Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Омӯзгориву рэпсароӣ аз назари аввал ду машғулияти комилан мухталиф ҳастанд. Вале барои Муҳаммадасафар Зокиров, омӯзгори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия миёни ин ду ҳунар тафовути зиёд вуҷуд надорад.
Ҳасан Азимов, собиқ мудири корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ, баъди чаҳор соли раҳоӣ аз зиндон, дубора дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Бозори тоҷирони узбек дар шаҳри Исфара, ки то се моҳи пеш арзону серодам буд, холӣ мондааст. Ин бозор баҳори имсол дар пайи беҳбуд ёфтани равобити Тоҷикистону Узбекистон боз шуд, вале фаъолияташ дер давом накард.
Рӯзе аз панҷ то ҳафт зани тоҷик аз зарбу лат ва озори шавҳар ва хешу табори онҳо ба Шамъигул Аминова шикоят мекунанд. Ин шикоятҳо гоҳе телефонӣ ва гоҳе дар суҳбатҳои рӯбарӯ баён мешавад.
Ширкати Тселл (Тcell) бо пахши як огоҳӣ эътироф кард, ки аз шоми 20-уми ноябр ба ин тараф муштариён барои дастрасӣ ба интернет ва гуфтугӯи телефонӣ мушкил доранд. Дар огоҳинома гуфта шудааст, “мушкил бо сабабҳое, ки ба ширкат вобаста нест, пеш омад”
Ширкати Тселл (Тcell) бо пахши як огоҳӣ эътироф кард, ки аз шоми 20-уми ноябр ба ин тараф муштариён барои дастрасӣ ба интернет ва гуфтугӯи телефонӣ мушкил доранд.
Сокинони биноҳои чаҳорошёна дар шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳар субҳи худро бо бӯи ғализи ахлот ва дидани манзараи нохушоянд оғоз мекунанд.
Бархе аз духтарон дар Душанбе лаби ғафсро як ҷузъи аслии зебоӣ медонанд. Агар чанд сол қабл дар ин ҷо тағйир додани шакли лаб ва ғафс кардани он барои бисёриҳо ҳайратовар буд, ҳоло "як кори маъмул ва ҳатто муд шудааст".
Зебоии худодод василаи даромади модели тоҷик Фотима Маҳмадалиева аст. Вале мегӯяд, ҷомеаи Тоҷикистон муҳофизакор аст ва коре, ки ӯ мекунад ба ҳама хуш намеояд.
Зебоии худодод василаи даромади модели тоҷик Фотима Маҳмадалиева аст. Вале мегӯяд, ҷомеаи Тоҷикистон муҳофизакор шудааст ва коре, ки ӯ мекунад ба ҳама хуш намеояд.
Як садамаи нақлиётӣ зиндагии ин ду хушдоманро тағйир медиҳад. Рӯҳи онҳо бо ҳам иваз мешавад ва дар идомаи филм хушдомани сахтгир бо келинҳои гапнодаро рӯ ба рӯ мешавад ва хушдомани хуб бо арӯсҳое, ки ҳамеша хидмати ӯро ба ҷо меоранд.
Баҳси келину хушдоманҳои тоҷик, ки ҳар ду тараф баъзан якдигарро барои бадбиниву муносибати дурушт муттаҳам мекунанд, дар филми нави “Хушдоманҳо” тасвир ёфтааст. Ин филм шоми 12-уми ноябр дар Душанбе намоиш дода шуд.
Ҳукумати шаҳри Душанбе беназмиҳо дар "Фестивали оши палав" дар пойтахтро "таассуфовар" хонд. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз раёсати иттиллооти шаҳрдорӣ рӯзи 12-уми ноябр гуфт, дар пайи ин ҳодиса як гурӯҳ аз сокинон, ки дар ин беназмӣ даст доштанд, муҷозот шуданд.
Як навраси 16-солаи тоҷик тавонистааст кореро анҷом диҳад, ки баъзе аз иқтисоддонҳо бо таҷрибаи чандсола барои расидан ба он зина талош доранд.
Субҳи Зебо Холдорбекова ба фарқ аз занони дигари коргар дар Тоҷикистон бо интихоби либос ва ороишоти зиёд барои берун шудан аз хона шурӯъ намешавад. Либоси кории ӯ ягона ва муайян аст. Ӯ 25 сол боз ҳар субҳ бо либоси низомӣ аз хона берун меояд.
Расонаҳо дар чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мақоми рамзии ҳукумати чаҳорумро аз даст медиҳанд. Ин хулосаи як таҳқиқи Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониёст.
Ёфтҳои бештар