Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Ташвишу шикояти сокинони Тоҷикистон дар мавриди бо маҳдудият гирифтани нерӯи барқ рӯзҳои охир бештар шудааст. Дар ҳоле ки мақомот барои содир кардани он ба баъзе аз кишварҳои ҳамсоя қарордоди нав имзо карданд.
Баръакси интизории деҳқонон зимистони имсола дар Тоҷикистон камбориш омада, хатари нагирифтани ҳосили дилхоҳро бештар кардааст.
Рӯзи 16-уми январ дар баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла, Бонки миллӣ, Академияи илмҳо ва Кумитаи ҷавонон, тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Чизе, ки намояндагони мухолифон бештар ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна ё вафодор ба ҳукумати ҳозира медонанд.
Як корбари Радиои Озодӣ бо ирсоли номае шикоят кард, ки дар пайи боло рафтани маблағи маҳр (қалин), наметавонад издивоҷ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло маблағи қалин то 70 ҳазор сомонӣ боло рафтааст. Дар пайи ин хоҳиш барои бозтоби мавзуъ, Радиои Озодӣ аз сокинон пурсид, ки нархи қалин бояд чанд бошад?
Пайвандони як ҷавон аз шаҳри Ваҳдат мегӯянд, бо гузашти се моҳ аз лаҳзаи боздошт намедонанд, ки ӯ дар чӣ ҳол аст ва ҷараёни таҳқиқи парвандааш ба куҷо расида.
Мақомоти Қирғизистон гузоришҳоро дар бораи баррасии тарҳи бисёрзанӣ дар ин кишвар рад карданд. Пештар хабар расида буд, ки вакилони Қирғизистон мехоҳанд ба мардон иҷозаи чандҳамсарӣ бидиҳанд. Мавзӯи бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон солҳо боз баҳс мешавад, ҳарчанд Конститутсия онро манъ кардааст.
Як сокини ноҳияи Шаҳритус порае аз ҷигарашро ба ҳамсараш додааст. Аз ин кори ӯ бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавсиф карданд. Муҳаммадӣ Лолахонов мегӯяд, аз талошҳои 25 сола барои табобати ҳамсараш, тасмим гирифт порае аз ҷигари худро ба занаш диҳад. Гузориши мо дар ҳамин бора аст.
Марде, ки порае аз ҷигарашро ба ҳамсараш дод, ин рафторашро садоқат ба модари фарзандонаш ном бурд. Муҳаммадӣ Лолахонов, сокини 53-солаи ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, пас аз солҳо талош барои табобати ҳамсараш, тасмим гирифт порае аз ҷигари худро ба занаш диҳад.
Посухҳоро якҷо мебинем:
Охири моҳи декабри соли 2023 мақомот гуфтанд, ки аз худкушии як сокини 21-сола дар шаҳри Душанбе пешгирӣ кардаанд. Раёсати корҳои дохилии пойтахт гуфт, ки зани ҷавон мехост худро аз ошёнаи ҳафтум ба замин партояд. Якдигарнофаҳмӣ байни ӯ, волидон ва ҳамсари собиқашро сабаби чунин рафтор гуфтанд.
Бо фаро расидани соли нави мелодӣ, муштариёни мағозаи фурӯши ҷонварон дар шаҳри Душанбе зиёд шудааст. Имсол харидорон аз ин мағозаҳо бештар моҳиҳои зинда дар обгина ё аквариумро пурсон мешудаанд. Зеро аз рӯи тақвими чинӣ, соли 2024 “Соли наҳанг ё моҳӣ” аст, ки дар Тоҷикистон низ маъмул мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 28-уми декабр дар паёмаш ба порлумон аз он интиқод кард, ки бархе сокинон духтарони худро баъди хатми синфи 9 аз таҳсил дур мекунанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ назари сокинонро дар бораи таҳсили духтарон пурсиданд.
Дандонҳои сирконий ва садаф ҷойи дандонҳои тилоро дар Тоҷикистон гирифтаанд. Чӣ гуна?
Як маркази байналмилалии омӯзиши забони англисӣ дар радабандии худ Тоҷикистонро аз нигоҳи донистани забони англисӣ дар зинаи пасттарин қарор додааст.
То соли нави мелодӣ чанд рӯзи дигар монд. Дар Душанбе имсол арчаи асосӣ ва дарозтарини солинавӣ дар майдони Истиқлол қомат афрохт. Ҷашни расмии соли навӣ ҳам дар ҳамин майдон баргузор мешавад.
Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе чаҳор рӯз боз аз кори низоми гармидиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, шабҳои сарди зимистони имсоларо дар хонаҳои сард мегузаронанд. Интиқоли оби гарм ба баъзе аз маҳаллаҳо рӯзи шанбе, 16-уми декабр, бас шудааст.
Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе чаҳор рӯз боз аз кори низоми гармидиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, аввалин шабҳои сарди зимистони имсоларо дар хонаҳои сард мегузаронанд. Интиқоли оби гарм ба баъзе маҳаллаҳо рӯзи шанбе, 16-уми декабр, бас шудааст.
Тақсими мерос боис ба ҷангу душмании баъзе аз хоҳарону бародарон дар Тоҷикистон шудааст. Чаро?
Дар яке аз шаҳрҳои қадимии Туркия имрӯз ҳам ҳунарҳои мардумиро пеш мебаранд. Гулдӯзиву зардӯзӣ ва бофандагӣ аз ҳунарҳоест, ки дар шаҳри Ғозиёнтеппа аксаран модарон қабл аз арӯсии духтаронашон онро анҷом медиҳанд. Ҳунари марумиву қадимие, ки дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон низ ҳанӯз аз роиҷ аст.
Ёфтҳои бештар