Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Русия дар Тоҷикистон маркази ҷалб ва омодасозии асноди муҳоҷирони корӣ ба кишварашро таъсис медиҳад. Аз ин ба баъд сокинони Тоҷикистон ҳанӯз дар Душанбе бо корфаромоёни рус қарордоди корӣ имзо карда, иҷозаи кор ва иқомат дар Русияро пайдо мекунанд.
Дар ҳоле ки масъулони “Барқи тоҷик” сабаби бо маҳдудият додани барқро ба хонаҳои мардум ба таъмири хат ва зеристгоҳҳо пайванд доданд, баъзе аз сокинон мегӯянд, анҷоми чунин корҳоро дар маҳалли зисташон намебинанд.
Шикоят дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз норасоии нерӯи барқ зиёд аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба ноҳияи Ваҳдат рафтанд, то назари сокинонро дар бораи норасоӣ ва сабабҳои маҳдудият пурсанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон тарҳи қонунеро қабул карданд, ки аз ширкату корхонаҳо талаб мекунад, ба Тоҷикистон маҳсулоти ғанишуда бо витаминҳои гуногунро ворид кунанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон тарҳи қонунеро қабул карданд, ки аз ширкату корхонаҳо талаб мекунад, ба Тоҷикистон маҳсулоти ғанисозишуда бо витаминҳои гуногунро ворид кунанд. Ҳадаф таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрокаи баландсифат ва муфид барои саломатии инсон будааст.
Як балеринаи тоҷик мехоҳад, ки бо ҳунараш назари ҷомеаро ба ин навъи рақс тағйир бидиҳад.
Як таҳқиқот нишон додааст, ки бепарвоӣ нисбат ба дандонҳои кӯдакон дар Тоҷикистон сабаби густариши бемории кариес ё ба истилоҳи тоҷикӣ пӯсидани дандонҳо мешавад. Тафсилотро дар видео бинед.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки Чин дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пойгоҳи вижа месозад, вале он ба низомиёни тоҷик тааллуқ хоҳад дошт.
Дар авҷи фирор аз Афғонистон паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз кори дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар Душанбе норозигӣ мекунанд, вале намояндагии ин созмон мегӯянд, вазифаи кумакрасонии худро ба гурезаҳо анҷом медиҳанд.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ карданд, ки дар он қатъи муваққатии ваколати додрасҳо пешбинӣ шудааст. Бар асоси тарҳ, пас аз боздоштани ваколати додрас, муфаттишон рафтори додрасу ҷиноятеро, ки эҳтимол аст ба он муттаҳам шавад, тафтиш мекунанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ карданд, ки дар он қатъи муваққатии ваколати додрасҳо пешбинӣ шудааст.
Модари Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯяд, писараш гуноҳе накардааст ва набояд зиндонӣ мешуд. Ӯ умедвор аст, мақомоти олии кишвар ба парвандаи ӯ мудохила мекунанд.
Аз эълони пуркунии ариза барои дарёфти Green Card (гринкорт, корти сабз)-и Амрико ду ҳафта мегузарад, аммо ҳанӯз назди марказҳое, ки ба таҳияи ҳуҷҷати сокинон машғуланд, пур аз одам аст.
Садҳо сокини Тоҷикистон, ки аз бекорӣ ё камии маош ранҷ мекашанд, мехоҳанд, бахти худро барои роҳ ёфтан ба "кишвари имкониятҳо" бисанҷанд.
Шаҳрдори Душанбе хабар дод, ки нархи роҳкиро дар ҳама намуд нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахт боло меравад.
Рӯзи сеюми октябр ба таъсиси телевизиони тоҷик 62 сол пур шуд. Ба қавли собиқадорони соҳа, телевизиони тоҷик кори худро дар шароите оғоз кард, ки аз лиҳози дастрасӣ ба дастгоҳву таҷҳизот ва мутахассис камбуди ҷиддӣ дошт.
Ёфтҳои бештар