Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Ҳукумати ноҳияи Фархор гӯшаеро дар осорхонаи ин ноҳия бо номи Бахтиёр Худойназаров таъсис додааст.
Мактаббачаҳои деҳаи Чилтории ҷамоати деҳоти Сарихосор ҳар рӯз барои дарс хондан дар мактаб 7 километр роҳро тай мекунанд. Аммо дар рӯзҳои борон ё барф онҳо аз мактаб меҳрум мемонанд.
Иззатулло Ҳаёев -- собиқ раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, ки дар 79-солагӣ аз олам даргузашт, дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд. Маросими видоъ бо ӯ дар масҷиди марказӣ баргузор гардид.
Хонаводаи як ҷавон 19-сола, ки тоза мактаби миёнаро хатм карда буд, мегӯянд, фарзандашон Файзалӣ Латифов бо баҳонаи кор ба Русия рафт, аммо хабараш аз Ироқ расид.
Падари як хонандаи мактаби таҳсилоти умумии шумораи 50-и шаҳри Кӯлоб аз сӯи додгоҳ барои ворид шудани писарашон ба мактаб бо телефони мобилӣ, 40 сомонӣ ҷарима шудааст.
Гурӯҳе аз кормандони маҳаллии пойгоҳи 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб ба нишони эътироз дар нисбати пардохт нашудани маоши шашмоҳаашон дар дохил ва беруни пойгоҳ гирдиҳам омадаанд.
Дастаи тозатаъстиси футболбоздухтарони Кӯлоб дар нахустин бозиаш як тими писаронаро мағлуб кард.
Идораи маорифи Кӯлоб аз мактабҳои миёнаи ин шаҳр хостааст, оҷилан 800 000 сомонӣ қарзашон аз ҳисоби китобҳои дарсиро ҷамъ биоранд. Хонандаҳо муваззаф шудаанд, аз 5 то 20 сомонӣ диҳанд.
Муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ кори дастгоҳҳои нави ташхискунандаи мутобиқати генетикии наварӯсонро шарҳ дод
Бори аввал Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Кӯлоб аз никоҳи расмии ҷуфте, ки бо ҳам пайванди хешу таборӣ доштаанд, худдорӣ кард.
Суханони раиси ноҳияи Восеъ дар мулоқот бо муаллимон, ки "хари Восеи қаҳрамонро бо асп иваз хоҳад кард", онҳореро, ки дар бунёди ин пайкара саҳм гузоштаанд, ҳайрат овардааст.
Ҷанҷоли ду ҳамсоя дар Кӯлоб бо кордзанӣ анҷом ёфтааст. Яке аз ин ҳамсояҳо дар бемористон бистрист ва дигаре баъд аз боздошт ва бозпурсӣ раҳо шудааст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқ идома дорад.
Омӯзгорону толибилмони яке аз мактабҳои шаҳри Кӯлоб кран ё худ борбардори саҳни ин мактабро хатарбор дониста, барои наздик нашудани хонандагону сокинон ба он навбатдорӣ ташкил кардаанд.
Дар шаҳри Кӯлоб ҳудуди 10 адад кранҳои бекорхобида, ки дар назди мактаб ва манзилҳои сокинон аст, дар зарфи чанд соли ахир боиси ҷароҳат бардоштан ва ҳатто марги ноболиғон шудааст.
Ҳафтаи гузашта дар Варзоб хабари марги ҷавонзане наздиконашро такон дод. Дар ноҳияи Фархор осори ҷасади арӯси ҷавони дигаре пайдо шуд, ки беш аз як сол дар ҷустуҷӯ буд.
Насим Наботов -- сокини 28-солаи ноҳияи Фархор, ки замоне донишҷӯи донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи Ломоносов будааст, ҳоло ба тахмини волидонаш дар Сурия қарор дорад.
Рӯзи 25 март зимни таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб, ба ин шаҳр шаҳодатномаи "пойтахти фарҳангӣ"-и Иттиҳоди давлатҳои мустақил ё СНГ супорида шуд.
Ҷавондухтаре, ки дар як намоишномаи наврӯзӣ нақши “арӯси гунг”-ро бозӣ карда буд, пас аз анҷоми намоиш худро дар оғили хонаашон ба дор овехтааст.
Донишманди тоҷик Зафар Мирзоён мегӯяд, ки дар «Қуръон»- и маҷид нукоти зиёде дида мешавад дар гиромидошти офаридаҳои Худованд. Ӯ ин иддаоҳоро, ки таҷлил аз Наврӯзро хилофи аризшҳои исломӣ аст, бепоя медонад.
Ёфтҳои бештар