Вакилони рус мехоҳанд, муҳоҷирон дигар бачаҳояшонро ба Русия наоранд

Акс аз бойгонист.

Гурӯҳе аз вакилони рус тарҳи қонунеро ба Думаи давлатӣ палатаи поёнии порлумон пешниҳод кардаанд, ки дар сурати қабул, иҷоза намедиҳад, муҳоҷирони кории тоҷик, зану фарзандонашонро бо худ ба Русия баранд.

Дар тарҳи санаде, ки чанде аз вакилони муҳоҷирситези рус ба порлумон пешниҳод кардаанд, омадааст, ки “муҳоҷирони корие, ки меоянд, ҳақ надоранд бо худ аъзои оилаашонро ба Русия биёранд, ба истиснои шаҳрвандони Белорус ва мутахассисони ботаҷрибаи хориҷӣ”.

Дар шарҳи расмии ин санад, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ ҳаст, муаллифонаш гуфтаанд, қабули қонун имкон медиҳад, маҷрои муҳоҷирати корӣ, ки ба Русия бисёр зиёд шудааст, коҳиш дода шавад. Муаллифон ҳам аз ҷиноҳи ҳизби “Русияи одил-Барои ҳақиқат” ва аз ҷумла Сергей Миронов ва Олег Нилов ҳастанд, ки дар ҷаласаҳои Думаи давлатӣ ҳамеша муҳоҷиронро мусибате барои мардуми таҳҷоӣ ва сабаби бадбахтиҳои зиёде дар Русия меноманд.

Тарҳи қонун “Қоидаҳои вуруд ва ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ ва аъзои хонаводаҳои онҳо, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд” унвон дорад. Муаллифони санад ваҷҳ овардаанд, ки қабули чунин қонуне зарур аст, зеро ҳузури “аъзои хонаводаҳои муҳоҷирон, ки аксаран дастнигар ҳастанд, ба буҷаи Русия фишори зиёд меоранд. Хонаводаҳои муҳоҷирон аз мактабу, шифохонаҳо ва дигар хадамоти иҷтимоӣ фаъолона истифода мебаранд, ки хароҷоти иловагӣ аз буҷаи марказӣ ва минтақавӣ талаб мекунад.”

Пешниҳоди тарҳи нави қонун дар бораи муҳоҷирон, идомаи талошҳои ҳукумату порлумони Русия аст, ки аз баҳори соли 2024 ва баъди ҳамлаи маргбор ба толори консертии Крокус дар канори Маскав оғоз кард. Дар ин ҳамлаи шубҳабарангез, ки 145 нафар кушта шуданд, муҳоҷирони тоҷикро муттаҳам мекунанд, ки ҳоло муҳокимаашон паси дарҳои баста идома дорад.

Баъди ин ҳодиса, шикори муҳоҷирон дар Русия ошкору пинҳон оғоз шуд, онҳоро аз ҳаққи кор дар соҳаҳои гуногун маҳрум намуданд, ҷазо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро сахт карданд, қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳоро печидаву душвор сохтанд.

Бо вуҷуди ихроҷҳои дастаҷамъӣ ва аз фурудгоҳҳои Русия баргардонидани ҳазорон муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ, бахусус аз Тоҷикистон, талабот ба нерӯи онҳо дар Русия имсол афзудааст. Дар шарҳи расмии вакилони Думаи давлатӣ омадааст, дар ним соли гузашта ба хориҷиён 114 ҳазор иҷозаи кор додаанд, ки дар муқоиса ба 6 моҳи соли 2024 якуним маротиба зиёд аст. Соли 2025 ба қавли онҳо дар Русия 6 миллиону 500 ҳазор хориҷӣ ҳузур доштаанд, ки “баёнгари афзоиши чашмгири муҳоҷират” ба Русия аст.

Ба қавли вазорати умури дохилии Русия теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ бештар аз 630 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Муаллифони санад гуфтаанд, ки қабули ин тарҳ имкон медиҳад, маҷрои муҳоҷират ба Русия аз ҳисоби наомадани аъзои хонаводаҳои муҳоҷирон аз 15 то 20 дар сад камтар карда шавад.

Маълум нест, ки ин қонун қабул мешавад, ё не, чун худи ҳукумати Русия тайи як даҳсолаи гузашта саъй кардааст, мушкилоти демографӣ, аз ҷумла коҳиши босуръати аҳолиро аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ҷуброн кунад, ки бо гузашти чанд сол шаҳрванди Русия мешаванд.

Аммо агар қабул шавад, паёмадҳои ногуворе барои кишварҳои муҳоҷирфирист, мисли Тоҷикистон хоҳад дошт. Аз ҷумла ин қонун зиндагии бисёре аз муҳоҷиронеро, ки бо ҳадафи кор ва иқомати дарозмуддат ба Русия меоянд, сахт мекунад, чун онҳоро маҷбур месозад, зану фарзанди худро дар ватан монанд ва коргари мавсимӣ шаванд.

Дар ин сурат сутунҳои хонавода осеб мебинад, ҳиҷрони дарозмуддат фишори равонӣ ба ҳарду тарафро зиёд мекунад, теъдоди бачаҳое, ки фақат дар тарбияи модар мемонанд, меафзояд. Дар сурати тасвиби тарҳи қонун мумкин аст, муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия камтар шавад, ки ноноварони аслии хонавода ҳастанд ва солона миллиардҳо доллар ба кишвар фиристода, саҳми бузурге дар пешрафти иқтисоди Тоҷикистон мегузоранд.

Пешбинии дигар ин аст, ки шояд сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон боло рафта, фишори иҷтимоӣ зиёд шавад, ки паёмадаш ошӯбу бесуботӣ буда метавонад. Аз паёмадҳои дигари қабули тарҳ ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ ин аст, ки эҳтимоли қонуншиканӣ ва фасод зиёдтар мешавад, чун муҳоҷирон аз ҳар роҳе мехоҳанд, хонаводаҳои худро биёранд ва ин мушкили муҳоҷирати ғайриқонуниро дар Русия зиёдтар мекунад, баръакси он чизе, ки вакилони Думаи давлатӣ мехоҳанд.