Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
"Таҷовуз мекунанд, бо хишт мезананд, аз обу ғизо маҳрум мекунанд ва ё ҳатто бо дарзмол ба рӯи онҳо мезананд.” Намунаҳое аз зӯроварӣ ба занони тоҷикро Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар гузориши калоне овардааст, ки рӯзи 19-уми сентябр нашр шуд.
Ҷавонзани 25-сола, сокини ноҳияи Вахш, аз додситони кулли Тоҷикистон хостааст, ки шиканҷагарони ӯро муҷозот кунанд. Ин модари ду фарзанд дар номаи шикоятиаш иддао дорад, ки дар шӯъбаи милисаи ноҳия шиканҷа ва таҷовуз шудааст. Иддаое, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Вахш беасос медонанд.
Аз замоне ки Тоҷикистон истиқлоли худро эълон кард, 28 сол гузашт. Дар ин давра насле ба дунё омад ва бузург шуд, ки ба гуфти таҳлилгарон бо дидгоҳҳои худ фарқ мекунад.
Нархи орд дар Тоҷикистон аз марзи 200 сомонӣ гузашта, боис ба нигаронии сокинон шудааст. Тоҷирон камчинии орд дар Қазоқистон ва афзоиши қурби долларро далел пеш меоранд. Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон болоравии нархи ордро тасдиқ карданд. Мақомот гуфтанд, ин масъаларо баррасӣ доранд.
Норозиёни Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, ки ду ҳафта пеш аз натиҷаҳои интихоби вакилони ҷамъият эътироз карда буданд, мегӯянд, баъд аз нашри матлабе дар Радиои Озодӣ дархосташон пазируфта шуд. Натиҷаи ҷаласаи қаблӣ беэътибор ва рӯзи 30-юми август интихоби дигарбораи вакилон баргузор шуд.
Сумаяи якунимсола дарди бадани сӯхтаашро бо гиря сабук мекунад. Гиряи беисти ин тифл, ки ҳанӯз дуруст ҳарф намезанад, шояд шикоят аз бепарвогии модару хоҳар аст, ки ӯро ба ин ҳол гирифтор карданд.
Сумаяи якунимсола, ки дар нигоҳубини хоҳари 10-солааш буд, сӯхт ва ҳоло ба муолиҷаи гарон ва ҷарроҳии зиёде эҳтиёҷ дорад. Модари танҳояш ба кумаки хайрхоҳон умед бастааст, зеро пули муолиҷа тамом шудааст. Афроде, ки мехоҳанд, кӯмак кунанд, бо ин телефон + 992 888 333 503 тамос бигиранд.
Бар хилофи он ки имсол якуми сентябр ба рӯзи якшанбе рост омада ва истироҳатист, мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хонандагону донишҷӯён ва устодонро ба мактаб даъват кардаанд. Онҳо мегӯянд, соли хониш бояд дар вақти таъйиншуда баргузор шавад, агарчӣ рӯзи корӣ нест.
Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи пурсарсудои писари яке аз афроди сарватманди Тоҷикистонро, ки дар марги ду нафар гунаҳкор дониста мешавад, барои бознигарӣ ба додгоҳи поёнӣ фиристод.
Додгоҳи шаҳри Душанбе хостори бознигарии ҳукми Кабир Кабиров, писари молики бозори "Султони Кабир" шуд. Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт моҳи июли имсол Кабирови 19-соларо ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард. Ӯро ба сар задани садамае гунаҳкор карданд, ки ба марги ду нафар анҷомид.
Ёфтҳои бештар