Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Баъди ду соли таҳсил дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Файзалӣ умеди табиб шуданро аз даст дод. Ӯ имсол ба далели напардохтани пули шартнома аз донишгоҳ хориҷ шуд ва ҳоло дар як ширкати сохтмонӣ кор мекунад.
Баъди ду соли таҳсил дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Файзалӣ умеди пизишк шуданро аз даст дод. Имсол ба далели напардохтани пули шартнома аз донишгоҳ хориҷ шуд ва ҳоло дар як ширкати сохтмонӣ кор мекунад.
Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, аз роҳбарони собиқи ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ мегӯяд, шавҳарашро дар зиндон шиканҷа мекунанд ва ӯ дар шароити сахте нигоҳдорӣ мешавад.
Opel, Mercedes C-class ва Audi - интихоби занони мошиндӯстдори тоҷик бештар рӯйи ҳамин тамғаҳо будааст. Ин натиҷаи як пурсиш аст, ки дар арафаи Рӯзи модар, миёни ҳазор зани тоҷик анҷом шудааст.
Майрам Шомаҳмадоваро дар ноҳияи Рӯдакӣ хурду бузург мешиносанд. Ӯ хаткашон аст ва инак 35 сол аст, ки ба хонаҳои сокинони маҳаллӣ номаву барқия ва нашрияву маҷалла мерасонад.
Таҷовуз ба номус дар 14-солагӣ Севараро ангуштнамои мардум, одамгурезу гӯшанишин кард ва ба як духтари ноумед табдил дод.
Як сокини ноҳияи Рӯдакиро бо ҷурми ҷой кардани сездаҳ сӯзан дар бадани тифлаш ба ҳашт соли зиндон маҳкум карданд. Муҳайё Ёқубова то замони ба иҷро даромадани ҳукм ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ хоҳад буд. Даҳ рӯз фурсат дорад, то аз рӯи ҳукм шикоят кунад.
Пойкӯбӣ, ҳаракатҳои оромонаи даст, қарсак ва даврзанӣ зери навои ғамангези дафу рубоб. Ин рақси хоси мардуми Бадахшон аст, ки танҳо дар рӯзи мотами шахси наздик иҷро мешавад ва пойамал ном дорад.
Имрӯз 23-уми феврал дар Тоҷикистон 26-умин солгарди рӯзи таъсиси артиши миллиро ҷашн мегиранд.
Имсол рӯзи артиши миллӣ барои Ҳабибулло Ҳамроев ҷашни хос аст. Ӯ акнун аз ин ҷашн на чун як ҷавони оддӣ, балки чун як сарбози собиқ таҷлил мекунад.Имрӯз дар Тоҷикистон 26-умин солгарди рӯзи таъсиси артиши миллиро ҷашн мегиранд.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон шахсоне, ки шиносномаи намунаи соли 2014-ро надоранд, симкортҳои худро аз нав ба қайд мегиранд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои ин қарор аз рӯзи 9-уми феврал, тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ дар кишварро тағйир дод.
Қарори нави ҳукумат дар бораи сабти дигарбораи симкортҳо дар Тоҷикистон вокунишҳои гуногун ва аксаран манфиро ба бор овард. Санадро рӯзи 9-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имзо кардааст.
Бо нашри эълону овезаҳо баъзе аз бонкҳои хурду бузурги Тоҷикистон барои сокинон "ипотека" ё қарзи дарозмуддат барои хариди хона пешниҳод мекунанд. Вале шарту баҳрае, ки барои ин навъи қарз талаб мешавад, соҳиби хона шудан барои аксар сокинон дар Душанбе фақат орзу боқӣ мемонад.
Бо нашри эълону овезаҳо баъзе аз бонкҳои хурду бузурги Тоҷикистон барои сокинон «ипотека» ё қарзи дарозмуддат барои хариди хона пешниҳод мекунанд. Вале шарту баҳрае, ки барои ин навъи қарз талаб мешавад, соҳиби хона шудан барои аксар сокинон дар Душанбе фақат орзу боқӣ мемонад.
Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки моҳе пеш бознишаста шуд, аз низоми ҳозираи нафақа розӣ нест. Ба андешаи ӯ, нафақае, ки имрӯз барои як мансабдор муайян мешавад, “ночиз аст”.
Рӯзи 15-уми феврал аз хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон 30 сол пур шуд.
"То куҷо шанси номзад шудани як зан дар интихоботи президентии соли ояндаи Тоҷикистон воқеӣ аст?" Посухи мақомоти Кумитаи занони Тоҷикистонро дар навор бубинед
Ёфтҳои бештар