Дар қарори шаҳрдории Душанбе аз 13 август, омадааст, сокиноне, ки ҳисобкунакҳои обӣ доранд, барои 1 метри мукааб об, 2,60 сомонӣ пардохт хоҳанд кард. То ин вақт сокинон барои ин миқдор об 2,26 сомонӣ, пардохт мекарданд.
Корхонаву муассисаҳои давлатӣ барои ҳар як метри мукааб оби ошомиданӣ ба ҷои 2 сомонӣ ва 77 дирами қаблӣ, 3 сомонӣ ва 59 дирам пардохт хоҳанд кард. Ташкилотҳои тиҷоратӣ аз ин пас барои ин миқдор об ба ҷойи 4 сомонӣ ва 28 дирами қаблӣ, 9 сомонӣ ва 10 дирам пардохт мекунанд.
Тибқи қарори нави шаҳрдорӣ, онҳое, ки дар баландошёнаҳо зиндагӣ мекунанд ва онҷо ҳисобкунак насб нашудааст, нарх барои 1 нафар 28,9 сомонӣ муқаррар шудааст. Сокинони ҳавлиҳои шахсӣ, ки бо об ва системаи фозилоб таъмин ҳастанд, барои як нафар дар моҳ 23,39 сомонӣ мепардозанд.
Мақомот дар тасмими худ гуфтанд, ки ҳадаф, "баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ҷиҳати муносибгардонии фаъолияти истеҳсоливу хоҷагидорӣ ва кам кардани талафот дар шабакаҳои оби нӯшокӣ аст".
Дар гузашта низ мақомот чанд дафъа нархи обро барои сокинон ва корхонаҳо боло бурда, далелашро харҷи зиёди ниҳоди таъмини об ва беҳтар кардани хадамот унвон карда буданд.
Аммо сокинон мегӯянд, бо гузашти солҳо хадамот ба таври зарурӣ беҳбуд наёфтааст ва ҳанӯз ҳам дар баъзе аз минтақаҳои пойтахт ба ошёнаҳои аз дувум боло об намебарояд. Аз ҷумла, ин тобистон сокинони баъзе биноҳои истиқоматӣ дар пойтахт об надоштаанд ва аз он шикоят карданд, ки дар хонаҳои болотар аз табақаи дуюм соатҳо беоб мемонанд.
Бархе масъулони корхонаи "Обу корези Душанбе" яке аз далелҳои камобӣ дар маҳаллаҳои гуногуни Душанберо, ки оби онҳо аз зери замин аст, кам шудани захираҳои зеризаминии об ва поён рафтани сатҳи онҳо гуфтанд. Онҳо ҳамчунин камобиро ба зиёд шудани талабот ба об дар тобистон рабт доданд, вале аз рӯйи даст гирифтани иқдоми мушаххасе барои рафъи ин мушкил чизе нагуфтанд.
Тайи солҳои ахир дар пойтахти Тоҷикистон ва дигар шаҳрҳои кишвар ҳукумат аз ҳисоби миллионҳо доллар қарзи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва дигар муассисаҳои байналмилалии молӣ шабакаҳои фарсудаи таъмини обу фозилобро таъмир кардааст, аммо бо вуҷуди ин на ҳамаи хонаҳо ба таври муносиб бо об таъмин ҳастанд.
Боло рафтани нархи об дар Душанбе дар ҳолест, ки шаҳр чанд соли ахир мизбони бузургтарин нишастҳои ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти об дар курраи Замин аст.