Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Сокинони як ҷамоати ноҳияи Фархор панҷ рӯз боз комилан аз нерӯи барқ маҳруманд. Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” ин вазъро ба хароб шудани хатти интиқоли нерӯи барқ марбут дониста ва гуфтанд, ки “базудӣ масъаларо ҳал хоҳанд кард”. Дар ҷамоати “Ватан”-и ноҳияи Фархор 20 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
Як зани рус, ки ба гуфтаи худаш тақдир чил соли пеш ӯро ба ноҳияи дурдасти Мӯъминобод овард, ба занони ин минтақа ҳунарҳои тоҷикиро меомӯзонад. Надежда Саидова 62 сол дорад ва расман фарроши яке аз мактабҳои миёнаи Мӯъминобод аст.
22 ноябр дар Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб барфи зиёд борид. Барои сокинони маҳаллӣ ин боришот ногаҳонӣ ва ғофилгиркунанда буд, чун ҳанӯз тирамоҳ охир нашуда ва борон ҳам наборида, якбора барфи зиёд борид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинонро ба захираи ғизову сӯзишворӣ даъват кардаа
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар манзилҳои худ ба миқдори зарурӣ сӯзишворӣ захира кунанд. Ҳавошиносон мегӯянд, ки ҳавои сард ва боридани барф тӯли як ҳафта идома хоҳад ёфт.
Мақомоти шаҳри Кӯлоб дафтари пешини ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро, ки тайи бештар аз як сол боз дараш қуфл ва тирезаҳояш мӯҳр зада шуда буд, дар ихтиёри ширкати “Чакан” гузоштанд. Зариф Валиев, раиси ширкат, гуфт, баъди ҷобаҷогузории таҷҳизот ба корашон идома хоҳанд дод.
Сокини 76-солаи Ҳамадонӣ намедонад, сарашаро ба куҷо занад: 11 азизаш ба қаламравҳои зери назари ДИИШ рафтанд ва баъди кушта шудани писараш аз онҳо ҳеҷ дараке нест.
Сокини 76-солаи Ҳамадонӣ намедонад, сарашаро ба куҷо занад: 11 азизаш ба қаламравҳои зери назари ДИИШ рафтанд ва баъди кушта шудани писараш аз онҳо ҳам ҳеҷ дараке нест.
Порвор -- деҳаест дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон. Шумораи зиёди сокинони ин деҳаро навҷавонону хурдсолон ташкил медиҳанд. Хурдсолони ин деҳа ҳар кадом ояндаашонро аз нигоҳи кӯдаконаи худ мебинанд ва дар бораи он қисса мекунанд.
Деҳаи Порвори ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) дар водии Тагноб, дар миёни марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ буда, ҳудуди 200 хоҷагӣ дорад.
Деҳаи Порвор 200 хоҷагӣ дорад ва мушкили аслии сокинонаш набуди кор ва қочоқи маводи мухаддир мебошад. Ин русто дар марзи Афғонистон ҷойгир аст ва кӯдакони он орзу доранд ояндаи беҳтаре назар ба волидонашон дошта бошанд
Зулайхои сесола бобову бибиашро падару модар мегӯяд, вале намедонад, ки падари воқеиаш ҳазорҳо километр дуртар аз ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоб ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шуда ва модари ӯро низ бо худ бурдааст.
Бар асари сӯхтор дар каҳдони яке аз сокинони деҳаи Осмонбикаи ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ се кӯдаки аз 2 то 5-сола ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса аз "беаҳамиятии волидон ва оташбозии кӯдакон" рух додааст.
Як афсари 27-солаи тоҷик зимни муқовимат бо қочоқбарон дар марз бо Афғонистон кушта шудааст. Бо афзоиши кишту қочоқи маводи мухаддир дар кишвари ҳамсоя талоши қочоқбарон барои вуруд ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Дар шаҳри Кӯлоб бузургтарин беморхонаи муосир бо сармояи давлати Олмон бунёд хоҳад шуд. Ба қавли масъулони соҳаи тиб, ин ягона беморхонаи бузург дар ҳудуди вилояти Хатлон хоҳад буд, ки метавонад дар сатҳи кишвар ва берун аз он хадамоти беҳдоштиро ба роҳ монад.
Дар Кӯлоб сохтмони шифохонаи минтақавӣ шурӯъ шуд, ки барои хидматрасонӣ ба бештар аз як миллион нафар мардуми минтақа пешбинӣ шудааст.
Зиндагии Маъруфро, ки орзуҳои зиёд дорад ва мехоҳад, баъди мактаб ба донишгоҳ равад, таркиши снаряде комилан тағйир дод. Ҳодиса рӯзи 15 августи имсол дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух дод ва ин ҷавонро аз як чашму як даст маҳрум кард.
Иддае аз сокинони минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки аз чор рӯз ба ин тараф дар рустоҳо лимит ё маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шудааст. Ба гуфтаи ин сокинон, интиқоли неруи барқ рӯзона аз соати нӯҳи саҳар то панҷи шом ва шабона аз даҳи шаб то чори субҳ маҳдуд аст.
Баъди 16 соли қатли шоир ва рӯзноманигори тоҷик Искандари Хатлонӣ, зодрӯзаш дар хонаи волидонаш хоксорона бо ҷамъи хонавода таҷлил шуд. Хонаводаи Искандари Хатлонӣ мегӯяд, агар умр вафо мекард, имрӯз ӯ ба синни 63 қадам мегузошт.
Додгоҳи шаҳри Кӯлоб як сокини 29-солаи маҳаллиро барои аъмоли террористӣ ва ифротгароёна муҷрим шинохта ба 13 соли зиндон маҳкум кард.
Шеърхонии кӯдакон назди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафарҳояш ба минтақа солҳост ба як расм табдил ёфтааст. Моҳҳо пеш аз сафари Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро барои шеърхонӣ омода мекунанд.
Ёфтҳои бештар