Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Бар асари чаппа шудани як теппа дар кони тилои Шугнов ду сокини Ховалинг ҷон бохтаанд. Ҳодиса шоми рӯзи гузашта иттифоқ афтода, ҷасади бародарон Тоҳир ва Дилшод Маҳмадовҳоро танҳо соати даҳи имрӯз ёфтаанд.
Як устоди ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки баъди нӯшидани сирко ба бемористон интиқол ёфта буд ва вазъи саломатиаш вахим гуфта мешуд, субҳи имрӯз даргузашт.
Як омӯзгори ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баъди нӯшидани сирко ба бемористон интиқол ёфтааст ва табибон мегӯянд, вазъи сиҳатиаш бисёр бад аст. Гуфта мешавад, ки ӯ баъди ҷанҷоли хонаводагӣ хостааст, худкушӣ кунад.
Пойгоҳи низомии 201-и Русия шаш моҳ қабл аз Кӯлоб ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯч баст ва аз он замон то ба ин дам сокинони деҳаи Дараи оби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нафаси тоза мекашанд.
Пойгоҳи низомии 201-и Русия шаш моҳ қабл аз Кӯлоб ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯч баст ва аз он замон то ин дам сокинони деҳаи Дараи оби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нафаси тоза мекашанд.
Додгоҳе дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин се ҷавони маҳаллиро барои муомилаи ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир ва гаравгон кардани яке аз онҳо дар дасти қочоқбарон аз 6 то 14 сол ба зиндон маҳкум кард.
Як сокини ноҳияи Восеъ "Тоҷикисодиротбонк"-ро барои бозпас надодани 6 ҳазор доллар пасандозаш, ба додгоҳ кашидааст.
Интиқоли гази табиӣ ба манозили сокинони Кӯлоб қатъ шудааст ва иллати ин амр пардохт нашудани маблағи истифодаи он аз ҷониби аҳолӣ гуфта мешавад.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, ки то оғози соли нави таҳсил дастикам 70 устоди "тасодуфӣ" ва "камсавод"-ро ихроҷ хоҳанд кард.
Миёни ҷавонони кӯлобӣ кам нестанд ҷавононе,ки дар муҳорибаи бидуни қоида худро дидаанд. Як рӯз аз тарғибот сипарӣ нашуда, ҷавонони зиёде ба ин гурӯҳ павастанд.
Гурӯҳе аз занон дар ноҳияи Восеъ дастаи доиранавозиро ташкил додаанд ва дар ҷашнҳои мардум ҳунарнамоӣ карда, хонаводаҳоро аз харҷҳои барзиёд халос мекунанд.
Хадамоти назорати давлатии санитарии назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмӯъ 25 хонандаи мактаби деҳаи Хоҷа Ғалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин), аз доруи зидди ҳашарот заҳролуд шудаанд.
Баъди ҳамлаи малах ба зироати деҳқонони рустои Сурхоб дар ноҳияи Фархор мақомот ба инҷо омада, мардуми кишоварзро дилбардорӣ карданд, ки малахҳо сер ҳастанд ва фақат барои тухмгузорӣ омадаанд.
Баъди ҳамлаи малах ба зироати деҳқонони рустои Сурхоб дар Фархор, мақомот ба инҷо омада ва мардуми кишоварзро дилбадорӣ кардаанд, ки малахҳо сер ҳастанд ва фақат барои тухмгузорӣ омадаанд.
Ёқуби Саидаҳмад, сокини чорсолаи рустои Хоҷаҳақиқи ноҳияи Муъминобод, билохира ба орзуяш, яъне доштани дучарха расид.
Ду муҳоҷири кории тоҷик дар Русия барои Ёқуби Саидаҳмад, кӯдаки чорсола аз рустои Хоҷаҳақиқи ноҳияи Муъминобод дучарха ҳадя карданд. Ин наврас дучархасавориро дӯст медорад, аммо қаблан ба далели надоштани буҷа падараш натавониста буд, ин хоҳиши ӯро пурра иҷро кунад.
Сокинони як деҳаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон гӯё аз замину замон кандаанд. Онҳо мегӯянд, ки 24 сол боз на барқ доранд, на мактаб, на бунгоҳи тиббӣ ва на роҳи хуби мошингард.
Писари бузурги Сабзамоҳ дар Сурия бедарак шудааст ва писари хурдии ӯро мақомот дар роҳ ба Сурия боздошт карданд.
Ёфтҳои бештар