Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Кофӣ Анон сафири СММ ва Лигаи Араб дар Сурия таъин шуд

Дабири кулли пешини Созмони Милал Кофӣ Анон фиристодаи хоси ин созмон ва Лигаи Араб дар Сурия таъин шуд. Дар изҳороти Созмони Милал гуфта мешавад, Анон ӯҳдадор шуд, хушунат ва нақзи ҳуқуқи инсон дар Сурияро ба поён барад ва ба ҳалли осоиштаи бӯҳрони Сурия мусоадат кунад. Кофӣ Анон пеш аз дабири феълии Созмони Милал Бан Ки-мун ба ин ниҳоди ҷаҳонӣ сарварӣ кардааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Иттиҳоди Аврупо сафирашро дар Тоҷикистон дигар кард

Радослав Дарски, Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.
Радослав Дарски, Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Радослав Дарски, муовини мудири раёсати сиёсати аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистонро, Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин кардаанд.

Аз соли 2022 дар ин мақом дилпомат аз Литва Раймундас Кароблис кор мекард. Ӯ раиси Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Покистон таъйин шудааст.

Сафири навтаъйини Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, хатмкардаи бахши равобити байналмилалӣ аз Донишгоҳи Вротслави Лаҳистон буда, забонҳои русӣ, англисӣ ва лаҳистониро медонад.

Ӯ дар гузашта дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо дар Узбекистон, Гурҷистон ва Белорус, кор кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки муовини аввали ин вазоратхона рӯи 5 сентябр нусхаи эътимодномаи раҳбари навтаъйини намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистонро қабул кардааст.

Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба шумор меравад ва солона ба бахшҳои гуногуни иқтисоди ин кишвар миллионҳо доллар кӯмак мекунад.

Ҷонибҳо дар масоили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, идоракунии марз ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин идоракунии об низ, ҳамкориҳо доранд.

Мухолифин ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон солҳои охир Иттиҳоди Аврупоро ба "чашмпӯшӣ" ба поймолшавии ҳуқуқи одамону озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа танқид мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо дар моҳи июли соли 2024 аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз Душанбе хоста буд, ки нақзи ҳуқуқи инсонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ кунад.

Трамп бовар дорад, ки Белорус садҳо зиндонии сиёсиро озод хоҳад кард

Доналд Трамп ва Александр Лукашенко.
Доналд Трамп ва Александр Лукашенко.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ӯ бовар дорад, ки Белорус бисёре аз зиндониёни сиёсиро озод хоҳад кард.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башари Белорус, дар панҷ соли гузашта дар ин кишвар 8532 тан ба иттиҳомҳои ҷиноӣ бо ангезаҳои сиёсӣ, рӯбарӯ шуда, 7299 нафар ҷазо гирифтаанд.

Трамп рӯзи 5 август ба хабарнигорон гуфт, ӯ бовар дорад Белорус шумори зиёде аз 1400 зиндониро озод хоҳад кард ва мумкин аст ин кор дар ояндаи наздик сурат бигирад.

Трамп дар ин бора ҷузъияти бештар надод.

Раисҷумҳур Трамп ҳамчунин гуфт, ӯ рӯзи 15 август фақат чанд соат қабл аз мулоқот бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Аляска, бо президенти Белорус телефонӣ тамос гирифтааст. Лукашенко бо Путин робитаҳои наздик дорад.

Трамп он замон дар расонаҳои иҷтимоӣ, Лукашенкоро ҳамчун "раисҷумҳури бисёр муҳтарам" ситоиш кард ва навишт, ки мавзуи асосии ин гуфтугӯ, озодии зиндониёни сиёсӣ будааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки раҳоии садҳо зиндонии сиёсӣ мавриди истиқбол қарор хоҳад гирифт, аммо таъкид мекунанд, ки беҳтар аст ба саркӯбҳои густурда дар ин кишвар поён дода шавад.

Заминларза дигарбора шарқи Афғонистонро такон дод

Оқибатҳои заминларза дар Кунар
Оқибатҳои заминларза дар Кунар

Рӯзи 5-уми сентябр дар фосилаи 12 соат заминларза манотиқи шарқии Афғонистонро такон дода, заминларзаҳои маргбори ҳафтаи пешро ба ёд оварданд. Идораи зилзиласанҷии Олмон гуфт, таконҳо дар ҳамон манотиқе ба вуқӯъ пайвастаанд, ки заминларза дар чанд рӯзи пеш камаш 2200 нафарро кушт.

Созмони Милали Муттаҳид талош дорад, барои кӯмак ба мардуми манотиқи офатзада ҳадди ақалл 4 миллион доллар пайдо кунад. Хабаргузории Рейтерс имкон ёфтааст бо сокинони деҳоти вилояти Кунари Афғонистон ҳамсуҳбат шавад. Содиқи 12-сола ҳангоми заминларза дар хона зери хок мондааст. Ӯ мегӯяд, соатҳои дароз фарёд кашид, ки касе ӯро аз зери овор берун кашад. Содиқ: "Фикр кардам, ки касе зинда намондааст ва ин рӯзи қиёмат аст. Беист дод задам, ки касе маро наҷот диҳад. Вагарна мемурдам."

Зилзилаи 31-уми август яке аз маргбортарин заминларзаҳои Афғонистон шуд. Маркази он дар умқи даҳ километр дар марзи вилоятҳои Кунар ва Нангарҳори Афғонистон будааст. Такони дуюми замин 2 -уми сентябр ба вуқӯъ пайвста, боиси воҳимаи зиёд ва таваққуфи амалиёти наҷот гардида буд. Хавф зиёд буд, ки дар деҳоти дурдаст мардуми бештаре талаф хоҳад ёфт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз марги садҳо нафар дар ин фоҷиа изҳори ҳамдардӣ кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ гуфт бо мардуми осебдида ғамшарик аст.

Фиристодаи вижаи ОSCE ба Тоҷикистон меравад

 Терҳи Ҳакала ба Душанбе ҳам меравад.
Терҳи Ҳакала ба Душанбе ҳам меравад.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо эълон кард, ки як намояндаи хоси ин созмон ба зудӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон сафар мекунад.

Дар баёнияи расмии созмон аз рӯзи 5-уми сентябр омадааст, ки боздили Терҳи Ҳакала, намояндаи вижаи раиси созмон дар кишварҳои минтақа, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон аз рӯзи 8 то 16-уми сентябр идома мекунад.

Дар баёния омадааст, ҳадаф аз сафар тақвияти ҳамкориҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ҳангоми сафар, Терҳи Ҳакала, бо кормандони дафтарҳои созмон дар минтақа, намояндагони ҷомеаи маданӣ мулоқот мекунад ва бо ду тарҳи муҳими созмон ошно мешавад, ки яке ҳам Коллеҷи мудирияти марзҳо дар шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон, ки дар гузашта бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамкориҳои наздик дошт, моҳи марти имсол ба нозирони ин созмон иҷоза надод, ба кишвар биёянд ва ҷараёни интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагонро назорат кунанд, ки то куҷо шаффофу одилона ва мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ сурат мегирад.

Раҳпаймоии низомӣ дар Душанбе ба муносибати таъсиси Горди миллӣ

Раҳпаймоии низомӣ ба муносибати 30-умин солгарди таъсиси Горди миллӣ сурат гирифт.
Раҳпаймоии низомӣ ба муносибати 30-умин солгарди таъсиси Горди миллӣ сурат гирифт.

Дар остонаи таҷлил аз 34-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе имрӯз як раҳпаймоии низомӣ дар ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Паради ҳарбӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси Горди миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки 5 ҳазор сарбози нерӯҳои мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ сурат гирифт.

Дар раҳпаймоӣ зиреҳпӯшҳо ва дигар техникаи ба намоиш гузошта шуд. Горди миллӣ соли 1995 дар заминаи як бригадаи зудамал бо номи Гвардияи президентӣ таъсис дода шуд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар раҳпаймоӣ гуфт, "дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир, аз ҷумла шиддат гирифтани яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ масъулияти ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ торафт зиёд мегардад”.

Президент аз низомиён хост, дар роҳи “устувории пояҳои давлатдорӣ” саҳмгузор бошад ва аз худ “хизмати содиқона” нишон бидиҳанд. Зимнан, аввалин фармондеҳи Горди президентӣ генерал Ғаффор Мирзоев буд, ки нӯҳ сол дар ин вазифа хидмат кард ва соли 2006 аз ҷумла бо гуноҳи хиёнат ба давлат, ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд.

Трамп боҷи молу колоҳои ҷопониро поин овард

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 4 сентябр фармонеро имзо кард, ки тибқи он боҷ ё таърифаи воридоти мошинҳо ва дигар маҳсулот аз Ҷопон, ки дар моҳи июл эълон шуда буд, поин оварда мешавад.

Таърифаҳои поинтар ба мошинҳои ҷопонӣ, қарор аст ҳафт рӯз баъд аз нашри ин фармон, амалӣ шавад.

Хабаргузории "Рейтерз" қаблан аз қавли як манбаъ дар ҳукумати Ҷопон гузориш дода буд, ки фармони Трамп ҳамчунон ба маънои коҳиши таърифаҳо ба мошинҳои ҷопонӣ аз 27,5 дарсади феълӣ ба 15 дарсад мебошад.

Моҳи август ширкати "Тойота" гуфта буд, ки интизор дорад бинобар таърифаҳои Трамп бар мошинҳои воридшуда ба Амрико, ҳудуди 10 миллиард доллар зарар бинад.

Зилзилаи Кунар ҳудуди 97 дарсади хонаҳоро вайрон кардааст

Созмони имдодрасони "Islamic Relief" мегӯяд, ки зилзилаи маргбор дар вилояти Кунари Афғонистон ҳудуди 97 дарсади биноҳоро комилан вайрон ё тахриб кардааст.

Ин созмон дар гузорише, ки рӯзи 4 сентябр нашр кард, гуфтааст, 65 дарсади биноҳо ба таври комил вайрон шуда, 33 дарсад осеб дидаанд ва танҳо 2 дарсад солим боқӣ мондааст.

Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки бар асоси арзёбиҳои анҷомшуда, дар ҳар хонавода ба таври миёна ду нафар ҷон бохта, се тани дигар захмӣ шудаанд.

Зилзилаи шашдараҷаии рӯзи 31 август дар вилоятҳои шарқии Афғонистон, аз ҷумла, Кунар, Нангарҳор ва Лағмон талафоти вазнини ҷонӣ ва молӣ ба бор овард.

Ин ҳодиса яке аз маргбортарин зилзилаҳои солҳои ахир дар Афғонистон гуфта мешавад.

Мақомоти ҳукумати Толибон рӯзи 4 сентябр шумори қурбониёни ин ҳодисаро беш аз 2200 нафар эълон карданд.

Раиси ноҳияи Рӯдакиро барои парвандаи замин бозпурсӣ кардаанд

Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва муовини собиқи Додситони кулли Тоҷикистон.
Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва муовини собиқи Додситони кулли Тоҷикистон.

Муфаттишони Оҷонсии мубориза бо коррупсия Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакиро дар робита ба боздошти Рустам Раҳмонзода, сармеъмори ин ноҳия бозпурсӣ кардаанд. Чанд манбаи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Рустам Раҳмонзода нимаи моҳи август бо иттиҳоми гирифтани 2 миллион сомонӣ пора аз як соҳибкор боздошт шудааст.

Абдуғаффор Ҳикматуллозода соли 2023 муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон буд ва дар як тасмими камсобиқа раиси ноҳия Рӯдакӣ таъйин шуда буд. Чанд манбаи ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сармеъмор аз як соҳибкор барои додани қитъаи замин барои бунёди манзили баландошёна ду миллион сомонӣ пора гирифтааст.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин соҳибкор ду соли ахир талош доштааст, ки аз заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва наздик ба шаҳри Душанбе замин бигирад, вале гуё ӯро борҳо “фиреб” додаанд. Назари ин соҳибкор ва афроди боздоштшуда маълум нест. Дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ нахостанд бо Радиои Озодӣ суҳбат кунанд. Вале ба гуфтаи манбаҳои Радиои Озодӣ, сармеъмор Рустам Раҳмонзода замоне боздошт шудааст, ки дар утоқи кориаш 500 ҳазор сомониро аз дасти соҳибкор гирифтааст. Якуним миллион сомониро чанд рӯз пеш аз боздошт гирифта будааст.

Ҳамсуҳбатони Озодӣ гуфтанд, ки далели мустақими даст доштани Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар гирифтани пора нест, вале рӯзи гирифтани пора раиси ноҳияи шахсан ба он қитъаи замине, ки бояд ба соҳибкор медоданд, рафта барои ҷудо кардани замин ризоият додааст.

Дақиқан, соли 2023 Абдуғаффор Ҳикматуллозода замоне раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин шуда буд, ки се мақоми баландпояи ҳукумати ноҳия, аз ҷумла як корманди додситонӣ, ба гумони заминфурӯшӣ ва гирифтани беш аз сад ҳазор доллар ришва дастгир шуда буданд. Он замон манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали додситони куллро барои раиси ин ноҳия таъин кардааст, ки ба “дарди бедаво”-и заминфурӯшӣ хотима диҳанд.

Пизишкиён аз мулоқоти чорсоатаи худ бо Путин хабар дод

Масъуд Пизишкиён ва Владимир Путин.
Масъуд Пизишкиён ва Владимир Путин.

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ мулоқоти чаҳорсоата доштааст.

Нишасти СҲШ рӯзҳои 31 август ва 1 сентябр дар шаҳри Тянзини Чин баргузор шуд. Баъдан сарони кишварҳо рӯзи 3 сентябр дар паради низомӣ ба муносибати 80-умин солгарди поёни Ҷанги Дувуми Чаҳонӣ, ки дар Пекин доир шуд, ширкат карданд.

Пизишкиён рӯзи 3 сентябр пас аз бозгашт аз Чин гуфт, ки дар ин мулоқот дар бораи масъалаҳои илмӣ, минтақаӣ ва иқтисодӣ бо ҳамтои русаш гуфтугӯ кардааст.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар мулоқот бо ҳамтоёни худ аз Чин ва Туркия тасмимҳои бисёр муҳим, ҳаётӣ ва стратегӣ гирифта шуд, аммо дар ин бора ҷузъиёти бештар надод.

Тибқи гузориши хабаргузории Олмон, раҳбарони Эрон умедворанд, ки робитаҳо бо Русия ва Чин вобастагии Теҳрон ба Ғарбро коҳиш дода, таъсири таҳримҳоро коҳиш диҳад ва фурсатҳои навро барои ҳамкорӣ дар бахши дифоии ин кишвар боз кунад.

Ҷасади ҷавони тоҷикро дар Амрико ба хок супурданд

Ҷасади Муҳаммадазизи 17-сола, як навҷавони тоҷикро, ки дар натиҷаи занозание дар аёлати Пенсилванияи Амрико даргузашт, дар шаҳри Филаделфия ба хок супурданд.

Блогерони тоҷики муқими Амрико бо гузаштани аксу навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора хабар додаанд.

Қаблан барои маросими ҷаноза ва дафни ӯ дар вебсайти хайрияи "Gofundme" саҳифае боз карда ва аз мардуми муқими Амрико хостаанд, ки ба қадри тавонашон ба волидайни Муҳаммадазиз Раҳматзода кӯмак кунанд.

Навҷавони тоҷик шаби 14-уми август дар як занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Монтгомерии аёлати Пенсилвания аз сараш сахт осеб дид. Дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани занозанӣ маълумоте нест ва таҳқиқи қазия идома доштааст.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд.

Набиҷон Раҳматзода ва аъзои оилааш аз ҷумлаи онҳо ҳастанд, ки тақрибан ду сол пеш ба Амрико рафта, дар канори шаҳри Филаделфия зиндагӣ мекарданд.

Русия ба Украина бо садҳо паҳподу мушак зарба задааст

Паёмади ҳамлаҳо.
Паёмади ҳамлаҳо.

Артиши Украина мегӯяд, ки нерӯҳои Русия бомдоди 3-юми сентябр бо 502 паҳпод ва 23 мушакҳои болдори гуногун ҳамла кардааст. Ба гуфтаи фармондеҳони украинӣ, онҳо бисёре аз паҳподу мушакҳоро дар осмон нобуд кардаанд, фақат се мушак ва тақрибан 70 паҳпод ба ҳадафҳояшон бархӯрдаанд.

Нерӯҳои Русия ба иншоотҳои ғайринизомӣ дар шарқ ва ғарби Украина зарба задаанд. Вячеслав Чаус, раиси идораи низомии вилояти Чернигов гуфт, дар натиҷаи зарбаҳо, зербунёдҳои ғайринизомии ҳаётӣ осеб дидаанд ва 30 ҳазор хона дар ноҳияи Нежинский бе нерӯи барқ мондаанд. Дар вилояти Кировоград, роҳҳои оҳан осеб дидаанд, чаҳор корманди идораи роҳи оҳан осеб дидаанд ва ҳаракати 20 қатор ба таъхир афтодааст.

Дар ноҳияи Знаменка дар ин вилоят панҷ нафар осеб дидаанд ва хонаҳои истиқоматӣ ҳам садама дидаанд. Дар вилоятҳои Лвов, Хмелнитский, Ивано-Франковск ва Волин ба иншооти саноатӣ ва зербунёдҳо зарар расидааст.

Трамп овозаҳо дар бораи бемориашро рад кард

Доналд Трамп дар Кохи Сафед. 2 сентябр, 2025.
Доналд Трамп дар Кохи Сафед. 2 сентябр, 2025.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико овозаҳо дар бораи бад будани вазъи саломатиашро рад кард.

Вай рӯзи 2 сентябр дар Кохи Сафед ба суоли рӯзноманигор дар бораи хабарҳои бад шудани вазъи саломатиаш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла X, чарх мезанад, гуфт, "ман ин хабарро надидам".

Дар рӯзҳои истироҳат баъд аз он, ки Трамп миёни мардум дида нашуд, бархе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз эҳтимоли фавти Доналд Трамп хабар доданд.

"Ин хабар дурӯғ аст. Ман давоми ду рӯз коре анҷом надодам ва онҳо аллакай шурӯъ карданд, ки гӯё ба ман чизе шуда бошад. Байден, раисиҷумҳури пешини Амрико моҳҳо коре намекард ва касе чизе намегуфт, ҳарчанд мо ҳама медонистем, ки вазъи саломатиаш на он қадар хуб буд",- илова карда Доналд Трамп.

Президенти Амрико Доналд Трамп моҳи июни имсол 79-сола шуд.

Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон поин рафт

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Давоми як ҳафтаи ахир нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт ба андозаи 4 дарсад поин рафтааст.

Агар ҳафтаи гузашта 1 литр гази моеъ 4 сомониву 90 дирам арзиш дошт, рӯзи 2-юми сентябр арзиши он то ба 4 сомониву 60 дирам поин рафт.

Арзиши сӯзишворӣ маъмулан ба макони ҷойгиршавии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ вобаста аст. Фарқияти нарх дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна ҳудуди 10 дирамро ташкил медиҳад.

Аз оғози сол нархи 1 литр гази моеъ дар Душанбе қариб 40 дарсад, яъне аз 7 сомониву 50 дирам дар моҳи январ то 4 сомониву 60 дирам дар моҳи сентябр, поин рафтааст.

Тоҷикистон гази моеъро умдатан аз Қазоқистон ва миқдори ками онро аз Русияву Узбекистон ворид мекунад.

Дар Тоҷикистон 14 ширкати воридкунандаи гази моеъ аст, вале намояндагони чунин ширкатҳо намехоҳанд ошкоро дар бораи сабабу омилҳои афзоиш ва ё поин рафтани арзиши нарх сӯҳбат кунанд.

Дар садамаи маргборе дар Турсунзода 4 нафар ҷон бохтаанд

Дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон рӯзона аз 1 то 2 нафар куштаву маҷруҳ мешаванд.
Дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон рӯзона аз 1 то 2 нафар куштаву маҷруҳ мешаванд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи нақлиётии маргбори дигар хабар додааст, ки дар натиҷаи он чаҳор нафар кушта шудаанд ва панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.  

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи нақлиётии маргбори дигар хабар додааст, ки дар натиҷаи он чаҳор нафар кушта шудаанд ва панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар баёнияи расмии вазорат аз рӯзи 1-уми сентябр омадааст, ки фоҷиа рӯзи 31-уми август дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода рух додааст. Ба қавли вазорат, дар ин рӯз Акмал Сарбаров ронандаи мошини Хундай-Соната ҳангоми ронандагӣ аз ӯҳдаи идораи мошин барнаомадааст, ки ба ду мошини “Опел-Астра” бархӯрдааст. Дар натиҷа чаҳор мусофири як мошин ва сокинони Файзобод, ки се нафарашон як насаб доранду зоҳиран аҳли як хонавода ҳастанд, дар роҳ ба сӯи шифохона ҷон додаанд. Панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва дар шифохона бистарӣ шудаанд. Синну соли онҳое, ки дар садама осеб дидаанд ва ё ҷон додаанд, аз 18 то ба 76 мерасад.

Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад. Танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон 552 нафар ва ё рӯзона аз як то ду кас дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ, ё дар ҷойи ҳодиса ва ё дар шифохона ҷон додаанд.

Муҳаммадазизи 17-сола дар Амрико даргузашт

Акси Муҳаммадазиз Раҳматзода аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Акси Муҳаммадазиз Раҳматзода аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Як навҷавони 17-солаи тоҷик, ки дар занозание дар аёлати Пенсилванияи Амрико сахт маҷрӯҳ шуда буд, даргузаштааст. Дар ин бора сокинони аёлат ва блогерони тоҷики муқими Амрико хабар додаанд.

Як навҷавони 17-солаи тоҷик, ки дар занозание дар аёлати Пенсилванияи Амрико сахт маҷрӯҳ шуда буд, даргузаштааст. Дар ин бора сокинони аёлат ва блогерони тоҷики муқими Амрико хабар додаанд.

Сайҳуна Ортиқова, яке аз фаъолони тоҷики муқими Амрико рӯзи 1-уми сентябр дар саҳифаи “Gofundme” навиштааст, “қалби ҷавони Муҳаммадазиз, ки фақат 17 сол дошт, имрӯз аз тапидан монд. Ҷавони пур аз нерӯ ва умед ҷаҳонро тарк гуфт.”

Барои маросими ҷаноза ва дафни ӯ дар вебсайти хайрияи “Gofundme” саҳифае боз карда ва аз мардуми муқими Амрико хостаанд, ки ба қадри тавонашон ба волидайни Муҳаммадазиз Раҳматзода кӯмак кунанд. Навҷавони тоҷик шаби 14-уми август дар як занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Монтгомерии аёлати Пенсилвания аз сараш сахт осеб дид.

Набиҷон Раҳматзода, падари Муҳаммадазиз, рӯзи 20-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, фарзандаш дар бахши эҳёгарист ва табибон мегӯянд, ки “Бояд майнаи сарро санҷанд, ки то чӣ ҳад зинда аст ва умеде барои монданаш ҳаст ё не.”

Дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани занозанӣ маълумоте нест ва таҳқиқи қазия идома доштааст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд.

Набиҷон Раҳматзода ва аъзои оилааш аз ҷумлаи онҳо ҳастанд, ки тақрибан ду сол пеш ба Амрико рафта, дар канори шаҳри Филаделфия зиндагӣ доранд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG