Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар Кӯлоб, яке аз шаҳрҳои бузургтарини Тоҷикистон, барои аввалин бор аз замони фурӯпошии Шӯравӣ як тоҷир дӯкони гулфурӯшӣ боз кардааст.
Як ҷуфти афғон тифли навзоди худро, ки тариқи ҷарроҳӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) бо кумаки пизишкони тоҷик ба дунё омадааст, Эмомалӣ ном гузоштаанд.
Панҷ узви як хонавода аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз Эрон ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин хонавода моҳе пеш ҳангоми талоши убури марз аз Зоҳидони Эрон ба Афғонистон боздошт шудааст.
Хонандагони мактаби №30–и деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор дар орзуи мактаби наву замонавӣ ҳастанд. Дар пайи барфу боронҳои ахир саҳни ин мактаб ба як кӯли воқеӣ мубаддал шуда, об ҳатто зери фарши синфхонаҳоро пур кардааст.
Шамс Зарифов ва Ҷӯрахон Кабиров, ду марди бознишаста аз минтақаи Кӯлобро бештар бо аризаҳои шикоятиашон мешиносанд. Онҳо дар як сол фақат ба идораи зиддифасоди Кӯлоб то сад нома фиристодаанд.
Ду сокини Кӯлобро дар зодгоҳашон мақомот дӯст намедоранд, чун ба гуфтаи онҳо номабоз ҳастанд ва ҳамеша шикоят мекунанд. Шамс Зарифов ва Ҷурахон Кабиров, ду пирамарди бознишаста айбномаро рад мекунанд.
Як хонаводаи тоҷик, ки дар сардиҳои зимистон бо кӯдаконаш дар кулбаи "оҳанӣ" ба сар мебурд, баъди гузориши Радиои Озодӣ кӯмакҳои молӣ дарёфт карда, ба худ хона сохтааст. Идораи ҷангали ноҳияи Фархор барои Худойқул Урозов дар мавзеи Кокул қитъаи заминеро ҷудо кард, то ин хонавода битавонад хона созад.
Додгоҳи минтақаи Кӯлоб як ҷавони 24-соларо барои зинда ба "гӯр" кардани модараш ба 25 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳукумати Ховалинг баъд аз ҳодисаи "саркафонӣ"-и 8 зоир вуруд ба оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар ин ноҳияро манъ кардааст.
Мақомоти интизомии вилояти Хатлон соли гузашта даҳ падару модарро барои издивоҷи бармаҳали духтаронашон ба додгоҳ кашидаанд. Онҳо гуфтанд, ки дар муқоиса ба соли 2015 дар соли гузашта шаш ҳодиса бештар издивоҷи барвақтӣ мушоҳида шуд.
Умеда Сафаралиева, сокини 33-солаи Кӯлоб мегӯяд, баъди онки ятим монд, аслан ба мактаб ҳам нарафт ва хатту саводи кофӣ надошт. "Янгаам пайваста маро азият мекард ва ман хаёл кардам, хонаи шавҳар аз хонаи янга беҳтар аст", - гуфт ӯ.
“Ҳоло падарам аз кардааш пушаймон аст, вале чорае надорад”, - мегӯяд Ширин.
Ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) тасмим дорад, ки ду майдони лижарониро дар маркази ноҳия бозсозӣ кунад. Дар ин ноҳия қариб шаш моҳ фасли сардӣ ҳукмрон аст ва аз авоили моҳи ноябр то охирҳои моҳи март ҳама ҷо барфпӯш мебошад.
Мақомоти нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз боздошти 7 шаҳрванди Бангладеш хабар доданд.
Мақомоти нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз боздошти 7 шаҳрванди Бангладеш хабар доданд. Насимҷон Носиров, муовини фармондеҳи қисми ҳарбии 2133-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ, гуфт, ин афрод ҳангоми кӯшиши убури марз ба тарафи Афғонистон боздошт шуда, ҳоло нисбат ба онҳо тафтишот оғоз гардидааст.
Мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб мегӯянд, ки бинобар кам будани мусофирон, шумораи парвозҳо шадидан коҳиш ёфта, ҳоло аз ин маркази минтақаи ҷанубии Тоҷикистон парвозҳо танҳо дар масири Кӯлоб-Маскав анҷом мешаванд.
Шаҳрдории Кӯлоб ба манзури боло бурдани сатҳи саводу дониши кормандони мақомоти маҳаллӣ, таълими “Дарси имло”-ро ҷорӣ кардааст. Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб панҷшанбеи 19 январ зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, ин тадбир “бинобар саводи ками бархе аз мутахассисони шаҳрдорӣ”, рӯи даст гирифта шудааст.
Мусо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ рӯзи 19 январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки сар аз нимсолаи дуввуми соли 2016 қоидаи назорат аз пардохтҳои ҳатмии коммуналиву андоз амал мекунад ва бар асоси он сокинони маҳаллӣ ҳақи гирифтани роҳхати зиёрати Хонаи Худоро ба даст меоранд.
Ёфтҳои бештар