Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, шикоятҳо аз хушунату зӯроварӣ нисбат ба занон афзудааст. Дар даҳ моҳ беш аз 3 ҳазор нафар ба Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ шикоят кардаанд, ки дар оила хушунат дидаанд. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 400 ҳолат бештар будааст. Занон мегӯянд, аксаран аз тарафи шавҳар ва хусуру хушдоман ва пайвандони онҳо азияти лафзӣ ва ҷисмиву равонӣ мебинанд. Мардон мегӯянд, ки баъзе аз ин шикоятҳо асос надорад ва занон ба ҷои таҳаммул ва ҳифзи хонавода вазъро аз будаш бадтар нишон медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, пажуҳиши созмонҳои ғайридавлатӣ муайян кардааст, ки дар оилҳои камбизоат занон ду баробар бештар аз оилаҳои доро ба зӯроварӣ ва хушунат гирифтор мешаванд. Тафсилотро дар видео бинед ва навиштани назари худро фаромӯш накунед.
Ҳар рӯз дар Тоҷикистон 34 ҷуфт аз ҳам ҷудо мешаванд. Дахолати ҷониби сеюм, зӯроварӣ ба зан, вазъи иқтисодӣ, ҷудоии тӯлонии ҳамсарон, надоштани хонаи алоҳидаро аз омилҳое меноманд, ки “сутуни асосии ҷомеа” дар ҳар кишвар аз ҷумла Тоҷикистонро мешикананд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки гунаҳкорони терроризму ифротгароиро аз маҳбусони дигар ҷудо карда, дар биноҳои махсус нигоҳ хоҳанд дошт. Онҳо рӯзи 20-уми ноябр дар як нишасти минтақаӣ дар Душанбе эълон карданд, ки тарҳи биноҳо омодааст.
Бо гузашти ҳашт моҳ аз расонаӣ шудани шикояти як оилаи иборат аз 23 нафар дар Душанбе, ки зери хайма зиндагӣ доранд, баҳси онҳо бо ҷониби дигар печидатар шудааст. Яке аз тарафҳо мегӯяд, ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон низ мушкилро ҳал накард.
Мақомоти Тоҷикистону Эрон ба зарурати зуд ва осон додани раводид (виза) ба шаҳрвандони ду кишвар таъкид кардаанд, аммо дақиқ нагуфтаанд, ки ҳоло чӣ мушкил вуҷуд дорад. Ин масъала дар қатори "густариши ҳамкориҳои илмӣ ва донишгоҳӣ, мубориза бо қочоқи инсон ва ҷилавгирӣ аз будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони ду кишвар дар хоки якдигар" рӯзҳои 10 ва 11-уми ноябр дар ҷаласаи чаҳоруми консулии Душанбеву Теҳрон баррасӣ шудааст. Нишаст дар Эрон сурат гирифт. Мақомоти он кишвар баъзе аз ҷузъиёти ҷаласаро расонаӣ карданд, аммо ҷониби Тоҷикистон танҳо бо хабари ин ки "масоили марбут ба робитаҳои консулӣ баррасӣ шуд" иктифо намудааст. Масъулон ба пурсишҳои мо ҷавоби мушаххас надоданд ва нагуфтанд, ки дар нишаст чӣ гузашт ва чаро масъалаи раводид рӯй зад.
Сэм Паркер, пажӯҳишгари амрикоӣ, мегӯяд, Тоҷикистон дар баробари қарзҳои ҳангуфти Чин бояд эҳтиёткор бошад ва "андеша кунад, ки ба кадом роҳ меравад". Роҳе, ки ба гуфтаи Сэм Паркер дар сурати беэҳтиётӣ метавонад захираҳои табиии Тоҷикистонро дар ихтиёри Чин қарор диҳад.
Ҷунайдулло Худоёров, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, баъди раҳоӣ аз маҳбас гуфт, танқидҳои пайваста аз кори мақомоти ноҳияи Рашт сабаби паси панҷара афтодани ӯ шудааст. Худоёров бо ҷурми ифротгароӣ тақрибан ду солро дар зиндон гузаронд ва рӯзи 28-уми октябр бар асоси қонуни афв озод гардид.
Рӯзи 31-уми октябр беш аз як соат пушти дари комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино мунтазир будем, то бо масъулон дар робита ба шикояти Сомон ва чанд нафари дигар, ки гуфтанд, фарзандонашонро маҷбурӣ ба ин идора овардаанд, ҳамсӯҳбат шавем. Касе ҳозир нашуд, ки ба суолҳои мо посух диҳад.
Ёфтҳои бештар