Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Мақомот дар ноҳияи Восеи минтақаи Хатлон мегӯянд, ҳар довталаби зиёрати Хонаи Худо ва онҳое, қи қасди баргузор кардани ҷашни арӯсӣ доранд, бояд пули хадамоти коммуналӣ ва андозҳоро пурра пардохт намоянд ва дар ғайри он, ба онҳо иҷозаи рафтан ба Ҳаҷҷ ва баргузор кардани маъракаҳо дода намешавад.
Баҳриддин Мирзозода, сардори идораи Бозрасии давлатии автомобилии Кӯлоб, хабари садама бо иштироки Ғаффор Қодирзода – раҳбари Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ин минтақаро тасдиқ кард.
Соҳибкори шинохта дар Кӯлоб Миралӣ Ҳасанов маъруф ба "Алабердӣ", рӯзи 10 январ дар як муноқиша бо гурӯҳи ҷавонон, кушта шудааст.
Миралӣ Ҳасанов, соҳибкори шинохта дар шаҳри Кӯлоб дар як муноқиша бо гурӯҳи ҷавонон, кушта шудааст.
Аҳмади Иброҳим, хабарнигори тоҷик, китоби тозаи худро дар бораи ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба Суғд ва истодагарии сокинони маҳаллӣ дар баробари ҳамлаҳои ӯро аз чоп баровард. Вай рӯзи 7 январ гуфт, ки талош дорад, китобаш ба хонандагон низ омӯзонда шавад.
Бобоҷон Азиз овозхони машҳур ва маҳбуб дар бистари беморист ва бо таассуф мегӯяд,ки дигар имкони дар маҳофили мардум ҳунарнамоӣ карданро надорад.
Аз хонаи собиқ менеҷер ё мудири иҷроияи "Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон" дар шаҳри Кӯлоб, ҳудуди 120 ҳазор долар ба яғмо рафт.
Дар пайи ба минтақаи Фахрободи ноҳияи Рӯдакӣ кӯч бастани Пойгоҳи низомии 201-и Русия аз маркази шаҳри Кӯлоб дар авоили соли 2016, сокинони деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оромиро ба даст оварданд.
Сардиҳои зимистони имсола зиндагии Худойқул Урозов ва ҳамсару кӯдакони ӯро талх кардааст. Ин хонаводаи иборат аз панҷ нафар баъди як имзои Худойқул Урозов дар 2 соли пеш аз манзили падарӣ дар ноҳияи Панҷ маҳрум шуда, ҳоло дар як кулбаи “оҳанӣ” дар рустои Кокули ноҳияи Фархор, ҳаммарз бо Афғонистон, зиндагӣ дорад.
Як сокини ноҳияи Восеъ аз "Тоҷикисодиротбонк" бар ивази шаш ҳазор доллари пасандозҳои бебозгашташ як мошини "Toyota Camry" дарёфт кард ва бо ҳамин баҳси дарозмуддаташ бо ин бонк ба охир расид.
Барномаи озуқаи СММ ба муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб кумакҳои пизишкӣ ироа кардааст. Аз ин кумак, ки асосан аз дастгоҳи ташхиси кори қалб, дастгоҳи тамографӣ, ултрасадо ва таҷҳизоти зарурии дигар иборатанд, аз ҳама бештар бемороне истиқбол карданд, ки ниёз ба доруву дармон доранд.
Аз ду моҳ боз сокинони деҳаҳои Сариёзи боло ва Сариёзи поёни ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб аз оби ошомиданӣ маҳруманд. Сокинони ин маҳалҳо аз масофаи як километр дурӣ ба хонаҳои худ об мекашонанд.
Аз ду моҳ боз сокинони деҳаҳои Сариосиёи боло ва Сариосиёи поёни ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб аз оби ошомиданӣ маҳруманд. Сокинони ин маҳал масофаи як километр дурӣ ба хонаҳои худ об мекашонанд.
Ишқи ӯ бо як ҷавон аз деҳаи Порвор анъанаи солҳо побарҷои як деҳаи кӯҳистониро тағйир дод. Мафтуна Қурбоноваи 59-сола 42 соли қабл аз шаҳри Кӯлоб бо як ҷавони порворӣ издивоҷ кард ва ин деҳаро макони зист қарор дод.
Бостоншиносони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон якҷо бо гурӯҳе аз антропологҳои Русия дар ноҳияи Фархори ҳаммарз бо Афғонистон ду ҷасадеро пайдо карданд, ки ба асри биринҷӣ рост меояд.
Сохтмони корхонаи полоиши нафту газ дар ноҳияи Данғара дубора тамдид шуд ва мӯҳлати пешбинишудаи анҷоми корҳои моҳи марти соли 2017 таъйин шудааст. Масъулин умедворанд, ки дар сурати ба истифода додани корхона, қимати маҳсулоти ниҳоии нафтӣ дар кишвар поин меравад.
Хабари марги Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба, як сокини 79-солаи шаҳри Кӯлобро дар Тоҷикистон ғамзада кард. Ҷумъахон Назриев, ки дар Кӯлоб бештар бо лақаби “Кубинетс” шинохта шудааст, ҳоло дар кунҷи ҳуҷраи хурд барои, ба қавли ӯ, "бародараш Фидел" азодорӣ мекунад.
Хабари марги Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба, як сокини 79-солаи шаҳри Кӯлобро дар Тоҷикистон ғамзада кард. Ҷумъахон Назриев, ки дар Кӯлоб бештар бо лақаби “Кубинетс” шинохта шудааст, ҳоло дар кунҷи ҳуҷраи хурд барои, ба қавли ӯ, “бародараш Фидел” азодорӣ мекунад.
Муборак Муқимӣ (Рустамзода), сокини 21-солаи Кӯлоб, ки соли гузашта аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид "Малолаи тоҷик" ном гирифт, мегӯяд, ба тарғиби таҳсили духтарон дар Тоҷикистон идома хоҳад дод. Ӯ аввали моҳи ноябр ба Эфиопия рафта, дар як ҷаласаи Созмони Милал ҳам иштирок кард.
Ёфтҳои бештар