Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Марги Акрам Мирзоев, ки дар яке аз мактабҳои шаҳри Турсунзода посбонӣ мекард, хонаводаи ӯ ва кордеҳонашро ба баҳс кашондааст.
Иттифоқи касабаи Тоҷикистон мехоҳад, додситони кулл, қазияи пардохти ҷуброни марги як корманди соҳаи маориф дубора баррасӣ шавад.
Сабрина ва панҷ хоҳару додараш фарзандони Зуҳро Сайфуллоева сокини деҳаи Уртабузи шаҳри Ҳисор ҳастанд, ки то ду моҳ пеш макони зист надоштанд. Зиндагии пур аз мушкилро дар як вагони сарду оҳанӣ пушти сар мекарданд.
Сабрина бори аввал арчаи солинавӣ оро медиҳад. Орзуе, ки баъд аз 16 сол барояш даст дод. Азбаски замони кӯдакиаш гузаштааст, бо ин роҳ ормонҳои кӯдакиро мешиканад.
Дар арафаи соли нави мелодӣ ширкату корхонаҳои пойтахт иқдомҳои ҷолиб роҳандозӣ карданд.
Соли 2018 аз талошҳо барои барқарории адолат ва мубориза барои дифоъ аз ҳаққи худ орӣ набуд. Радиои Озодӣ чаҳор ҳодисаро гирдоварӣ кардааст, ки қаҳрамонҳояш барои ҳаққи худ мубориза бурда ва то ҷое муваффақ шудаанд.
Даниел Рустамов моҳи ноябри соли 1995 дар хонаводаи пизишк дар Душанбе ба дунё омадааст. Волидон мегӯянд, забонҳои тоҷикӣ, русӣ, куриёӣ ва англисиро медонад. Падар мехост, ки Даниел табиб ё муҳандис шавад, вале нақшаҳои писар дигар буд.
Рустам Бегалиев, сокини шаҳри Душанбе, пеш аз ҳунарнамоии писараш Даниел дар барномаи бонуфузи телевизионии Русия, ӯро рӯҳбаланд ва ба ғолибият ташвиқ мекунад.
Ҳақ ҷониби ҳақдор аст ва барои ҳақиқат бояд талош кард. Ин пайёми як устоди рақси тоҷик аст, ки соле пеш барои гӯш накардани пайёмии президент дар коргоҳ, аз кор ронда шуд.
"Ҳақ ба ҷониби ҳақдор аст ва барои ҳақиқат бояд талош кард". Ин паёми як устоди рақс аз Тоҷикистон аст, ки соле пеш барои гӯш надодан ба паёми солонаи президент дар коргоҳ, аз кор ронда шуд.
Ваъдаи президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко ба як сокини 91-солаи Душанбе дар ҳалли мушкили манзили зисташ, ин собиқадори ҷангро умедвор кардааст.
Ваъдаи президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба як сокини 92-солаи Душанбе дар ҳалли мушкили манзили зисташ, ин собиқадори ҷангро умедвор кардааст.
Мушаррафа Қосимова, ба гуфтаи соҳибназарон "модари театри тоҷик", рӯзи 19-уми декабр садсола шуд. Ба бовари санъатшиносон, хонум Қосимова тавонистааст бо иҷрои нақшҳои зиёде дар театр ва синамо то ба имрӯз ҳунари хонаводагии Қосимовҳоро ба мардуми тоҷик бирасонад.
Устоди маъруфи рақси касбии тоҷикӣ Зебо Аминзода дар бораи вазъи ҳунари рақс дар Тоҷикистон дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард
Муассиси ансамбли овозадори рақсии “Зебо” аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки солҳои охир бархе афрод ба машғулияти рақси духтарони аъзои хонаводаашон таҳти таассубҳои динӣ монеъ ва пеши роҳи рушди ҳунари касбии онҳо мешаванд.
Як созмони иҷтимоӣ дар вилояти Суғд барои ҳалли баҳсҳои марзӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон занонро ҷалб кардааст. Масъулони “Маркази имконият барои рушд” бовар доранд, ки агар занони минтақаҳои баҳсӣ бо якдигар забон биёбанд, фарзандону хонавода низ аз паси онҳо хоҳанд рафт.
Нигоҳе ба як рӯзи зиндагии пурчолиши як ноболиғе аз хонаводаҳои лӯлиҳои Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи филмсози ҷавони тоҷик Таҳмина Ҳакимова қарор гирифт.
Ду ниҳоди расмии Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод карданд, ки барои сурудҳои бе вазну қофия ва таҳқиромез овозхонҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ин пешниҳод рӯзи 6-уми декабр аз тарафи масъулони Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар Душанбе садо дод.
Ёфтҳои бештар