Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони Қирғизистон мегӯянд, зиндагиашон дигар шудааст


Тоҷиктаборон мегӯянд, дар фазои дӯстӣ бо мардуми маҳаллӣ зиндагӣ доранд.
Тоҷиктаборон мегӯянд, дар фазои дӯстӣ бо мардуми маҳаллӣ зиндагӣ доранд.

Тоҷикони муқими Қирғизистон мегӯянд, пас аз имзои созишномаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон зиндагии онҳо комилан дигар шудааст.

Набиҷон Нодиров беш аз 30 сол боз дар шаҳри Уши Қирғизистон пизишк аст ва шаҳрвандии ин кишварро дорад. Ба гуфтаи худаш, вай аз зодгоҳаш, ноҳияи Лахши Тоҷикистон дар солҳои ҷанги дохилӣ ба Қирғизистон кӯчид ва дар ин ҷо муқимӣ шуд. Ин табиби тоҷик мегӯяд, тули ин солҳо робитаашро бо Тоҷикистон накандааст, вале муноқишаҳои марзӣ ба ҳаётӣ ӯ бетаъсир набудаанд.

“Мушкил шуда буд. Мо қариб ҳар сол 2-3 бор ба Тоҷикистон мерафтем. Онҷо хешу табор ва фарзандонам ҳастанд. Чор сол баста шуд ва натавонистем равем. Дар ин байн, лекин як бор рафта омадем. Тоҷикистон иҷозат медод, ҳарчанд иҷозати Қирғизистон набуд, лекин тавонистем рафта оем. Имсол аллакай ду бор рафта омадем, роҳ бозу хуб аст,”—гуфт ӯ.

“Помир”, макони гирдиҳам омадани тоҷиктаборон

Бештар тоҷиктаборонро дар шаҳри Уш аз чойхонаи “Помир” мешавад пайдо кард. Зодагони вилояти Бадахшон дар даврони Шӯравӣ барои кор дар коргоҳи нақлиётии Помир ба инҷо омадаанд. Ҳоло ба гуфтаи раҳбари тоҷикони вилояти Уш, 45 хонаводаи помирӣ дар ин шаҳр зиндагӣ доранд ва дар маҷмӯъ ба ҷамъияти тоҷикон 8 ҳазор нафар тоҷикони муқимӣ аъзо ҳастанд.

Чойхонаи "Помир"
Чойхонаи "Помир"

Райҳонбегим Худоназарова, шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон гуфт, шод ҳастанд, ки маҳдудияти сафар ба Тоҷикистон бардошта шудааст.

“Ман ба тозагӣ аз Исфара, аз осоишгоҳи Зумрад ва тамошои Хуҷанд баргаштам. Чунки ин шаҳри бачагиҳои ман аст. Дидани ватан нафаси тоза мебахшад. Бо ифтихор аз он ҷумҳурие, ки зиндагӣ дорем, ватанро ёд мекунем ва ба нерӯи тозаи он ниёз дорем, мисли ҳар фарди дигар,”—гуфт ӯ.

Саргузашти тоҷикони Интимоқ

Тоҷикони ноҳияи Интимоқи Қирғизистон аксаран дар ҳамин ҷо таваллуд шудаанд ва гузаштагонашон дар асри 19 ба инҷо омадаанд. Ҳоло тақрибан сесад хонаводаи онҳо дар инҷо зиндагӣ мекунанд.

Видеоро инҷо бинед:

"Дар давраи ҷанҷоли марзӣ ҳукумати Қирғизистон аз мо ҳимоят кард!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:30 0:00

Собирҷон Маҳмадраҳимов, раиси ҷамъияти тоҷикони Интимоқ гуфт: “Бобокалонҳои мо солҳои 1870 инҷо омадаанд. Он вақт ҳамагӣ 4-5 кас будаанд, инҷо духтарони тоҷик набуданд. Аз қирғизҳо оиладор шуда, хешу табор гаштаанд ва бо ҳамин тарз оилаҳои мо зиёд гаштаанд”.

Тоҷикони муқими Қирғизистон
Тоҷикони муқими Қирғизистон

Аксари онҳо бо сабабҳои гуногун аз водии Рашт ба ин ҷо куч бастаанд. Яке аз чунин оилаҳо хонаводаи Маҳмадшарифовҳо ҳастанд ва ба гуфтаашон, ҳарчанд ба Тоҷикистон кам мераванд, вале риштаи хешутабориро накандаанд.

“Хешҳои падарию модаримон аз Ҷиргатолу Қаротегин ҳастанд. Ҳамон рӯзе, ки сарҳадро кушоданд, онҳо омада рафтанд. Меҳмон шуданд. Рафтуомад соз аст,”—гуфт Изатулло Маҳмадшарифов, шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон гуфт.

Ба гуфтаи тоҷикони Қирғизистон, баҳсу муноқишаҳои марзӣ ба ҳаёти онҳо таъсири зиёд нарасондааст ва аз ҷониби мақомоти Қирғизистон фишору азият надидаанд.

Собирҷон Маҳмадраҳимов, раиси ҷамъияти тоҷикони Интимоқ гуфт: “Мо дар инҷо зиндагӣ мекунем ва ба ҳаёти мо баҳсҳо ҳеҷ таъсире нарасондааст. Ба давлатамон ҳазор раҳмат, ки ҳама масъулони давлатӣ ҳолу аҳволи моро пурсиданд, то ба ягон воҳима дода нашавем. Давлат ҳамаашро ҳамвор кард ва зур зиндагӣ кардем”.

Зиндагии тоҷикони вилояти Уш ба ҳаёти мардуми Тоҷикистон монанд аст. Қисме аз онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва қисме дигар бо деҳқониву чорводорӣ машғуланд. Дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ фаъолона иштирок мекардаанд.

Холиқназар Алиназаров, раиси тоҷикони вилояти Уши Қирғизистон гуфт, дар ин кишвар ҳеч мушкиле надоранд. “Писари ман ҳам ҳаминҷо хонд ва коркуни давлатӣ буд. Духтарам дар як бонк ба ҳайси мудир кор мекунад. Агар савод дошта бошӣ масъулони давлатӣ барои кор имкон медиҳанд. Мегӯянд, ки бояд аз миллатҳои гуногун ба касбу кор ҷалб карда шаванд. Дар ин самт ягон мушкилот надорем,”—гуфт ӯ.

Вақте марз боз шуд...

Вилояти Уши Қирғизистон бо ду вилояти Тоҷикистон, Бадахшону Суғд наздикӣ дорад. Моҳи марти имсол гузаргоҳҳои сарҳадӣ аввал ба самти вилояти Суғд боз шуданд ва баъдан бо вилояти Бадахшон. Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 1000 километр марзи муштарак доранд ва мардуми ду кишвар бо баҳонаи кор ва пайвандҳои хешутаборӣ ба ҳудудҳои ҳамдигар гузашта кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, урфу одат ва муҳити ба ҳам монанд, сабаби пойдории дӯстӣ дар ин минтақа аст. Ҳарчанд солҳо бар сари обу замин ва роҳу дигар ниёзи зиндагӣ бо ҳам баҳсу муноқиша доштанд, акнун аз сулҳу ҳамзистӣ мегӯянд.

Тоҷикони Қирғизистон
Тоҷикони Қирғизистон

Дар ҳоле, ки назари сокинони ду тарафи марз ба ин кор маълум нест, ҳукумати Ботканд гуфтааст, сокинон аз дақиқ шудани марз ва кашидани симхорро хуб хуб дарк мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи аломатгузории марз бо Қирғизистон ва кашидани симхор ҳеч гуна шарҳе намедиҳанд.

Мақомоти қирғиз қаблан гуфта буданд, то охири имсол беш аз 400 километр марзро бояд симхор кашанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 киломтер аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд.

Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.

Созишнома дар бораи аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 13-уми март дар шаҳри Бишкек аз сӯи президентҳои ду кишвар имзо шуд.

Тарҳи ба ҳам омадани хабарнигорони се кишвари водии Фарғонаро Иттиҳоди Аврупо ва Олмон сармоягузорӣ кардаанд. Интизор меравад, ин дафъа рӯзноманигорону блогерон дар Қирғизистон ва Узбекистон ҷамъ оянд.

Тоҷикони Қирғизистон
Тоҷикони Қирғизистон

Баъзе аз мунтақидон мегӯянд, иштирокдорони ин тарҳ набояд ба мисли расонаҳои давлатӣ танҳо "балегӯӣ" кунанд, балки бештар ба бозтоби душвориҳои мардум ва ҳалли мушкилоти онҳо дар минтақаҳои наздимарзӣ низ иқдом намоянд.

Раҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ки дар гузашта бар сари таъйини сарҳаду тақсими об баҳс доштанд, рӯзи 31-уми март созишномаро дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишварро имзо карданд.

Ҳар се кишвари Осиёи Марказӣ дар гузашта бар сари таъйини марз ва убуру мурур аз қаламравҳои ҳамдигар мушкил доштанд. Ин номуайянӣ дар чор соли пеш дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон сабаби задухӯрдҳои мусаллаҳона гашт ва аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG