Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Муфаттишони Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон раиси "Агроинвестбонк" Муродалӣ Алимардоновро бозпурсӣ кардаанд. "Агроинвестбонк” тақрибан чаҳор сол боз бо бӯҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 730 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад.
Мақомоти Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк", бозпурсӣ шудааст.
Ду духтари як модар аз ноҳияи Ваҳдат, ки ба бемории нодире гирифтор буданд, якбора фавтиданд ва модари ғамхор ва хоҳари 25-солаашонро, ки айни бемориро дорад, дилреш карданд.
Шамшод Муҳиддинов, маъруф бо номи Қорӣ Шамшод ва имом-хатиби масҷиди деҳаи Дурбат дар шаҳри Ҳисор, баъди замзамаи як тарона дар баҳори соли гузашта ва дифоъ аз раво будани мусиқии ором дар ислом, "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон" эълон шуд.
Ду духтари як сокини Ваҳдат, ки ба бемории нодире гирифтор буданд, якбора фавтиданд ва модари ғамхор ва хоҳари 25-солаашонро, ки айни бемориро дорад, дилреш карданд.
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, азм доранд, то камтар аз се соли дигар бо харҷи тақрибан 377 миллион сомонӣ деҳоту маҳаллаҳоро мисли "шаҳр" кунанд.
Вазири адлияи Тоҷикистон аз посух гуфтан ба суолҳо дар бораи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд худдорӣ кард. Рустами Шоҳмурод рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳоло тафтиши ошӯб аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон идома дорад.
Корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе истеҳсоли матои навъи "махра" ё махмалии пахтагиро барои дӯхти сачоқу дастрӯймол ва хилъатҳо ба роҳ мондааст.
Вафо Назаров, рассоми мардумии тоҷик тасвири биноҳои қадимаи Душанберо дубора рӯи коғаз овард. Ин аксҳоро даҳсолаҳо пеш бардошта буд.
Ҳар нафари севум дар Тоҷикистон аз ҳузури зан ё шавҳари худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ норозӣ будааст. Ба андешаи муҳаққиқоне, ки масоили пойдории оиларо омӯхтаанд, ҳузури ҳамсарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатари аз ҳам пошидани хонаводаҳоро дар пай дорад.
Аксбардор Геннадий Ратушенко дар баҳси додгоҳӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, баранда шудааст.
Бархе аз ҳунармандони тоҷик, ки дар гузашта бо сурудҳояшон дили садҳо ҳаводори худро шод мекарданд, бо гузашти солҳо дубора аз худ дарак доданд. Онҳо сурудҳои қадимии машҳурашонро аз нав суруданд.
Моликони як ошхона дар Тоҷикистон мехоҳанд, ки ошиқони шеъри Лоиқ Шералиро ҳар рӯз дар сари суфра гирди ҳам биоранд. Онҳо ошеро низ бо номи Лоиқ таҳия кардаанд, ки ба қавли ошпаз ё таббохи он Далер Сафаров аз палавҳои маъмулӣ бо донаи анор фарқ мекунад.
Як зану шавҳар аз Тоҷикистон барои ҷамъ кардани пули хона бо кӯдаки худ ба Маскав рафтанд, аммо корашон омад накард. Фиреб хӯрданд. Баъдан барои раҳо шудан аз банди азобу мушкилот тасмим гирифтанд, ки фарзанди худро ба ятимхона супоранд.
Наздикони Амирҷони Сатторов, як тифли тоҷик, ки баъд аз ду ҷарроҳӣ ва ду моҳи муолиҷа дар беморхона даргузашт, табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд.
Дар як соли ахир теъдоди қарздорон дар Тоҷикистон 400 ҳазор нафар афзудааст ва ҳоло дар кишвар аз ҳар 10 сокин ду нафари онҳо аз бонк ё муассисаи молие қарздор будааст.
Бо пешниҳоди мақомот дар Душанбе ба ҷойи "батл" -- рақобати пуртарафдори рэпсароҳо, "Маҳфили мушоира" роҳандозӣ шуд.
Ёфтҳои бештар