Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Дар якуним соли охир, ки иқтисоди Тоҷикистон зери фишори пандемия аст ва бисёре аз соҳаҳо дучори рукуд шудаанд, 30 ташаббускор дар ноҳияҳои тобеи пойтахт бо гирифтани қарзи боимтиёз ва грантҳои Бонки Ҷаҳонӣ тавонистаанд, кори худро шуруъ кунанд.
Гуруҳе аз фаъолони тоҷик дар як маъракаи хайриявӣ ба 170 оилаи паноҳандагони афғон кӯмак расонданд. Онҳо мегӯянд, дар ҷамъоварии кӯмак созмони ҷамъиятии "Пешрафт" ва Хадамоти тибии Бунёди Оғохон ёрӣ расонидаанд.
Интихоби раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми сентябр ҷанҷолбарангез шуд. Муовини вазири маориф мехост, раиси навро "бо мувофиқа" ва дар ҳузури вазири маориф ва раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ интихоб кунанд, аммо вакилони анҷуман напазируфтанд.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як муҳандиси ширкати "Ёқут 2000"-ро ба "вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмон", ки боис ба маъюб шудани Сиёвуш Акобиршоеви 25-сола шуд, ду сол аз озодӣ маҳрум кард, аммо бар асоси қонуни афв озод намуд.
Баҳси Сиёвуш Акобиршоев бо ширкати "Ёқут-2000", ки сабаби маҷруҳ шуданашро дар бетаваҷҷӯҳии раҳбарияти ширкат медонад, дар додгоҳ ба поён расид, аммо масъалаи пардохти ҷуброни зарар норӯшан боқӣ монд.
Додгоҳи олиии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи ноҳия Рӯдакӣ нисбат ба як ҷавони 18 соларо, ки барои “ҳаракати бадахлоқона” нисбат ба ноболиғе гунаҳкор дониста мешуд, бекор кард ва парвандаи ӯ бо айби “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" аз нав баррасӣ мешавад.
Дар шаҳри Душанбе дар ҳамоише дар бинои Иттифоқи нависандагон дар рӯзи зодрӯзаш ёди адиби маъруфи тоҷик Сотим Улуғзодаро гиромӣ доштанд. Нависандагону шоирон ва хонандагони ин адиби маҳбуб аз корномаи Сотим Улуғзода ва хотираҳои худ аз ӯ нақл карданд. Ҳамоиш рӯзи 23-юми сентябр баргузор шуд.
Даҳҳо ронандаи мошинҳои борбар дар Тоҷикистон, ки ба хориҷа бор бурдаву мол меоранд, аз афзоиши нархи иҷозатномаи сафар норозигӣ карданд. Онҳо 22-юми сентябр дар назди Хадамоти давлатии назорату танзим дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон ҷамъ шуданд.
Дар як маросиме дар шаҳри Душанбе ёди Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистонро гиромӣ доштанд, ки 10 сол пеш ӯро як "қосиди сулҳ"-и Толибон кушт.
Амрико дар доираи барномаи COVAX-и Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 100 ҳазор воя ё доза ваксинаи Pfizer-BioNTech дод.
Пас аз тағйири ҳукумат дар Афғонистон, тамоми хароҷоти ягона мактаби афғонӣ дар Тоҷикистон бар дӯши хонаводаҳои мактабхонҳо афтодааст. Аксари хонандагони мактаб аз навоҳии атрофи Душанбе буда, дурии роҳ ва афзоиши хароҷот боиси нигаронии волидони онҳо шудааст.
Пас аз суқути ҳукумати Афғонистон ва ғасб шудани он аз сӯи Толибон тамоми хароҷоти молии ягона мактаби афғонӣ дар Тоҷикистон бар дӯши волидони мактабхонҳо афтодааст.
Пас аз дигаргунӣ дар Афғонистон шеваи овардану бурдани бор тавассути ин кишвар (аз) ба Тоҷикистон тағйир ёфтааст. Гуруҳи тундрави "Толибон" як моҳ пеш назорат бар аксар минтақаҳо ва марзу гузаргоҳҳои Афғонистонро ба даст гирифт.
Омадани Толибону пандемия сабаби кам шудани кори ронандагони мошинҳои боркаш дар Тоҷикистон шуд. Онҳо мегӯянд, даромади хонаводаҳояшон низ каму зиндагӣ сахт шудааст.
Додситонии шаҳри Турсунзода нисбат ба як зан бо иттиҳоми ба худкушӣ расондани арӯси хонавода парванда кушодааст. Мақомот мегӯянд, Хуршеда Холмуродоваи 25-сола сирко хӯрда, "худкушӣ кард". Модараш бовар дорад, ӯро дар хонаи хушдоман "куштаанд", тарафи дигар инкор мекунад.
Додситонии шаҳри Турсунзода нисбат ба як зан бо иттиҳоми ба худкушӣ расондани келинаш парванда боз намудааст. Мақомот мегӯянд, Хуршедаи 25-сола сирко хӯрда, худкушӣ кардааст. Модараш мегӯяд, духтарашро дар хонаи хушдоман куштаанд.
Нархи роҳкиро аз Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои дигари Тоҷикистон гарон шудааст. Агар дар гузашта арзиши сафар аз пойтахт ба Кӯлоб 40-50 сомонӣ буд, ҳоло 60-70 сомонист.
Баҳси як ҷавони тоҷик бо ширкати "Ёқут-2000"-ум, ки далели маҷрӯҳ шуданашро дар бетаваҷҷӯҳии раҳбарияти ширкат медонад, додгоҳӣ шуд.
Ёфтҳои бештар