Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи бози Осиё 4 медал гирифтанд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бози Осиё-2025 (“Hangzhou Asian Open 2025”) дар риштаи ҷудо, ки рӯзҳои 6-7-уми сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, чаҳор медал ба даст оварданд.  

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи қитъавӣ дар Чин 87 варзишгар (52 мард ва 35 зан) аз 3 қора иштирок карданд.

Дар мусобиқаи “Hangzhou Asian Open 2025” ба ғайр аз гуштигирони даҳ кишвари Осиё - Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ, Макао, Муғулистон, Тайланд, Тайпейи Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳонконг ва Чин, инчунин намояндагони Австралия, Канада, Зеландияи Нав ширкат доштанд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи бози Осиё-2025 дар Ҳангжоу шаш паҳлавони ҷавон дар сабқати мардон муаррифӣ карда, чаҳор нафарашон соҳиби медал шуданд.

Абдулло Қуқаншоев дар вазни то 60 кило, Набии Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни то 73 кило ва Саидмуъмин Шарифзод дар вазни то 81 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 81 кило мақоми панҷумро касб кард.

Дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Чин бо касби 22 нишон (9 тилло, 6 нуқра ва 7 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Австралия бо касби 8 медал (2 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Қазоқистон бо касби 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи сеюмро азони худ карданд.

Тоҷикистон бо касби 4 медали биринҷӣ ва як ҷойи панҷум дар байни 13 даста ҳафтум шуд.

XS
SM
MD
LG