Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, озмуни «Тоҷикистони ман» ба поён расид ва соҳибони шаш навор дар бораи маконҳои диданӣ ва ғайриоддии кишвар соҳиби ҷоиза шуданд.
Шоми 2 ноябр дар натиҷаи шикастани крани бинокорӣ дар маҳалли сохтмони баландошёнае дар маркази Душанбе, як нафар маҷрӯҳ шуд.
Ҳайкалтарошону наққошони ҷавони тоҷик баъди як “амалиёт”-и маъмурони милиса дар Коллеҷи рассомӣ ба пӯшидани либоси расмӣ, аз ҷумла куртаи сафеду бастани галстук маҷбур шудаанд.
Нисфирӯзии 1-уми ноябр дар маҳаллаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе пас аз борони пай дар пай қубури обгузар банд шуд ва об ба хонаи сокинон даромад.
Мақомоти тоҷик аз вобастагии наврасон ба интернет ва назорат нашудани ин раванд аз ҷониби волидону ҷомеа, нигаронӣ мекунанд.
Номзадии Шокирҷон Ҳакимов, Амният Абдуназаров, Шуҳрат Қудратов ва Маҳмурод Одинаев ба мақоми раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пешниҳод шуд. Аммо онҳо номзадии худро пас гирифтанд. Раҳматилло Зоиров низ мегӯяд, ҳоло вақти тағйири раҳбарияти ҳизб нест.
Номзадии Шокирҷон Ҳакимов, Амният Абдуназаров, Шуҳрат Қудратов ва Маҳмурод Одинаев ба мақоми раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пешниҳод шуд. Аммо онҳо номзадии худро пас гирифта ва ба тарафдорӣ аз Раҳматилло Зоиров овоз доданд. Зоиров мегӯяд, ки ҳоло фурсати тағйири раҳбарияти ҳизб нест.
Дар шаҳри Душанбе беш аз 6 ҳазор либос бо навиштаи “Бги дега” мусодира ва сӯзонда шудааст.
Мақомот дар пайи як санҷиш аз бозорҳои шаҳри Душанбе беш аз 6 ҳазор либосро бо навиштаи “Бги дега” мусодира карда, баъдан оташ задаанд. Ибораи “Бги дега” як жаргони серистифода миёни ҷавонони тоҷик аст.
Аз як моҳ ба ин сӯ қимати як халта орди 50-килоии навъи олӣ дар бозорҳои Тоҷикистон беш аз 15 дарсад боло рафтааст. Як халта орде, ки моҳе пеш дар бозори Душанбе тахминан 135-150 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло то 160-180 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Имсол сафи донишҷӯёни узбекистонӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон афзуда, ба тақрибан ҳазор нафар баробар шудааст. Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки дар солҳои гузашта ин рақам ба 40 нафар мерасид.
Бо ду пойи бо оҳан пайвастшуда ва ғарқи фикру андеша Мурод Сафарови 65-сола назди Маркази саратоншиносӣ ҷавоби ташхиси худро интизор аст.
Бо ду пойи бо оҳан пайвастшуда ва ғарқи фикру андеша Мурод Сафарови 65-сола назди Маркази саратоншиносӣ ҷавоби ташхиси худро интизор аст. Натиҷаи ташхис бояд ба ҳамсару писараш дода шавад. Мегӯяд, агар мабодо ташхисаш манфӣ бошад, мехоҳад, пизишкон ошкор ба худаш дар ин бора бигӯянд.
Фирдавси Қосим, коргардону ҳунарпешаи ҷавон ва писари Фаррух Қосимов – бунёдгузори театри “Аҳорун” – дар намоишномаи “Ватандорӣ” барои чанд лаҳза бинандаҳоро ба дунёи ашъори Лоиқ Шералӣ, шоири шинохтаи тоҷик бурд. Муаллиф хостааст, ки аз ин тариқ “ба гӯши насли нав фарёди бедорӣ занад”.
Фирдавси Қосим, коргардони ҷавон ва писари Фаррух Қосимов – бунёдгузори театри “Аҳорун” – дар намоишномаи “Ватандорӣ” барои чанд лаҳза бинандаҳоро ба дунёи ашъори Лоиқ Шералӣ, шоири шинохтаи тоҷик бурд. Муаллиф хостааст, ки аз ин тариқ “ба гӯши насли нав фарёди бедорӣ занад”.
Дар Душанбе намоиши шаш филми коргардони ҷавони афғон баргузор шуд.
Дар Душанбе маросими намоиши шаш филми сохтаи коргардонҳои ҷавони афғон баргузор гардид. Дар намоишгоҳи якрӯзаи “Филмҳои донишҷуёни Кобул” филмҳое аз дардҳои имрӯзи ҷомеаи Афғонистон ба намоиш гузошта шуд.
Ёфтҳои бештар