Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Хонаводаи Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯйи тоҷик, ки дар Русия ба қимати ҷони худ ҳаёти кӯдакеро аз ғарқшавӣ наҷот дод, мегӯянд, ҳамеша бо рафтори фарзанди худ ифтихор хоҳанд кард. Саидакбар Қаландаров, падари Ҳоҷимурод, рӯзи 16-уми июн гуфт, амали писараш ҷавонмардона буд.
Овозхони тоҷик Меҳрубони Равшан, ки ҳоло дар Русия аст, пас аз чанд соли хомӯшӣ ва набудан дар рӯйи саҳна дубора аз худ дарак дод. Аммо на бо таронаву эҷоди нав, балки бо ду паём, ки бисёриҳоро ҳайратзада кардааст.
Дастури такрории раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи доштани захираи дусолаи хӯрокворӣ баъзе аз сокинон аз нигоҳи назариявӣ "фикри хуб", вале амалан "иҷронашуданӣ" медонанд.
Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн тарҳи иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро қабул карданд, ки бар асоси он шахсоне, ки боис ба паҳншавии бемории хафвнок мегарданд, аз 2 то 5 сол ва дар сурати такрор ёфтан аз 5 то 10 сол ба ҳабс маҳкум мешаванд.
Шахсоне, ки пас аз табобати бемории COVID-19 дубора ба ҷои корашон баргаштанд, мегӯянд, надоштани варақаи муолиҷа сабаб шуд, ки маоши худро дарёфт накунанд, ё танҳо 50 дарсади онро бигиранд.
Нархи меваву сабзавот дар бозорҳои Душанбе поин рафт. Тоҷирон мегӯянд, роҳҳори баста сабаб шудааст, ки меваву сабзавот асосан ба бозорҳои дохилӣ пешкаш шавад.
Обчакорӣ аз бекорӣ ва ё кай тоҷирони бозорҳои Душанбе ба кор бармегарданд?
Масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе марги лама, як ҷонвари нодир дар ин боғро рад мекунанд, вале мегӯянд, моҳҳои ахир ҳолати маргу мири ҳайвонот дар ин макон сабт шудааст.
Дар ҳоле, ки пизишкони зиёде дар Тоҷикистон дар "нуқтаҳои гарм" барои муолиҷа ва наҷоти ҷони гирифторони COVID-19 мубориза мебаранд, як гурӯҳи дигари табибон баром ором кардан ва додани машварати тиббӣ ба сокинон, тариқи телефон, сафарбар шудаанд.
Пиру ҷавон ба мубориза бо COVID-19 қиём кардаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони "Советӣ Як") дар Душанбе 319 нафар бо гумони бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуданд. Ба иттилои мақомот, то имрӯз 11 нафар фавтида, 107 кас шифо ёфтаанд.
Ширкатҳои сабти овоз ва студияҳое, ки ба тарҷумаву дубляжи силсилафилмҳои туркӣ машғуланд, аз камбуди дискҳои холии CD ва DVD дар Тоҷикистон шикоят доранд. Ба сабаби короновирус, марз бо Чин бастааст ва дискҳо ба Тоҷикистон ворид карда намешаванд.
Пеш аз он ки хонандагони мактабҳои миёнаро дар Тоҷикистон ба таътили дуҳафтаина фиристанд, намояндагии ЮНИСЕФ ва мақомоти тоҷик барномаи таълими онлайн дар шароити "карантин"-ро омода кардаанд. Маълум нест, тарҳ кай иҷро мешавад.
Масъулони бозорҳои Душанбе талош доранд бо ташкили ярмаркаҳо аз болоравии босуръати нархҳо ҷилавигирӣ кунанд. Аммо рӯзи 13-уми апрел чун ҳафтаҳои қабл арзиши маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳо ҳамоно рӯ ба афзоиш буд.
Дар Тоҷикистон аз ин баъд нигоҳубини маъюб ҳамчун собиқаи корӣ ба ҳисоб меравад ва барои ин кор ба парастори ӯ ҳаққи бознишастагӣ ва ё нафақа медиҳанд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар чаҳорчӯби омодагии кишвар ба муқобила бо вируси ҳамагири КОВИД-19 ба аҳолии камбизоат ва маъюбон се миллион доллар кумак карда хоҳад шуд.
Хешовандони ду зиндонии тоҷик дар Русия, иддао доранд, ки посбонҳои зиндоне дар Мордовия фарзандони онҳоро азобу шиканҷа додаанд. Иддаое, ки мақомоти зиндон рад мекунанд.
Ёфтҳои бештар