Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Ҷӯрахон Кабиров, сокини 69-солаи шаҳри Кӯлоб, ки ҳамчун фаъоли ҷамъиятӣ аз камбудҳои шаҳр доим ба мақомот муроҷиат мекунад, дар арафаи интихобот аввал тасмим дошт, ба ин маъракаи сиёсӣ намеравад. Мегӯяд, ноадолатиҳои иҷтимоӣ ӯро водор кард, ки тасмимашро дигар кунад.
Беморӣ ва мушкилиҳои рӯзгор қомати Маҳбуба Ғаниева, сокини шаҳри Кӯлобро хам ва чеҳраашро пурожанг кард, вале талошҳои ӯро барои зиндагӣ кам нанамуд.
Сокинони дастикам чаҳор маҳалла дар маркази ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон шикоят доранд, ки солҳост ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва касе ба мушкили онҳо расидагӣ намекунад. Мақомот мегӯянд, соли гузашта бо мадади соҳибкорону шахсони алоҳида хатти об кашиданд ва мушкил аз байн рафтааст.
Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” дар ҷануи Тоҷикистон китоби тозаи худро дар бораи давлатсозии шоҳ Куруши Кабир ва баъзе паҳлуҳои зиндагии ӯ бо маликаи Устурушан (Истаравшани ҳозира) Касандона рӯи чоп овард.
Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” дар ҷануби Тоҷикистон китоби тозаи худро дар бораи давлатсозии шоҳ Куруши Кабир ва баъзе паҳлуҳои зиндагии ӯ бо маликаи Устурушан (Истаравшани ҳозира) Касандона рӯи чоп овард.
Маъмурони иҷрои қарори додгоҳ ё судиҷрочиён як занро бо панҷ фарзандаш дар ноҳияи Восеъ аз манзили зисте, ки солҳо зиндагӣ мекард, берун карданд ва ба дари ин хона қуфл заданд.
Маззаи нони танӯрӣ дигар аст
Дар чаҳор соли ахир дар бемористони ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара беш аз 1100 ҷарроҳии пластикӣ анҷом додаанд. Пизишкон мегӯянд, ҷарроҳӣ бепул аст ва довталабон бештар биниву рӯй, пӯст ва бахшҳои дигари бадани худро тағйир додан мехоҳанд.
Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб, ки соли гузашта бо сохтмони боғе дар пешвози раиси ҷумҳури Тоҷикистон саҳм гирифт, 5 миллион сомонӣ (муодили ним миллион доллар) қарздор шудааст.
Алихон Назаров, падари сарбози собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки барои дуздии чорво ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст, мегӯяд, баъди марги ҳамсараш роҳи ӯро идома медиҳад ва талош мекунад, то бегуноҳии фарзандашро исбот кунад.
Донишҷӯёни коллеҷ ё омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки моҳҳо боз стипендияи худро гирифта наметавонанд. Ҳадди ақалли стипендия дар Тоҷикистон 150 сомонӣ аст.
Бар асари чаппа шудани як теппа дар кони тилои Шугнови ноҳияи Ховалинг ду нафар ҷон бохта, ду каси дигар маҷруҳ шудаанд.
Мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб дар робита ба оташсӯзии ҷангалзори Хоҷа-Мӯъмин воқеъ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ду нафарро боздошт карданд.
Мақомоти расмӣ дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ки мумкин аст, то соли 2021 ба ин ноҳия мақоми шаҳр дода шавад.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, ду табиб дар минтақаи Кӯлоб аз бемории СOVID-19 ва 12 нафари дигарашон бар асари бемории “илтиҳоби шуш” фавтидаанд.
Ёфтҳои бештар