокинони маҳаллаҳои наздик ба маркази шаҳр риояи дастури мақомот барои "зебо" ва якранг кардани бомпӯши хонаҳоро пурхарҷу мушкил медонанд.
Зиддияти модар, роҳи дур, харҷи зиёд ва мушкилоти дигар ҳам натавонист пеши роҳи амалишавии орзуи як духтари 19-солаи тоҷикро, ки акнун яке аз футболбозони фаъол аст, бигирад.
Табибони бемористони Қарияи Боло дар бадани як кӯдаки 9-моҳа 10 сӯзанро ошкор кардаанд ва қотеона таъкид мекунанд, ки кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст.
Сарнавишти ин зани танҳо достони филми кӯтоҳи “Вақте ки зан бошӣ” аст, ки онро коргардони ҷавони тоҷик Мурод Тӯйчиев офаридааст. Дар ин филм, ӯ сарнавишти талху озору азият ва нигоҳҳои таҳқиромези ҷомеа ба занҳои танҳомондаро ба тасвир кашидааст.
“Тарки хонавода кардани шавҳар ва бо тифл дар батн танҳо мондани зани ҷавон ӯро ба худсузӣ водор кард, вале ӯ дар лаҳзаи охир миёни маргу зиндагӣ дуввумиро интихоб намуд. Ба тифли батнаш ваъда дод, ки худу ӯро намекушад ва зиндагиро ба танҳоӣ месозад.”
Футбол ва Ҷоми ҷаҳонӣ ин шабу рӯз дар Тоҷикистон ҳушу ёди аксариятро ба худ ҷалб кардааст. Зери таъсири бехобиҳои мардону ҷавонон, дар бисёр хонаводаҳо ин шабу рӯз занону модарон ҳам ба мухлиси футбол табдил ёфтаанд.
Нокомии Месси дар ду бозии қаблии Ҷоми ҷаҳон холаи Муяссара Азизова, як сокини 52-солаи деҳи Нилуи шаҳри Ҳисорро сахт нороҳат кард.
Шаҳодатномаи таваллуд -- нахустин санадеро, ки тибқи қонун ҳар шахс бояд дар се моҳи аввали баъди таваллуд соҳиб шавад, бархеҳо дар Тоҷикистон замоне ба даст мегиранд, ки аллакай 18-сола шуданд ё ба синни шиносномагирӣ расидаанд.
Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон сабаби боло рафтани нархи гази моеъро шарҳ дод. Масъулони Хадамот гуфтанд, ҷаҳиши нархи газ бинобар боло рафтани нархи он дар Қазоқистон ба амал омад. Ба қавли онҳо, ширкатҳои қазоқистонӣ нархи як тонна гази моеъро аз 384 доллари қаблӣ то ба 587 $ боло бурдаанд.
Мардуми Тоҷикистон рӯзи 22-юми июн бо шахсияте барои ҳамеша худоҳофизӣ мекунад, ки исмаш ҳанӯз солҳои 80-ум дар таърихи нави кишвар сабт шудааст.
Мардуми Тоҷикистон рӯзи 22-юми июн бо шахсияте барои ҳамеша худоҳофизӣ мекунад, ки исмаш ҳанӯз солҳои 80-ум дар таърихи нави кишвар сабт шудааст. Муаллифи “Таърихи табартақсим” Раҳим Масов – таърихшиноси маъруфи тоҷик – рӯзи панҷшанбе дар 79-солагӣ аз дунё чашм пӯшид.
Ёфтҳои бештар