Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабр дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи порлумон барномаи кории ҳукумат дар соли ояндаро шарҳ медиҳад. Ҳамасола дар моҳи декабр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон паёми солонаи худро ба порлумон ироа мекунад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабр дар порлумони кишвар паёми солонаи худро ироа мекунад. Дар як пурсиши сарироҳӣ дар хиёбонҳои Душанбе хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон интизориҳои онҳоро аз ин паём пурсиданд.
Як ҷавони тоҷик бо дӯстонаш дар шаҳри Анталияи Туркия боғи нигаҳдории шер сохтааст.
Боздошти ҷавоне дар Душанбе бо иттиҳоми лату кӯби як ноболиғ, баҳси азияти кӯдакону наврасонро бори дигар доғ кард. Қаблан низ чандин ҳодисаи озори кӯдакон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд ва хашми бисёриҳоро барангехт.
Боздошти ҷавоне дар Душанбе ба иттиҳоми латукӯби як ноболиғ баҳси азияти кӯдакону наврасонро дар Тоҷикистон бори дигар доғ кард. Як равоншинос мегӯяд, азияту фишор ба равони кӯдакон ва наврасон зарбаи сахт зада, дар вуҷуди онҳо одатҳои бадеро ба мисли дуруғгӯӣ бедор мекунад.
Шаҳри Ғозиёнтеппаи Туркия, ки маҳалли кору иқомати чанд зодаи Тоҷикистон низ ҳаст, дар моҳи феврали имсол шоҳиди заминларзаи сахте буд. Дар натиҷаи он садҳо бино вайрон шуда, ҳазор нафар ҷон бохтанд. Осори зилзила ҳанӯз мондааст. Ҳам дар ҷойи ҳодиса ва ҳам дар зеҳни сокинон.
Созмони WorldPopulationReview дар пажӯҳише гуфт, дар Осиёи Миёна аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд. Тибқи ин гузориш, ҳар шабонарӯз 55 кас Тоҷикистонро тарк мекунанд. Пажӯҳиш сабабҳои муҳоҷират нагуфтааст. "Озодӣ" аз мардум дидгоҳашонро дар ин бора пурсид.
Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки пас аз радди пешниҳоди иштирок дар ҷанги Украина бо шиканҷа ва иттиҳоми сохта аз Русия ронда шудаанд.
Баҳор зодрӯзи Радиои Озодист. Тасодуфан ё дониста нахустин барномаи тоҷикии он рӯзи 21 ё 22-юми марти соли 1953 пахш шудааст.
То як дарди ҷиддӣ пеш наояд, шумо ба назди пизишк ё барои муоина ба духтур меравед? Ин бисёр муҳим будааст, махсусан барои занону духтарон, ки мавридҳои гирифторшавӣ ба саратон дар миёни онҳо зиёд аст.
Баъзе аз занони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон барои корашон, бахусус ҳимоят аз ҳаққи мунтақидону мухолифон ва хабарнигорону фаъолони маданӣ, зери танқид ё фишору таҳдид қарор мегиранду хомӯш мешаванд ва бархеи дигар кишварро тарк мекунанд. Гуруҳе бо вуҷуди душвориҳо ба фаъолияти худ идома медиҳанд.
Дар Тоҷикистон манъи истифодаи телефон ё гаҷетҳое, ки дар махзани ягонаи рамзҳои IMEI ба қайд гирифта нашудаанд ва ё аз расмиёти гумрукӣ нагузаштаанд, оғоз шуд. Ин иқдом харҷи корбарони телефонҳои мобилиро зиёд ва онҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.
Сабти рамзи IMEI телефонҳои сокинон дар Тоҷикистон акнун пулакӣ шудааст ва ин иқдом нигаронии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овардааст. Мардумро бештар пардохтҳои гумрукие нороҳат намудааст, ки бояд пардохт кунанд.
Як сокини ноҳияи Варзоб наздик ба як моҳ боз интизори пайдо кардани ҷасади духтари ғарқшудааш аст.
Як модари ғамзада аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархост дорад, ки барои муваққатан боздоштани маҷрои оби наҳри Варзоб мусоидат намояд. Духтари ноболиғи зан аввали моҳи ноябр дар ин наҳр ғарқ шуд. Хоҳиши модари дилреш ин аст, ки ҷисми беҷони фарзандашро ба хок супорад, то андаке таскин ёбад.
Давоми ду соли оянда давлати Тоҷикистон ҳаҷми кумакҳои иҷтимоиро барои хонаводаҳои камбизоат бештар мекунад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия 15-уми ноябр дар Маҷлиси намояндагон гуфт, қарори ҳукумат қабул шуда, зиёдшавии мизони кумакҳо то соли 2025 идома хоҳад дошт.
19 ноябр Рӯзи ҷаҳонии гиромидошти хотири қурбониёни ҳодисаҳо дар роҳ мебошад.
Пайвандони як ҷавони 25-сола дар шаҳри Ҳисор мегӯянд, кормандони мақомоти интизомӣ бемории равонӣ доштани фарзандашонро ба эътибор нагирифта, ӯро ба артиш бурдаанд.
Ёфтҳои бештар