Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Пандемияи короновирус ба монанди он ки СOVID-19 дар бадани инсон бемориҳои дигарро бедор мекунад, заъфҳои иқтисоди Тоҷикистонро бармало кард. Зарбаи аввали пандемия ба шоҳраги даромади иқтисоди Тоҷикистон – интиқоли пули муҳоҷирон – ворид шуд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 22-юми декабр ва пас аз мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон ташвиши мақомоти тоҷикро ба марзи тӯлонӣ ва назораташ душвори Тоҷикистону Афғонистон рабт дод.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули як тарҳ адвокатҳои тоҷикро аз гирифтани иҷозатнома барои мулоқот бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ё судшаванда, озод намуданд.
Меҳрангези 11 сола, сокини ноҳияи Восеъ, панҷ моҳ пеш бо модару чаҳор бародару хоҳараш дар карантин буд. Онҳо дар ҳоле табобат мегирифтанд, ки маъмурони иҷрои қарори додгоҳи ин ноҳия аъзои хонаводаи онҳоро аз манзилашон берун карданд.
Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ дар гузориши нави худ оқибати манфии сирояти КОВИД‑19 ба сиҳати кӯдаконро тасвир кардааст.
Ном ва акси Маъруфҷон Менгатов, пизишки 25-солаи тоҷикро дар авҷи бемории коронавируси нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд нашр кардаанд. Бархе ҳангоми сӯзандору задан ӯро ба тасвир гирифтаанд ва баъзеи дигар ситоиш кардаанд, ки нотарсида барои ёрӣ ба хонаашон рафтааст.
Гуруҳе аз занони маъюб дар шаҳри Душанбе талош доранд, коргоҳи дузандагӣ ташкил кунанд.
Духтари 13-солае, ки шаш моҳ пеш дар шаҳри Ҳисор тифл ба дунё овард, мегӯяд, бо гузашти моҳҳо эҳсоси модар буданро надорад. Ҳоло кӯдакро бо ёрии модару бибияш калон мекунад.
Як сокини шаҳри Турсунзода, ки аз ду пойи равон маҳрум аст, аз президент Эмомалӣ Раҳмон барои бозбинии парвандаи писараш ва раҳо кардани ӯ аз зиндон кӯмак хостааст.
Ноҳияи Рӯдакӣ, ки шаҳри Душанберо аз се самт оғӯш гирифтааст, дар панҷ соли охир бо хабарҳои тақсими ғайриқонунӣ ва фурӯши замин шӯҳрат ёфтааст. Инро бори аввал соли 2017 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард
Дар Тоҷикистон сомонаи нави таҳлилӣ бо нишони nuqta.tj ба кор шуруъ кард. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба суҳбати Набӣ Юсупов, муассиси ин сомона рафтанд.
Дар Тоҷикистон вебсайти нави иттилоотӣ-таҳлилӣ бо номи nuqta.tj ба кор шуруъ кард. Ҳадаф аз таъсиси сомона ба гуфтаи муассисонаш, нашри матлабҳои таҳлилӣ ва омода кардани таҳлилгарон аст.
Додситонии кулли Тоҷикистон бо нигаронӣ аз дуздида шудан ва талаф ёфтани нерӯи барқ як гуруҳи махсус таъсис дода, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чанде аз масъулони Хадамоти фурӯши барқи шаҳри Душанберо ба дуздидани зиёда аз 68 миллион сомонӣ барқ (150 миллион киловатт/соат) гумонбар кардааст.
7-уми ноябр аз таъсиси нахустин театр дар Тоҷикистон 91 сол пур шуд. Дар ин даҳсолаҳо театрҳои кишвар шебу фарози зиёдеро паси сар кардаанд. Ҳоло чӣ ҳол доранд?
Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, озмоишгоҳҳои кишвар дар як шабонаруз тавони ташхиси аз сеюним то чаҳор ҳазор нафар гумонбар ба сирояти коронавирусро доранд.
Дар Тоҷикистон нигоҳҳо ба интихоботи раиси ҷумҳури Амрико мухталиф буда, бархе таҳлилгарон натиҷаи ин маъракаи сиёсиро барои кишвар муҳим арзёбӣ мекунанд.
Коршиносони тоҷик мегӯянд, интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ва пирӯзии ҳар кадоме аз номзадҳо, раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва ё рақиби демократаш Ҷо Байден ба Тоҷикистон ҳам таъсир мерасонад. Чӣ гуна таъсир? Худатон бубинед:
Як ҷавон аз ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон шикоят дорад, ки бо вуҷуди хатми донишгоҳ тариқи квотаи президентӣ ва дарёфти роҳхат, наметавонад ҷои кор пайдо кунад.
Садҳо ҷавони тоҷик аз ноҳияҳои дурдаст, ки бо мусоидати ҳукумат таҳсили карданду мутахассис шуданд, дар зодгоҳҳояшон ҷойи кор намеёбанд ва саргардону нигарон шудаанд.
Ёфтҳои бештар