Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Ахиран дар бемористони Кӯлоб ҷавони 30-солаи гирифтори ВИЧ, вируси ангезандаи СПИД аз олам рафт. Дар 23 соли охир дар ин минтақа 281 нафар аз ҳамин бемории қаттол даргузаштаанд.
Даҳҳо генералу афсари пойгоҳи низомии Русия ва кормандони сафорати ин кишвар пас аз 91 соли қатли Николай Томин, ба суроғи мавзеи қатли ин фармондеҳи Артииши Сурх ба ноҳияи Восеъ омаданд.
Пас аз 18 соли бефарзандӣ як сокини 35-солаи ноҳияи Мӯъминобод якбора се фарзанд - ду духтару як писар ба дунё овард.
Раҳмон Қаюмов, бародари нафаре ки дар Туркия ба ташкили куштори Умаралӣ Қувватов айбдор мешавад, мегӯяд, ба ин бовар надорад.
Як сокини Кӯлоб мегӯяд, азбаски номи ӯ ҳам Сулаймон Қаюмов аст, баъди қатли Умаралӣ Қувватов дар "Одноклассники" садҳо таҳдид гирифта, маҷбур шудааст, номи саҳифаашро дар "Одноклассники" дигар кунад.
Сулаймон Қаюмов, сокини 33-солаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, "ман бо он Сулаймон Қаюмове, ки гӯё барои куштани Қувватов боздошт шудааст, фақат ҳамному ҳамнасабем."
Наздиконаш аз Умаралӣ Қувватов як фарди кумакрасон, ҳамкорони собиқаш тоҷири хуб ва иддае сиёсатмадори тасодуфӣ ва шахси таваккалӣ ном мебаранд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар пайи таъсиси "Гурӯҳи 24", ӯро бемори рӯҳӣ унвон карда буд.
Пайвандони Сулаймон Қаюмов, сокини ноҳияи Восеъ, ки гуфта мешавад дар робита ба куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24" боздошт шудааст, мегӯянд, ӯ барои тиҷорат ба Туркия рафта буд.
Гурӯҳи духтарони ноҳияи Мӯъминободи минтақаи Кӯлоб, 250-километрии пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз сабқати ҷумҳуриявии қаиқронҳо дар вилояти Суғд бо пирӯзӣ бармегарданд.
Волидайни ду донишҷӯи донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз додгоҳ хостанд, муттаҳами куштори писари онҳоро, ки ҳукми абад гирифтааст, аз ҷавобгарӣ озод кунад. Онҳо иддао доранд, дар қатли фарзандонашон на ин ҷавон, балки шахси комилан дигар даст дорад.
Видео аз яке аз ҳавзаҳои шаҳри Кӯлоб
Видео аз яке аз ҳавзаҳо дар шаҳри Кӯлоб
Дар яке аз ҳавзаҳои шаҳри Кӯлоб масъули интихобот ба ҷои аҳли хонавода овоз додани як нафарро ҷоиз номид.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз як сокини минтақаи Кӯлоб, ки қасди раъйдиҳӣ дошт, пурсид, ба ҷои чанд кас овоз медиҳад. Дар ҷавоб ин сокини Кӯлоб гуфт: Ба ҷои се кас. Ва шарҳ дод, ки дигарон ба кор банд ҳастанду ӯ ба ҷои онҳо раъй медиҳад.
Видео аз яке аз қитъаҳои интихоботии шаҳри Кӯлоб
Падари се муҳоҷир, ки пайваста аз писаронаш пул дарёфт мекард, дар сабқати "Бонки Эсхата" пирӯз шуд ва 100 ҳазор сомониро бо худ бурд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои ҳар зане, ки фарзанди аввалашро ба дунё меорад, 120 сомнӣ "ширпулӣ" хоҳанд дод. Аммо занон мегӯянд, ин пул кирои "коғазбозӣ"-ро надорад.
Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақа Кӯлоб барои муҳоҷироне, ки аз Русия баргаштаанд ва ҷои кор надоранд, панҷ "мардикорбозор" таъсис додааст.
Тоқии гулбасти чакан аз навтарин мӯди Наврӯзии имсол аст, ки аз ҳоло дар Кӯлоб бозори фурӯшаш гарм шудааст.
Шумори донишҷӯёни мадрасаҳои хориҷӣ аз минтақаи Кӯлоб дар як соли охир қариб 4 маротиба афзуда, ба 26 нафар расидааст.
Ёфтҳои бештар