Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Рӯзи аввали мурофиаи додгоҳии Бобоҷон Ширинзода, ки барои қатли ҳамсари собиқаш бо 13 зарби корд мутаҳҳам мешавад, ба хотир ҳузур надоштани вакили дифои ҷониби айбдоршаванда то як ҳафтаи дигар ба таъхир гузошта шуд.
Рӯзи аввали мурофиаи додгоҳии Бобоҷон Ширинзода, ки барои қатли ҳамсари собиқаш бо 13 зарби корд мутаҳҳам мешавад, ба хотир ҳузур надоштани вакили дифои ҷониби айбдоршаванда то як ҳафтаи дигар ба таъхир гузошта шуд. Куштори Моҳира Ятимоваи 33-сола рӯзи 6-уми июни имсол рух дод ва баъд аз як рӯзи ин ҳодиса шавҳари собиқи ӯ Бобоҷон Ширинзода бо гумони содир кардани ин куштор боздошт шуд.
Аз ҳашт сокини ноҳияи Ҳисор, ки қаблан бо гумони гирифторӣ ба сиёҳзахм ё “сибирская язва” бистарӣ буданд, шаш нафарашон аз бемористон ҷавоб шудаанд. Ду нафари дигар –як зан ва як мард – зери назорати пизишкон ҳастанд.
Шиору аксҳо, ҳайкалу нимпайкараҳои боқимонда аз даврони Шӯравии собиқ ҷуз анбори қароргоҳи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҷои дигаре наёфтанд. Онҳоро аз кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар барчидаанд.
Шиору аксҳо, ҳайкалу нимпайкараҳои боқимонда аз даврони Шӯравии собиқ ҷуз анбори қароргоҳи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҷои дигаре наёфтанд. Онҳоро аз кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар барчидаанд. Ҳизби коммунист мехоҳад, ки онҳоро чун ёдгории беназир ҳифз кунад.
Намоишгоҳи рассоми ҷавон Маърифат Давлатова, ки тасвирҳои нимаурёни занони тоҷикро дар Душанбе ба тамошо гузошт, дар фурсати кӯтоҳ ҳангома ба по кард.
Нахустин эстакада ё роҳи сетабақа дар шаҳри Душанбе бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд. Чунин роҳҳои болоиҳам (эстакада) аввалин маротиба дар Тоҷикистон бунёд шудааст.
Рӯзи 5 сентябр дар Душанбе маросими ифтитоҳи нахустин эстакада ё роҳи чандқабатаи мошингузар баргузор шуд.
Тасвири духтари тоҷик бо тани нимурён – дар ҳолати кашидани куртаи атлас аз тан, ҳангоми хоб, сигор дар лабу фаранҷӣ дар сар... Ин намунаҳое аз наққошиҳои Маърифат Давлатоваи 25-сола аст, ки тамошобинонро ба чолиш мекашад.
Тасвири духтари тоҷик бо тани нимаурён. Дар ҳолати кашидани куртаи атлас аз тан, ҳангоми хоб, сигор дар лабу фаранҷӣ дар сар... Ин намунаҳое аз наққошиҳои Маърифат Давлатоваи 25-сола аст, ки тамошобинонро ба чолиш кашидааст.
Истифодаи корти электронӣ барои пардохти ҳаққи роҳкиро ба баҳсҳои чандсолаи Зулфия Гулмирзоева ва пулчинҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ нуқта гузошт. Ин сокини пойтахт мегӯяд, ҳар субҳ роҳат ва бидуни ҷанҷолу асабоният ба ҷои кор меравад.
"Навраси гирифтори аутизм ё дархудмондагӣ дар тифлӣ ятим мемонад ва баъди ғарқ шуданаш дар ҳавзи оббозӣ як муддат дучори марги клиникӣ мешавад. Баъди наҷот аз ин ҳолат ба як инсони дорои нерӯ ва истеъдоди фавқулодда табдил меёбад".
Кевин Коверт, кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар вокуниш ба мавзӯи то 250 сомонӣ нархгузорӣ шудани арзиши сим-кортҳои телефонҳои мобил гуфт, дар ингуна ҳолатҳо бояд «қонуни бозор амал кунад».
Шӯҳрат Қудратов, вакили саршиноси тоҷик рӯзи 24-уми август аз зиндон раҳо шуд. Наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ таъйид карданд, ки дар ҳоли ҳозир ӯ дар манзилаш қарор дорад.
Хабари то 250 сомонӣ боло шудани нархи симкорт дар Тоҷикистон ва зарбулаҷали ширкатҳои мобилӣ ба муштариён, даҳҳо нафарро ба марказҳои хидматрасонӣ бурдааст.
Хабари то 250 сомонӣ боло шудани нархи симкорт дар Тоҷикистон ва зарбулаҷали ширкатҳои мобилӣ ба муштариён, даҳҳо нафарро дар марказҳои хидматрасонӣ ҷамъ овардааст.
Ёфтҳои бештар