Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Хонаводаи як зани 39-сола дар ноҳияи Файзобод беш аз шаш моҳ аст духтари бедаракшудаашонро ҷустуҷӯ доранд.
Аз рӯйи хабару гузоришҳои мақомоти умури дохилӣ, мавридҳои дуздии пул аз хонаву дохили мошини шаҳрвандон дар Тоҷикистон бештао шудааст. Ин бор хабарнигорони "Озодӣ" аз мардум пурсиданд, ки пулҳои худро дар куҷо нигоҳ медоранд ва барои эмин нигоҳ доштан куҷоро беҳтар меҳисобанд?
6-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Дар Қонуни асосӣ пешбинӣ шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда фароҳам меорад ва ҳама дар назди қонун баробаранд.
Пурсиши Радиои Озодӣ дар Рӯзи Конститутсия дар кӯчаҳои Душанбе барпо шудааст
Тибқи пешбинии обуҳавшиносон, ин ҳафта ҳарорати ҳаво дар кишвар то 8-10 дараҷа паст мешавад ва ба дунболи он сардиҳо оғоз хоҳад шуд. Мардуми Тоҷикистон барои зимистони имсола чӣ омодагӣ доранд? Нархи сӯзишворӣ бахусус ангишт то куҷо барои аҳолӣ дастрас аст.
Тибқи пешбинии обуҳавшиносон, ин ҳафта ҳарорати ҳаво дар кишвар то 8-10 дараҷа паст мешавад ва ба дунболи он сардиҳо оғоз хоҳад шуд. Мардуми Тоҷикистон барои зимистони имсола чӣ омодагӣ доранд? Нархи сӯзишворӣ бахусус ангишт то куҷо барои аҳолӣ дастрас аст?.
Гаронии нархи мева дар бозорҳои Тоҷикистон баъзе аз сокинонро нигарон кардааст.
Ин шабу рӯз маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмат дар Тоҷикистон идома дорад. Вазорати дифоъ аз иҷрои 66%-и нақша хабар дод. Мақомот мегӯянд, теъдоди ихтиёриён афзудааст. Баъзе аз сокинон аз фишор ва маҷбурӣ ба артиш бурдани ҷавонон мегӯянд.
Оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, аз пурэҳтиромтарин шахсиятҳои таърихӣ дар ҷаҳон дар Қунияи қаламрави имрӯзаи Туркия асрҳо боз ба як масири умдаи сайёҳӣ ва зиёрати ирфонӣ табдил ёфтааст.
Дар ҳоле ки бемористонҳои Тоҷикистон бо камбуди мутахассисон рӯбарӯст, баъзе аз пизишкони тоҷик ба хориҷа рафтаанд ва аз кору зиндагии худ розиянд. Яке аз онҳо Ситора Қодирова аст, пизишки занон.
Туркия макони кору зиндагии ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик аст. Бархе дар ин кишвар на фақат барои худ роҳу ҷойгоҳ пайдо кардаанд, балки барои дигарон ҳам ҷойи кор офаридаанд.
Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ 2 навори латукӯби кӯдакон аз тарафи модаронашон нашр шуд. ВКД баъдан хабар дод, ки ин 2 занро боздошт кард. "Озодӣ" аз сокинон пурсид, ба латукуби кӯдак аз ҷониби волидайн чӣ назар доранд? Ва ба ақидаи онҳо чӣ сабаб мешавад, ки волидон кӯдаконашонро бизананд?
Сафиаллоҳ Мирзозодаи ҳафтсола, ки аз сели маргбор дар шаҳри Ваҳдат ба таври муъҷизаосо наҷот ёфт, ҳоло дар бемористон аст.
Палави тоҷикӣ, шакаробу қурутоб, фатиру кулча ва чойи сабзи тоҷикӣ. Чойхонае дар як гӯшаи Истанбули Туркия барои тоҷикони ин кишвар ва хориҷиён дастурхони тоҷикӣ ороста, фазои тоҷикона фароҳам овардааст.
Як чойхона дар шаҳри Истанбули Туркия ба мизоҷон аз тамоми ҷаҳон хӯрокҳои тоҷикӣ пешниҳод мекунад. Ин чойхона ки «Тоҷикона» ном дорад, бо нақшу нигори миллӣ ороиш ёфта ва онҷо мусиқии тоҷикӣ ҳам садо медиҳад.
Дар ҳоле, ки баъзе сокинон мегӯянд, барои рӯзгузаронӣ пул надорад, мақомот пайваста дар бораи захира кардани хӯрокворӣ барои ду сол таъкид мекунанд. Расонаҳои давлатӣ онро таблиғ мекунанду мухолифон саҳнасозӣ меноманд. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки онҳо оё захира доранд ва он барои чанд вақт мерасад?
Аҳмадҷон Азизов се моҳ пеш дар ҷустуҷӯи кори беҳтар ба шаҳри Истанбули Туркия рафт. Дар мағозае ба ҳайси дастёри фурӯшанда кор мекард. Ҳоло санади будубош надорад ва талош мекунад ба чашми пулис наафтад.
Теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Туркия рӯ ба афзоиш аст ва шумораи онҳо сол то сол меафзояд. Масалан онҳое, ки аз Қазоқистон ва ё Русия ронда шудаанд, ба Туркия мераванду онҷо кор мекунанд. Аммо дар ин кишвар ҳам кор осон нест ва баъзе аз онҳо бинобар санадҳои нодуруст ба мушкилот меафтанд.
То оғози мавсими таҳсил рӯзҳои башумор мондааст. Дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор мактаб аст, ки дар онҳо бештар аз 2 миллион таҳсил мекунанд. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки мехоҳанд фарзандонашон дар кадом мактаб таҳсил кунад ва чаро? Оё имкони дар мактабҳои пулакӣ гузоштани фарзандашонро доранд?
Ёфтҳои бештар