Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Оҷонсии мубориза бо фасод ба зидди 5 афсари милиса дар минтақаи Кӯлоб бо иттиҳоми ришвахорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз ваколат ва сохтакорӣ парванда боз кардааст.
Саъбагул Холбобоева, модари Шарифхон Назаров, сарбози собиқи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду ҳафтаи эълони ҳукми писараш, рӯзи 30-юми июн, дар роҳ ба сӯйи боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб фавтидааст.
Кори нодурусти чароғакҳои роҳнамо дар Кӯлоб, севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон ҳаракати мардуми нақлиёт дар ин шаҳрро хатарноку мушкил кардааст.
Сарбози говдузд ҷазо гирифт. Модараш мехоҳад фармондеҳаш ҳам ҷазо гирад
Додситонии ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таҳқиқи марги як марзбони ҷавон дар ноҳияи Мурғоб оғоз кард. Ба иттилои манобеи тафтишотӣ, Нозимҷон Гулиеви 20-сола ҳангоми хидмат дар қисми низомӣ аз тири силоҳ ҷон бохтааст.
Сокинони деҳае дар ноҳияи Восеъ солҳост, ки ташаналаб мегарданд. Пандемияи коронавирус на танҳо кашонидани обро ба ин русто ба таъхир гузошт, бар замми он аз обе, ки ҳамсояҳояшон медоданд, маҳрум намуд.
Як ҷавонзан дар Кӯлоб, ки баъд аз моҷарои хонаводагӣ худашро оташ задааст, субҳи рӯзи 13-уми июн даргузашт.
Фаъолони гуруҳи "Кӯлоби ман" дар Фейсбук ба пизишкону бемористонҳои минтақа ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ кумак кардаанд. Онҳо мегӯянд, ба ин маблағ васоили тиббиву муҳофизатӣ хариданд. Тафсилотро дар гузориши видеоӣ бинед.
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми “фасодкорӣ” дастгир кардаанд.
Марде, ки рӯзи 6-уми июн худро дар назди бинои Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб оташ зад, дар бемористон даргузаштааст.
Як сокини ноҳияи Фархор мегӯяд, мақомот роҳи хонаашро ба кишоварзон додаанд ва ӯву аъзои оила барои рафтан ба ҷое маҷбур бояд аз байни обу лою алаф гузаранд. Муовини раиси ҳукумати ноҳияи Фархор гуфт, аз ин мушкил хабар надоштанд ва танҳо баъд аз муроҷиат ба ҳалли он мепардозанд.
Дар шаҳри Кӯлоб, ки то ҳафтаи гузашта имкони ташхиси коронавируси навро надошт, ҳоло чаҳор нафар рӯзона то 12 соат машғули озмоиши луобу моеъоти бемороне, ҳастанд, ки аломатҳои бемории СОVID-19-ро доранд.
Бо гузашти тақрибан як моҳ аз замони эълони расмии сирояти коронавируси нав ба Тоҷикистон, дар шаҳри Кулоб ташхисгоҳи сайёри ин бемориро боз карданд. Чаҳор нафар дар озмоишгоҳ кор мекунанд ва мегӯянд, ки натиҷаҳоро то 5 соат маълум мекунанд.
Зиёд шудани фавт дар як моҳи гузашта ва ҳамингуна кори гӯрканҳо масъулони ду оромгоҳ дар Кӯлобро маҷбур кардааст, ки чанд қабрро бо экскаватор кананд. Коре, ки ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон намекарданд.
Ёфтҳои бештар