Ба гурӯҳи «А» тимҳои миллии Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Умон дохиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи олимпӣ ва варзишгоҳи “Ҷар”-и шаҳри Тошканд баргузор шудааст.
Ба гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон шомиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифтааст.
Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи «В» аз тими миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Баъдан футболбозони тоҷик дар даври дуюм тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд.
Тими миллии Эрон дар ҳарду бозиаш Афғонистонро бо ҳисоби 3:1 ва Ҳиндустонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.
Ба ин тартиб, дар ҷадвали гурӯҳи “В” эрониҳо бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кардаанд. Футболбозони Тоҷикистону Ҳиндустон бо сеимтизӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд. Мунтахаби Афғонистон бидуни имтиёз дар зинаи чаҳоруи ҷойгир шудааст.
Бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи “В” рӯзи панҷшанбеи 4-уми сентябр доир мегарданд. Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор Афғонистон бо Ҳиндустон (соати 17:00) ва Тоҷикистон бо Эрон (соати 20:30) вориди рақобат мешаванд.
Дар гурӯҳи “А” дастаи мизбон – Узбекистон ва тими Умон бо 4-имтиёзӣ пешсафанд. Футболбозони узбек бозиро бо тими Умон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода, дар даври дуюм Туркманистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуданд. Умониҳо дар бозии дуюмашон Қирғизистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.
Бозии даври аввал миёни дастаҳои Қирғизистону Туркманистон бо ҳисоби 1:1 хотима ёфта буд. Ҳарду даста бо якимтёзӣ дар ҷойҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.
Бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи “А” рӯзи ҷумъаи 5-уми сентябр доир мешаванд. Дар варзишгоҳҳои Тошканд Туркманистон бо Умон (соати 17:00) ва Узбекистон бо Қирғизистон (соати 19:30) рақобат хоҳанд кард.
Тибқи муқаррароти Ҷоми миллатҳои CAFA-2025 бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар шакли даврӣ баргузор мешаванд. Сипас ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд.
Бозии ниҳоии мусобиқа дар Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҳисор барпо мегарданд.
Ҷоми миллатҳои CAFA-2025 («CAFA Nations Cup 2025»)
Гурӯҳи «А» (Тошканд, Узбекистон)
Даври 1-ум
30-юми август (шанбе)
Қирғизистон - Туркманистон - 1:1
Голҳо: Вепа Ҷумъаев, 44 (0:1), Коҷо Ҷоэл, 45 (1:1).
Узбекистон - Уммон - 1:1
Голҳо: Носир Ал-Раваҳӣ, 4 (0:1), Ҳоҷимат Эркинов, 55 (1:1).
Даври 2-юм
2-юми сентябр (сешанбе)
Уммон – Қирғизистон – 2:1
Голҳо: Тамирлан Козубаев, 24 (0:1), Иссам Ал-Сабҳӣ, 90+1 (1:1), Иссам Ал-Сабҳӣ, 90+5 (2:1).
Туркманистон – Узбекистон – 1:2
Голҳо: Игор Сергеев, 31 (0:1), Игор Сергеев, 44 – аз пеналти (0:2),
Дидор Дурдиев, 84 (1:2).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "А"
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Тӯбҳо | И |
1. | Узбекистон | 2 | 1 | 1 | 0 | 3-2 | 4 |
2. | Уммон | 2 | 1 | 1 | 0 | 3-2 | 4 |
3. | Қирғизистон | 2 | 0 | 1 | 1 | 2-3 | 1 |
4. | Туркманистон | 2 | 0 | 1 | 1 | 2-3 | 1 |
Даври 3-юм
5-уми сентябр (ҷумъа)
Туркманистон - Уммон, 17:00
Узбекистон - Қирғизистон, 19:30
Гурӯҳи «В» (Ҳисор, Тоҷикистон)
Даври 1-ум
29-уми август (ҷумъа)
Эрон - Афғонистон - 3:1
Голҳо: Маҷид Ҳусейнӣ, 26 (1:0), Умед Мусавӣ, 26 (1:1), Амирҳусейн Ҳусейнзода, 36 (2:1), Амирҳусейн Ҳусейнзода, 63 (3:1).
Тоҷикистон - Ҳиндустон - 1:2
Голҳо: Анвар Алӣ, 5 (0:1), Сандеш Ҷинган, 13 (0:2). Шаҳром Самиев, 23 (1:2).
Даври 2-юм
1-уми сентябр (душанбе):
Ҳиндустон – Эрон – 0:3
Голҳо: Амирҳусейн Ҳусейнзода, 59 (0:1), Алӣ Алипур, 89 (0:2), Меҳдӣ Торемӣ, 90+6 (0:3).
Афғонистон – Тоҷикистон – 0:2
Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 24 – аз пеналти (0:1), Шервонӣ Мабатшоев, 90+3 (0:2).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "В"
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Тӯбҳо | И |
1. | Эрон | 2 | 2 | 0 | 0 | 6-1 | 6 |
2. | Тоҷикистон | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-2 | 3 |
3. | Ҳиндустон | 2 | 1 | 0 | 1 | 2-4 | 3 |
4. | Афғонистон | 2 | 0 | 0 | 2 | 1-5 | 0 |
Даври 3-юм
4-уми сентябр (панҷшанбе)
Афғонистон - Ҳиндустон, 17:00
Тоҷикистон - Эрон, 20:30
Гуфтугӯ