Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Навраси 15-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар куштори ду нафар муттаҳам мешавад, ба пайвандонаш гуфтааст, ӯ таҳти шиканҷаву таҳдиди кормандони пулис гуноҳро ба гардан гирифтааст.
Алиҷони 15-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар куштори ду нафар муттаҳам мешавад, ба пайвандонаш гуфтааст, ӯ таҳти шиканҷаву таҳдиди кормандони пулис гуноҳро ба гардан гирифтааст. Дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Варзоб гуфтанд, дар нисбати Алиҷон ҳеҷ гуна шиканҷаву таҳдид сурат нагирифтааст.
Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон мехоҳад, ки лӯлиён ё ҷӯгиҳои кишварро пурра ба мактаб ҷалб кунад. Лӯлиён асосан ба талбандагӣ машғуланд ва аз таҳсил худдорӣ меварзанд.
Гурӯҳи нахустини зоирони тоҷик баъд аз адои маросими имсолаи ҳаҷ ба Душанбеву Хуҷанд баргаштанд. Мақомот мегӯянд, имсол ҳангоми зиёрати Каъба се шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд ва ҷасади онҳо дар Макка, макони муқаддаси мусалмонон, дафн шудааст
Гурӯҳи нахустини зоирони тоҷик баъд аз адои маросими имсолаи ҳаҷ ба Душанбеву Хуҷанд баргаштанд.
Дар Тоҷикистон қурби расмии сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ дар як шаб 27 дирам поин рафт.
Богдан бо ороиши мӯй миёни наврасону ҷавонон маъруф аст. Хусусан рамзи парчам ва нишони миллӣ ба гуфтаи ӯ, ба баъзе ҷавонону наврасон писанд меояд.
Қимати билети ҳавопаймо рӯзҳои ахир аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия ба таври чашмрас боло рафтааст. Болоравии нархи билетҳоро ба мавсими сафари донишҷӯён ва қимати сӯзишворӣ рабт медиҳанд.
Дар бораи кори пизишкон дар Тоҷикистон назарҳо яксон нест. Агар иддае аз кори онҳо розианд ва бо эҳтиром сухан мегӯянд, баъзеи дигар табибонро ба "камдонишӣ" ва "тамаъҷӯӣ" айбдор мекунанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар остонаи рӯзи табибон, ки ҳар сол 18-уми август таҷлил мешавад, ба суроғи Махфират Бадалова, яке аз пизишкони собиқадори тоҷик рафтанд, то ба дарди дилаш гӯш диҳанд. Ӯ дар бораи беморон, вазъи тибби Тоҷикистон ва пизишкони ҷавон чӣ гуфт? Дар видео бинед.
Мақомоти Тоҷикистон аз аввали моҳи август воридоти чорво ва хӯроки онро аз андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ва боҷи гумрукӣ озод кардаанд. Ин тасмим бо ҳадафи коҳиши нархи гӯшт дар Тоҷикистон гирифта шудааст. Вале ба гуфтаи коршиносон, муҳлати дарозе даркор аст, ки татбиқи қарор ба нарх таъсир кунад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир истирдоди Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), фармондеҳи пешини Фронти Халқиро аз Дубай ба Душанбе баррасӣ доранд. Вале мақомоти Дубай барои тасдиқ ё радди ин хабар дастрас нагаштанд.
Мақомоти соҳаи беҳдошт ва ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон чанде аз моликони истироҳатгоҳҳо ва сокинонро дар канори рӯди Варзоб ҷарима кардаанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба муҳокимаи чаҳор милисаи тоҷик оғоз кард, ки ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳаманд. Мурофиа рӯзи 8-уми август баргузор шуд. Дар курсии айбдорӣ Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Икромиддини Аҳлиддин ва Умед Ваҳҳобов – кормандони собиқи Раёсати умури дохилии Душанбе – нишастаанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба муҳокимаи чаҳор милисаи тоҷик оғоз кард, ки ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳаманд. Мурофиа рӯзи 8-уми август баргузор шуд.
Бо ташкили намоишгоҳи аксҳо дар Душанбе як созмони ҷамъиятӣ аз сарнавишти зиндониёни собиқ ва талоши онҳо барои дарёфти ҷойи пойи худ дар ҷомеа қисса кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон афзоиши мизони ҷинояткории занонро ташвишовар мехонад. Дар 6 моҳи ахир аз ҷониби занон беш аз 1000 ҷиноят шудааст. Коршиносон мегӯянд, бекорӣ, тангдастӣ ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ занонро ба кӯи ҷиноят тела медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон афзоиши мизони ҷинояткории занонро ташвишовар мехонад. Дар 6 моҳи ахир аз ҷониби занон беш аз 1000 ҷиноят содир шудааст. Коршиносон мегӯянд, бекорӣ, тангдастӣ ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ занонро ба кӯи ҷиноят тела медиҳад.
Пахш Шарҳҳоро бинед Чоп Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, нисбати Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ раиси Терминали рақами 1-и Душанбе, ки аз ҷониби раиси ҷумҳур сахт интиқод шуд, ягон парванда оғоз нашудааст.
Ёфтҳои бештар