Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Дар Тоҷикистон тарҳи нави қонуне дар баррасӣ аст, ки дар сурати қабули он ба сокинон имкон дода мешавад, насаби фарзанди худро аз номи бобояш бигиранд. Тарҳи қонуни «Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ"- ро Вазорати адлия ба ҳукумат пешниҳод шудааст.
Як комиссияи нав дар Тоҷикистон ба таҳқиқи арзиши амволи ба гаравгузошта дар чор бонки дучори мушкилшудаи кишвар шурӯъ кардааст. Ин комиссия дар пайи шикояти муштариҳои ин бонкҳо таъсис шудааст, ки наметавонанд пулҳои амонатгузоштаи худро аз бонкҳо бозпас бигиранд.
Як комиссияи нав дар Тоҷикистон ба таҳқиқи арзиши амволи ба гаравгузошта дар чор бонки дучори мушкилшудаи кишвар шурӯъ кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки кишвар ба мутахассисони ҳирфаии хориҷӣ ниёз дорад ва иҷозатномаи кор медиҳад. Бар асоси оморҳои расмӣ, солона то ҳафт ҳазор муҳоҷири корӣ вориди Тоҷикистон мешаванд.
Сомон Келдиев ҳар рӯз дар мардикорбозори Душанбе мунтазири корфармо меистад. Бо он ки 18-сола аст, бори зиндагии хонавода ба дӯши ӯст.
Шикояти ҷавонон аз мушкилу монеаҳо дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, барои рушди ҷавонон корҳои зиёдеро анҷом додаанд ва онҳо ҳамеша дар мадди назаранд.
Дар Тоҷикистон барои ҷавонони дучори мушкили дархудмондагӣ ё аутизм роҳҳои мустақилона зистан ва оиладориро меомӯзанд.
Ширкати «Барқи тоҷик» аз сокинон хостааст, ки 1 миллиард сомонӣ, муодили 100 миллион доллар, пули қарзи барқро пардохт кунанд, вагарна ба хотири як нафари қарздор, як деҳа ва ё маҳалла комилан аз рӯшноӣ маҳрум хоҳад шуд.
Ширкати "Барқи тоҷик" аз сокинон хост, ки 1 миллиард сомонӣ, муодили 100 миллион доллар, пули қарзи барқро пардохт кунанд, вагарна ба хотири як нафари қарздор, як деҳа ва ё маҳалла комилан аз рӯшноӣ маҳрум хоҳад шуд.
Ҳамсӯҳбатони мо дар як мизи гирд гуфтанд, ки театрҳои Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз камбуди сармоя, норасоии мутахассисони касбӣ ва тамошобинони содиқ азият мекашанд.
Созмонҳои ҷаҳонии мубориза бо бемории сил муайян кардаанд, ки қисми зиёди мардуми Тоҷикистон дар бораи ин бемории сироятӣ иттилои кофӣ надоранд.
Кабир Кабиров – писари Авазхон Кабиров – молики бозори “Султони Кабир”-ро, ки дар як садамаи маргбор муттаҳам аст, дастгир карда ва аз бемористон ба ИВС ё боздоштгоҳи идораи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ бурдаанд.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе мегӯяд, Кабир Кабиров - писари Авазхон Кабиров, молики бозори "Султони Кабир" аз беморхона ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфтааст.
"Чоршанбесурӣ" ё "Аловпарак", ки ба унвони яке аз суннатҳои ҷашни Наврӯз шинохта шуда ва дар чоршанбеи ахири қабл аз Наврӯз ба ҷо оварда мешавад, дар Тоҷикистон ҳам имсол дар доираи ҳалқаҳои мухталиф, фарҳангиёну мардуми зиёӣ ва ҷавонони оддӣ таҷлил шуд.
Гурӯҳе аз модарони маҳбусони гумонбар дар ташкили ошӯби маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ ва Юсуф Раҳмон, Додситонии кулли кишвар номаи додхоҳӣ навишта, хостори баррасии одилонаи қазияи фарзандонашон шудаанд.
Дар Тоҷикистон солҳои охир мавзӯи гум шудани кӯдакон ва кӯдакрабоӣ ҳарчӣ бештар доғ мешавад. Нашри пайвастаи эълон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хиёбонҳо, ки аз гум шудани кӯдакон дарак медиҳанд, боис ба нигаронӣ ва ҳароси бархе аз волидон шудааст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар яке аз боғҳои Душанбе санҷиданд, ки оё кӯдакон бо шахсони барояшон бегона бовар мекунанд ва омода ҳастанд, ки бо онҳо бираванд? Вокуниши волидон дар он ҳолат чӣ гуна аст? Натиҷа чӣ шуд? Дар навори видео тамошо кунед.
Хонандагони дарси забони cуғдӣ аксаран таърихнигорону забоншиносони тоҷик ҳастанд, ки барои анҷоми пажӯҳишҳо ба донистани он зарурат доранд. Аммо дар ин миён донишҷӯён ва ҳатто як наврасе ҳам ҳаст, ки аз рӯйи таваҷҷӯҳ ба забонҳои ба истилоҳ мурда, талоши аз худ кардани забони Суғдиро дорад.
Ёфтҳои бештар