Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар ҳодисаи таркиши снаряд дар рустои Зуломободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) як нафар ҳалок шуда, ду тани дигар бо захмҳои шадид ба бемористон интиқол ёфтаанд. Пизишкон мегӯянд, вазъи саломати яке аз беморон нигаронкунанда аст.
Ба Боғи ҳайвонот, ки дар майдони якунимгектарӣ сохта мешавад, аввал ҷонварони алафхӯру парранда, аз қабили харгӯшу мурғобӣ ва товусро меоранд ва баъдан онро бо ҳайвоноти нодир ва бузург ба мисли хирс пур мекунанд.
Дар шаҳри Кӯлоб бинои кинотеатри боқимонда аз даврони Шӯравии собиқро вайрон карданд. Мақомоти Кӯлоб гуфтанд, ки дар ҷойи кинотеатри “Комсомол” пояи 50-метрии парчами миллии Тоҷикистон сохта хоҳад шуд.
Додгоҳи Фархори вилояти Хатлон ду сокини ин ноҳияро барои барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ва таблиғи ақидаҳои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба 5-солии зиндон маҳкум кардааст.
Аввалин мусофироне, ки рӯзи 24 август тавассути роҳи оҳани нави Кӯлоб-Қӯрғонтеппа-Душанбе саёҳат мекунанд, 200 донишҷӯ аз шаҳри Кӯлоб хоҳанд буд.
Хадамоти беҳдоштӣ дар минтақаи Кӯлоб мушаххас кардааст, ки шаш узви хонаводаи Шариф Таваккалов, сокини деҳаи Навободи ҷамоати Кӯлоб бар асари доруи заҳрдори "фосфори органикӣ" заҳролуд шудаанд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб барои бори аввал як гурӯҳи даҳ нафарии занони говҷӯш аз ин минтақаро ба шаҳри Ростови лаби Дон фиристодааст.
Дар ҳодисаи занозанӣ миёни сокинони ду деҳаи ноҳияи Данғара се нафар гунаҳгор дониста шуда ва ҳамакнун яке аз онҳо ба ҳабс гирифта шудааст.
Мақомоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 38 устоди ин донишгоҳоро ба иллати ба гуфтаи онҳо "камсаводӣ" ва "тасодуфӣ" будан, аз кор барканор карданд. Ба гуфтаи масъулони донишгоҳ, санҷиши дониши устодон дар пайи шикояти донишҷӯён баргузор шуд.
Додситонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар робита ба ҳодисаи заҳролуд шудани хонандагони мактаби 3-и ин ноҳия, алайҳи мудири ин мактаб Амриддин Назаров ва як корманди корхонаи безараргардонии ҳашарот, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Зоир Усмонови 31-соларо моҳи июн дар марзи Сурия ва Туркия дастгир кардаанд ва рӯзи 20-уми июл ба Душанбе овардаанд. Мақомот мегӯянд, Зоир як сол пеш ба сафи гурӯҳи ифротгарои "Давлати исломӣ" пайвастааст. Бародараш ба Радиои Озодӣ нақл кард, кӣ чӣ гуна Зоир ба Сурия рафтааст ва онҷо чӣ кор мекард.
Хонаводаи як сокини 31-солаи ноҳияи Ховалинг, ки бовар меравад дар марзи Сурияву Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст, мегӯяд, ҳанӯз дар бораи маҳалли нигаҳдории фарзанд хабаре надоранд.
Парвандаи се корманди комиссариятҳои ҳарбии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Мӯъминобод барои "қаллобӣ" ва "вайрон намудани тартиби ба хизмат ҷалб намудани наваскарон", ба додгоҳ ирсол шудааст.
Додгоҳи низомии Душанбе як сарбоз ва ду афсари қисми низомии 02011-и Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ дар ноҳияи Раштро дар латту кӯб ва марги ҳамхизматашон Бахтиёр Қурбонмадов гунаҳкор дониста, ба зиндон маҳкум кардааст.
Додгоҳи низомии Душанбе як сарбоз ва ду афсари қисми низомии Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ дар ноҳияи Раштро дар латту кӯб ва марги ҳамхизматашон Бахтиёр Қурбонмадов гунаҳкор дониста, ба зиндон маҳкум кардааст.
Додгоҳи Восеъ ба "Тоҷиксодиротбонк" се рӯз мӯҳлат додааст, ки 6 ҳазор доллари сокини ин ноҳия Хуршед Маҳмадиевро баргардонад ва дар ғайри он алайҳи ин бонк чораҳои дигарро рӯи даст хоҳанд гирифт.
Даҳҳо навраси деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор бо фаро расидани фасли гармо таътили тобистонаи худро бо кашонидани харбуза мегузаронанд, то барои соли таҳсили оянда ҳадди ақал либосҳои мактабӣ бихаранд
Додситонии ҳарбии гарнизони Кӯлоб алайҳи як афсари нирӯҳои марзбонӣ барои латту кӯби ҳафт сарбоз парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ва эълони ҳукм ба додгоҳ фиристодааст.
Садҳо мухлиси футбол, аз ҷумла занон, бозии тими мунтахаби Фаронса ва Португалияро аз рӯи экранҳои бузург дар маркази ноҳияи Фархор тамошо карданд. Мақомот гуфтанд, ки бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистонро низ намоиш хоҳанд дод.
Як сокини ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҳини убур аз марзи Сурия ба Туркия боздошт шудааст ва ҳоло мақомоти турк сабабҳои ба хоки ин кишвар ворид шудани ӯро тафтиш мекунанд.
Ёфтҳои бештар