Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Блогерҳои тоҷик, ки барои нашри навори сербинанда дар "бораи занҳои сабукпо", муттаҳам мешаванд, мегӯянд, фақат хостанд воқеиятро бигӯянд ва ҷинояте содир накардаанд.
Ба қавли директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, аз 40 то 45 дарсади арзиши чипта барои сӯзишворӣ сарф мешавад.
Мақомоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯянд, умедворанд, ки то охири имсол масъалаи авфи муҳоҷирони тоҷик бо Русия ҳал мешавад. Авфе, ки ҳазорон муҳоҷир орзуи онро доранд, чун роҳашонро дигарбора ба Русия боз мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, камчинии рубл дар бонкҳо ва эҳтимоли авҷ гирифтани ҳаннотӣ дар бозори арз, онҳоро маҷбур мекунад пули интиқолии муҳоҷирон аз Русияро бо сомонӣ бидиҳанд. Ин мавқеи мақомот мавриди норизоияти муштариҳо шудааст.
Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик бо ҳадафи зиёрати хонаи Каъба, се рӯз қабл аз нақшаи муайяншуда, субҳи имрӯз, 22-юми июл аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз карданд.
Хадамоти иҷро мегӯяд, аллакай аз фурӯши амволи ба фурӯшгузоштаи ширкати "Умед-88", ба ҳисоби нерӯгоҳи "Роғун" бештар аз 52 миллион сомонӣ ворид кард.Ҳамчунин аз амволи ин ширкат 22 миллион сомонӣ ба ҳисоби "Амонатбонк" ҳамчун зарари расонида шуда, пардохт гаштааст.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, мехост бо қимат кардани барқ вазъи молии ширкати "Барқи тоҷик"-ро ислоҳ кунад. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, нархи феълии барқ, ки 19 дирам аст, хароҷоти онро намепӯшонад
Тоҷикистон дар нимсолаи аввал ба Афғонистон ҳудуди 1 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ содир карда, қасд дорад, то охири сол ин рақамро то ба 1,5 миллиард бирасонад.
Як пажуҳиш ҳам нишон додааст, ки аксари сокиноне, ки хонахояш вайрон мешаванд , мурочиат ба додгоҳро бефоида медонанд.
Ба гуфтаи масъулон инҳо бар тибқи генералӣ бунёд гардидааст. Сокинон мегӯянд, наздик ба роҳи сохтаанду роҳи пиёдагардонро танг кардаанд
Рӯзи 26-уми июн дар як чорабинии бахшида ба Рӯзи мубориза бо шиканҷа наққошиҳои Фаррух Неъматзода, рассоми тоҷикро ба намоиш гузоштанд, ки дар онҳо усулҳои шиканҷа ва ранҷ кашидани қурбониёнро нишон медиҳад.
Наздиконашон мегӯянд, ҳафтаҳост, наметавонанд, бо маҳбусон мулоқот кунанд, онҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ аз вазъи зиндониён пас аз ошӯби 19 май изҳори нигаронӣ мекунанд, аммо мақомот гуфтаанд, то поёни тафтиши қазияи ошӯб дидор бо маҳбусон мамнуъ аст.
Дар Тоҷикистон аз 15-уми июн таътили тобистонаи муҳассилин шурӯъ шуд. Баъди таҳсили ҳаштмоҳа истироҳат орзуи ҳар наврас аст.
Ба ин боваранд, ки табибон ба хотири манфиати молии худ, доруҳои даркору нодаркорро ба корафтодаҳо тавсия медиҳанд,
Раҳима Маҳмадалиева, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ 18 сол боз ба муолиҷаи писари бемораш машғул аст. Абдулло -- писари 19-сола Раҳима гирифтори бемории асаб аст. Қариб тамоми даромади падари муҳоҷир барои хариди доруву давои ин ҷавон сарф мешавад.
Рашид сохтмончӣ ё таъмиргар нест. Ӯ як кӯҳнаварди ботаҷриба ва касбӣ аст. Бо рангу бор ва шустани тиреза дар биноҳои баландошёна ӯ барои фатҳи қуллаҳои баланд ва амалӣ шудани орзуҳояш шароит фароҳам мекунад.
Ёфтҳои бештар