Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Сокинони як маҳалла дар шаҳри Душанбе ба сохтмони баландошёнае дар назди манзилашон эътироз доранд. Онҳо мегӯянд, ширкати сохтмонӣ дарахтзори назди хонаашонро вайрон карда, мехоҳад бино созад. Масъулони ширкати "Фарҳоди Ваҳдат" гуфтанд, на дар боғ, балки дар харобазоре мехоҳанд хона созанд.
Сокинони маҳаллаи 82-уюм дар шаҳри Душанбе аз сохтмони бинои баландошёнае дар назди манзилашон эътироз доранд. Онҳо мегӯянд, ширкати сохтмонӣ дарахтзори назди бинои онҳоро хароб карда, мехоҳад хона созад ва барои бозии кӯдакон ҷое намемонад.
Қарор аст, додгоҳе дар Душанбе ба баҳси тарроҳи ҷавон ва ҳамкори ӯ нуқта гузорад. Зани ҷавон даъво дорад, ки аз рӯзҳои аввали ҳамкорӣ, коршарикаш бо ӯ муносибати дағал мекард ва рӯзе модарашро дашном дода ва гулӯяшро гирифтааст.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба баррасии қазияи як ҷавондухтари тарроҳ ва коршарикаш шуруъ кард.
Пандемияи COVID-19 вуруди саёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистонро камтар ва ҳоли ширкатҳои саёҳиву меҳмонхонаҳоро бад кардааст. Намунае аз онро дар ин видео бубинед.
Бахши сайёҳии Тоҷикистон, ки солҳои ахир мақомот бештар аз рушди он суҳбат мекарданд ва ба ояндаи хуби он умед доштанд, дар давраи пандемия зарбаи сахт дидааст.
Қимматгул Сафолова баъд аз марги шавҳар бо як писар танҳо монд ва солҳо боз зиндагии фақирона дорад. Шуғли муайян надорад ва барои дарёфти рӯзӣ дар хонаи сокинон кор мекунад. Гоҳе дигар ҳамсояҳо ба ӯ ва фарзандаш ёрӣ мекунанд.
Баъзе аз соҳибкорони тоҷик аз зарбаи сахти коронавирус, нокофӣ будани имтиёзу сабукиҳо дар шароити ҳозира ва фазои, ба гуфтаи онҳо, носолим шикоят доранд.
Дар ҳоле ки бисёре аз маҳдудиятҳои вобаста ба коронавируси нав дар Тоҷикистон бардошта шудаанд, баъзе аз сокинон мепурсанд, ки чаро ҳанӯз дари масҷидҳо баста мемонанд?
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, ки шоми 22-юми сентябр шахсони ношинос дар наздикии хонааш дар шаҳри Душанбе ба ӯ ҳамла кардаанд.
То замони баргузории интихоботи президентӣ 18 рӯзи дигар мондааст. Ин нахустин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар шароити пандемияи COVID-19 ва нигарониҳо аз густариши бемории ҳамагир баргузор мешавад.
Як лифти вайрона дар бинои баландошёнае дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боис ба ҳалокати Мавҷуда Ҳусейноваи 49-сола шудааст.
Бозгашти ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик дар замони пандемия аз Русия ба ватан якбора сафи талабгорони корро зиёд, вале нархи меҳнатро дар кишвар бамаротиб арзон кардааст.
Шиору навиштаҳо дар бораи интихобот дар хиёбонҳои пойтахт аз камтарин нишонаи он аст, ки Тоҷикистон як моҳ баъд раиси ҷумҳури ояндаро интихоб мекунад.
Овозхони нобино Иброҳим Исмоилзода мехоҳад, барои донишҷӯёни нобино китоби махсус таҳия кунад, вале сарпарасте надоштааст, ки дар ин кори хайр ба ӯ кумак расонад. Видеоро инҷо бубинед.
8-уми cентябр рӯзи байнулмилалии савод аст. Ин сана имсол ба шароите рост омад, ки бархе аз волидон фарзандони худро бо тарсу ҳарос барои донишомӯзӣ ба мактаб мебаранд.
Садҳо ҷавони тоҷик, ки барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ қабул шудаанд, аз мақомот талаб доранд, сафари онҳоро бо парвози чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳо таъмин кунанд.
Як сокини ноҳияи Рудакӣ ду рӯз пеш дар назди бинои ҳукумати ноҳия сирко нӯшида, худкушӣ кардааст. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ барои ҳалли мушкилаш ба назди мақомот рафта буд. Дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, мард гирифтори бемории равонӣ буд ва дар як соли ахир ҳеч муроҷиат накардааст.
Ёфтҳои бештар