Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Нархи як литр бензин дар Тоҷикистон аз марзи 8 сомонӣ гузашта, боис ба нороҳатии ронандаҳо шудааст. Ду ҳафта пеш қимати ин навъи сӯзишворӣ ҳудуди 7 сомониву 20 дирам буд. Нархи гази моеъ низ аз аввали сол дувоздаҳ дарсад гарон шудааст.
Вакилони порлумон дар Тоҷикистон ба гирифтани 105 миллион доллар қарзи биловаз ё бебозгашт аз Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) иҷозат доданд, вале шарти муомиларо нагуфтанд.
Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷикро, ки дар 86-солагӣ даргузашт, рӯзи 2-юми март дар оромгоҳи "Сариосиё"-и шаҳри Душанбе дафн карданд.
Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷикро, ки рӯзи якуми март дар 86-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи "Сариосиё"-и шаҳри Душанбе дафн карданд.
Додгоҳи шаҳри Ҳисор Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро ба 6 сол зиндон маҳкум кардааст. Мақомот гуфтанд, ӯ ба авбошӣ ва талоши таҷовуз ба номус гунаҳкор аст. Пайвандонаш ҳукми додгоҳро беасос донистанд.
Масъулини ширкати IRS -- масъули нигаҳдории шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мегӯянд, баъди ҳашт соат ҳаракати мошинҳо дар ин роҳ дубора оғоз шудааст.
Бар асоси тарҳи нави қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" акнун солона то 10 дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб мешаванд ва хоҳишмандоне, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, метавонанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Назари сокинон дар ин бора.
Солгарди таъсиси артиши миллии Тоҷикистон дар рӯзи 23-уми феврал имсол баъд аз қабули қонуни нави хизмати ҳарбӣ таҷлил мешавад. Санаде, ки бори аввал шеваи нави хизмати ҳарбиро пешбинӣ кардааст.
Кумитаи андози Тоҷикистон аз блогерҳои тоҷик даъват кардааст, ки агар то 1‑уми апрели имсол дар бораи фаъолияташон эъломия пешниҳод накунанд, нисбаташон чора мебинанд.
Мақомоти тоҷик аз коҳиши бесобиқаи вуруди сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон хабар доданд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як соли гузашта омадани сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон то 47 дарсад кам шудааст.
Ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод, ки ҳукумат соли гузашта ҳудуди 5 миллиард сомонӣ қарзи ин ширкатро дар назди вазорати молия бахшидааст.
Бунёди бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки ба қавли мақомот бузургу замонавӣ хоҳад буд, ба таъхир афтодааст. Сохтмони онро соли 2018 оғоз карданд ва бояд имсол ба истифода медоданд.
Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, пешниҳоди сахттар кардани ҷазои гунаҳкорон ба азияти ҷинсии ноболиғонро баррасӣ доранд, вале ҷузъиёт надод.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, ки омода ҳастанд, ҳамин лаҳза мусофиркашониро тавассути қатор ё поезд ба хориҷа, аз ҷумла Русия, ба роҳ монанд, вале вазъи вобаста ба коронавирус иҷозат намедиҳад.
Дари масҷидҳои Тоҷикистон аз 1-уми феврал боз шуд. Дар Масҷиди марказии Душанбе пеш аз вуруд барои адои намози пешин дастони намозгузор бо маҳлулҳои зиддиуфунӣ пок карда мешуд. Инчунин дар сафи намоз аломатҳо гузошта шудааст, ки ҳар намозгузорон бояд дар ҳамонҷо ва дур аз ҳамдигар истанд.
Далер Шарифов,рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, пас аз адои давраи ҷазо рӯзи 29-уми январ аз маҳбаси ноҳияи Ёвон озод шуд ва ба хонааш, дар шаҳри Ваҳдат, баргашт.
Ёфтҳои бештар